НАЗИРАҲОИ ҲОҶӢ ҲУСАЙН БАР АШЪОРИ ШОИРОН
Агар аз лиҳози қаринии мазмуну мӯҳтаво ба ғазалҳо назар андозем, мебинем, ки байти матлаъ, байтҳои дуюм ва сеюми ғазали Бисмил ба абёти якум, чорум ва мақтаи ғазали Ҳоҷӣ монандӣ доранд. Бар замми ин дар ҳарду ғазал ба ҷуз мазмун, калимаву ибораҳои якхела ва аз рӯи мазмун наздик фаровон ба назар мерасанд. Чунончӣ, ибораҳои «ҷаҳон шуд», «баҳори ҳусн», «фасли ҳусн», «баҳори ӯ», «хоки мазори ӯ», калимаҳои «хуршед», «қамар», «маҳ», «хат», «ханҷар», «теғ», «бут», «турк», «кушта», «мурда», «гулшан», «гул», «пургул», «хун», «хунрез» ва ғайра дар ҳарду ғазал мавҷуданд.
Ҳоҷӣ Ҳусайн ҳангоми таҳсил дар мадрасаҳои Турсунxон ва Рашиди Бухоро табиист, ки бо шоирони кӯҳистонии диёри хеш робитаи дӯстию эҷодӣ барқарор карда будааст, ки аз ин аз мухаммас бастану назиранависии шоир бар ғазалҳои Баҳрии Дарвозӣ ва Мулло Бурҳони Бисмил (Муштоқӣ) дарак медиҳад.
Инчунин, аз муқоисаи ашъори ӯ бо девони Шамсиддин Шоҳини Кӯлобӣ маълум мегардад, ки онҳо ба шеърҳои якдигар назираҳои зиёде сурудаанд. Бо вуҷуди он ки муҳаққиқон аз робитаи дӯстӣ ва адабӣ доштани Ҳоҷӣ Ҳусайну Шамсиддин Шоҳин (1859 – 1894) сухан наронда бошанд ҳам, натиҷаи муқоиса ашъорашон робитаи эҷодӣ доштани онҳоро нишон медиҳад.
Чуноне, ки аз муқоисаи ғазалҳои шоирон бармеояд, Ҳоҷӣ ғазалеро дар пайравии ғазали Шоҳин сурудааст, ё худ баръакс Шоҳин дар пайравии Ҳоҷӣ назирағазали худро гуфта бошад. Азбаски соли таълифи ғазалҳо маълум нестанд, бинобар мо қатъиян гуфтан миушкил аст, ки кадом ғазал пештар эҷод шуда бошад. Дар поён матлаи назирағазалҳои шоиронро дарҷ менамоем:
Ҳоҷӣ:
Дорӣ зи чӣ, эй бехабари ҳарзазабон, баҳс?
Бо софдилон аз нафаси тиранишон баҳс…13
Шоҳин:
Аз чашми ту кардем ба абрӯи ту он баҳс,
К-аз бодапарастон ба ҳилоли рамазон баҳс...14
Fазали Ҳоҷӣ аз 10 ва ғазали Шоҳин аз 7 байт иборат буда, ҳарду дар баҳри ҳазаҷи мусаммани ахрабу макфуфу мақсур эҷод гардидаанд, ки арконаш мафъулу мафоӣлу мафоӣлу мафоӣл ( – – V / V – – V / V – – V / V – – ) мебошанд. Fазалҳоро аз лиҳози мазмуну мӯҳтаво тақлиду такрори якдигар гумон кардан нодуруст аст. Кадом аввалу кадом дар пайравии он суруда шуданаш маълум набошад ҳам, ошкор аст, ки ҳар як ғазал дар зоти худ нусхаи асланд.
