00:10:42 29-уми Июни 2017 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Июн 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

МАНИЖА ДАВЛАТ: «ОСМОН БОРОНИСТ»

Ҳарчанд Манижа – бонуи саропо ҳунар, имрӯзҳо рӯи саҳнаи тоҷик нест, вале ин маънои онро надорад, ки ҳаводоронашро аз даст додааст ва ё фаромӯш кардааст. Ҳамаи мо медонем, ки ҳар ҳафта дар ин ё он ҳафтанома мактуб ё пайғоме ба унвонии ин бонуи ҳунар ба нашр мерасад.

/images/stories/2012/04/21_manija-davlat-2012.jpgИн ҳама гувоҳӣ аз он аст, ки ҳаводорони асилаш ҳаргиз ӯро аз ёд набаровардаанд ва пазмони шунидани таронаҳои наваш ҳастанд. Мухлиси асил онест, ки пайваста ҳунарманди писанди дилашро ёд мекунад ва доимо дар ҷустуҷӯи пайдо намудани хабари нав дар мавриди ӯ мегардад.

Муҳим он ки хабару овозае мешунавем, бояд асоси воқеӣ дошта бошад. Ба наздикӣ ҳунарманде, ки тамоми мардуми тоҷик пазмони садояш гаштаанд, суруди нави худро бо номи «Осмон боронист» сабт намудаву пешкаши ҳаводорони савту навои хеш гардонидааст.

Суруди нави Манижа малҳамест ба қалби беморони ҳунараш. Шеъри мазкур моли шоири афғон Ҳоруни Роъун буда, оҳангаш моли оҳангсоз Даврони Раҳматзод мебошад.

Ҳарчанд Манижа сурудро дар студио насароидааст, вале хеле садояш гӯшнавоз аст. Эҳтимол меравад, ки дар компутари хонагӣ сабт намуда, танҳо овози табиияш садо медиҳад. Яъне бе банду басти фонограмма.  Ҳарчанд суруд дар студиои сабти овоз сабт нашуда бошад ҳам, хело олӣ сароида шудааст. Маълум, ки садои Манижа худ табиӣ бақувват ва дилнишин аст.

Оҳанг низ аз ҷониби оҳангсоз Даврони Раҳматзод хуб эҷод шудааст. Оғози оҳанг бо образ офаридашуда, мувофиқи матн эҷод гардидааст. Бо садои баланди раъду барқ ва боридани борон оғоз гардида, бо чунин мисраҳои волои шоири афғон Ҳоруни Роъун оғоз меёбад.

Қафасам тангу дилам тӯфонист,
Абрҳо дар баданам зиндонист.
Нест чатре, ки паноҳам бошад,
Осмон боронист, осмон боронист.
Аз чӣ ангушт гирифтӣ ба дар,
Ҳамагӣ медонанд, ҳамагӣ мехонанд.
Матни сармояи манро, ки фақат як дил буд,
Ва ту ғорат кардӣ.
Доғи расвоии ишқат, гули ин пешонист,
Осмон боронист, осмон боронист.
Ноумедӣ камаке душвор аст,
Хона аз ашки фалак безор аст.
Новадон ҳанҷараи девор аст,
Кӣ ба овози тараш мегӯяд!
Чакаке хонаи мо дар садади вайронист,
Осмон боронист, осмон боронист.
Гиря дорад ба дарун гоми дилам,
Новадон замзамаи охири худро…
Ба шикебоии таҳдор супурд,
Ларза дар қомати девор давид.
Дастак аз ҷой уфтод,
Хона аз пой уфтод.
Вой афсӯс, афсӯс,
Баъд аз ин манзили ман, бешаи саргардонист,
Осмон боронист, осмон боронист.

«Муҳаббат»

PS. Ба таваҷҷӯҳи алоқамандони садои зебои Манижабону мерасонем, ки ин таронаи нави ӯро  мухлисони садояш, кормандони сомонаи «Рӯзгор» бо истифода аз аксу порчаҳои видеоии сурудҳои Манижабону дар шакли видеоклип пешкаши мухлисони ин овозхони нотакрору маъруфи кишвар мекунанд. Марҳамат, тамошо кунед ва лаззат бубаред!

Дар ин мавзӯъ: БОЗГАШТИ МАНИЖА ДАВЛАТ
МАНИЖА ДАВЛАТ: «МАН ГАПИ РОСТРО ГУФТАМ»
МАНИЖАИ ДАВЛАТ - СИТОРАИ ПИНҲОН




Шарҳҳо   

 
+8 #3 RE: МАНИЖА ДАВЛАТ: «ОСМОН БОРОНИСТ»Мансур 03.01.2013 13:02
Туро мухлисонат дуст медоран Манижа хусусан ман хар шому сахар сурурдхои туро гуш мекунам
 
 
+3 #2 RE: МАНИЖА ДАВЛАТ: «ОСМОН БОРОНИСТ»Турон 08.12.2012 14:01
бародар фикр намекунам апаи Манижа бо мухлисони "шум"-аш хамсухбат шавад.
 
 
+11 #1 RE: МАНИЖА ДАВЛАТ: «ОСМОН БОРОНИСТ»Guest 27.06.2012 17:22
салом апаи манжа ман яке азмухлисони шум мебошам мехохам боре бо шумо бо тарики телфон сухбат номяам агар зид набшед Телефони ман 988797676
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1