Агар ғазали Ҳоҷӣ хонандаро ба баҳси ҳарзафиғонону тиранафасон, золимнафасону сафсатахонон кашонад, ғазали Шоҳин аз чашму абрӯ, мижгону бозуи пириву сарпанҷаи нерӯи ҷавон, бӯсидани лабу дашноми даҳон барин ибораҳо хабар медиҳад. Ҳамчунин дар девони ғазалиёти Ҳоҷиву Шоҳин назирағазалҳои зиёд ба назар мерасанд. Дар поён матлаву мақтаи ғазалҳои шоиронро намуна меорем:
Ҳоҷӣ:
Намедонам кадомин соат он дилдор меояд?
Ки ҷони хаста ҳар дам бар лабам сад бор меояд…15
Шоҳин:
Ба уммеде, ки дар вайронаам дилдор меояд,
Бурун ҳар лаҳза ҷонам аз бадан сад бормеояд…16
Ҳарду ғазал дар баҳри ҳазаҷи мусаммани солим суруда шудаанд. Fазали Ҳоҷӣ аз 10 ва ғазали Шоҳин аз 5 байт иборат мебошад. Дар ғазалҳои боло ибораҳои «дилдор меояд», ва «сад бор меояд» ҳамчун қофияву радифи якхела ба назар мерасанд. Азбаски ин монандиҳо дар матлаи онҳо омадаанд, бинобар инро тасодуфӣ пиндоштан нашояд ва маълум мегардад, ки шоирон аз ғазалҳои якдигар хуб баҳравар гашта будаанд.
Инчунин дар ғазалҳо калима ва ибораҳои монанд, аз қабили: «дилдор», «ҳар лаҳза», «ҳар дам», «xони хаста», «xонам», «намедонам», «надонам», «рeшам», «рeшаи дил», «аз бадан», «аз лабам» ва ғайра ба назар мерасанд, ки ин вожаву таркибҳо ғазалҳоро қарини ҳам гардонидаанд. Ҳоҷӣ ғазали зеринро низ дар пайравии ғазали Шоҳин сурудааст, ки байтҳо авали онҳоро дар поён нишон медиҳем:
Шоҳин:
Қурбони ту xонам, кӣ маро аз ту ҷудо кард?
Боре зи кафам домани васли ту раҳо кард…17
Ҳоҷӣ:
Он моҳ, ки ҷафо кард, куҷо кард? Ба мо кард,
Мақтули вафо кард, киро кард? Маро кард…18
Fазали Шоҳин аз 6 ва ғазали Ҳоҷӣ аз 11 байт иборат буда, дар баҳри ҳазаҷи мусаммани ахрабу макфуфи мақсур суруда шудаанд, ки нақшаи аркони онро дар боло нишон додаем. Ҳамчунин, аз муқоисаи ашъори ин ду шоир маълум мегардад, ки дар дохили девонҳои онҳо назирағазалҳо зиёд мавҷуданд. Дар поён боз як ғазали Ҳоҷиро бо ғазали Шоҳин мавриди муқоисаву муқобала қарор медиҳем:
Шоҳин:
Эй ҷону дили халқ ба гесӯи ту дар банд,
Равшан зи рухи хуби ту анвори Худованд…19
Ҳоҷӣ:
Эй дил ба хами силсилаи зулфи ту дар банд,
Бисёр аз ин банд ба ин дил шуда пайванд…20
Аз муқоисаи ғазалҳо бармеояд, ки шоирон онҳоро дар як баҳру қофияи якхела офаридаанд. Fазали Шоҳин аз 6 ва ғазали Ҳоҷӣ аз 9 байт иборат буда, дар онҳо умумиятҳои мазмуниву шаклӣ зиёд ба назар мерасанд.
Дар ғазали Шоҳин сухан аз гесӯи дилбанд, рухи хуб, лаби чун қанд ширин, себи рухсор, лаъли шакарханд, дидори маъшуқа ва ғайра равад, дар ғазали Ҳоҷӣ танаввӯи мавзӯъҳо дида мешавад. Ҳоҷӣ агар дар байтҳои 1, 2 ва 3-юми ғазал аз хами зулф, расми ҷафокорӣ ва сангиндилии маъшуқа сухан ронда бошад, дар байтҳои 4 ва 5-ум оҳанги гуфтораш андарзона шуда, дар абёти 6 ва 9 аз ҷоҳиливу аблаҳии атрофиён ҳарф зада, дар байтҳои 7 ва 8-ум ба мавзӯи гузаштани умр, дар фикри зану фарзанд будану аз аҳли замона надидани вафо ва ношод зистани хеш шиква намудааст.
Шоҳин дар ғазали хеш аз талмеҳҳои «аз нури Худованд», «қанди Миср», «себи Самарқанд» ва ғайра ёдрас шуда бошад, Ҳоҷӣ дар ғазалаш аз Фарҳоди кӯҳкан, исми китобҳои муқаддаси зардуштиён «Муҷастӣ», «Занд»-у «Позанд» ва кӯҳи Наҳованд сухан рондааст. Чунин назирағазалҳо дар дохили куллиёти ин ду шоир зиёд ба назар мерасанд ва ин ҳама далели он аст, ки Ҳоҷӣ Ҳусайн бо вуҷуди шоири ҳунарманд буданаш ба ғазалҳои шоирони гузашта ва муосираш моҳирона ва эҷодкорона назираҳо офаридааст.
Аз назираҳои дар боло овардашуда маълум мегардад, ки Ҳоҷӣ ба осори шоирони гузаштаи тоҷик эҳтирому ихлоси зиёд дошта, ба баъзеи онҳо назираҳо низ гуфтааст. Инчунин, ӯ ба шоирони ҳамасраш робитаи дӯстию эҷодӣ барқарор карда, дар пайравии асарҳои онҳо чун мусобиқаи адабӣ асарҳои нав офаридааст.
Рӯйхати адабиёти истифодашуда:
1.Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Мӯҳтарам. Тазкиратушшуаро. – Душанбе, 1987, саҳ. 101 –102.
2. Муҳаммадҳусайни Ҳоҷӣ. Асарҳои мунтахаб, саҳ. 6.
3. Муҳаммадҳусайни Ҳоҷӣ. Асарҳои мунтахаб.–Душанбе, 1962, саҳ. 5.
4. «Садои Шарқ», № 9, 2008, саҳ. 126.
5. «Садои Шарқ», №9, 2008, саҳ. 128.
6 . «Садои Шарқ», №9, 2008, саҳ. 132.
7. « Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик». Ҷ. 2. – Душанбе, 1989, саҳ. 412 – 413.
8. Муҳаммадҳусайни Ҳоҷӣ. Асарҳои мунтахаб, саҳ. 236 – 237.
9. А. Ҳабибов. Ганҷи парешон. – Душанбе: «Ирфон», 1984, саҳ. 71.
10. Муҳаммадҳусайни Ҳоҷӣ. Асарҳои мунтахаб, саҳ. 7.
11. Муҳаммадҳусайни Ҳоҷӣ. Асарҳои мунтахаб, саҳ. 191.
12. А. Ҳабибов. Ганҷи парешон, саҳ. 243.
13. Муҳаммадҳусайни Ҳоҷӣ. Асарҳои мунтахаб, саҳ. 63.
14. Шамсиддин Шоҳин. Куллиёт. – Душанбе: «Адиб», 2006, саҳ.74.
15. Муҳаммадҳусайни Ҳоҷӣ. Асарҳои мунтахаб, саҳ. 99.
16. Шамсиддин Шоҳин. Куллиёт, саҳ. 118.
17. Шамсиддин Шоҳин. Куллиёт, саҳ. 85.
18. Муҳаммадҳусайни Ҳоҷӣ. Асарҳои мунтахаб, саҳ. 89.
19.Шамсиддин Шоҳин. Куллиёт, саҳ. 98.
20. Муҳаммадҳусайни Ҳоҷӣ. Асарҳои мунтахаб, саҳ. 112.
Раҷабалӣ Худоёров, номзади илмҳои филологӣ
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3946-2010-12-22-07-59-54.html
- << Қаблӣ
- Баъдӣ