22:47:07 07-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

Мавонеъ дар роҳи ширкат дар солгарди ҲНИТ Хабар 25.04.2013 11:18 997
Масъулони ҳукумати шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон ба аъзои Ҳизби наҳзат ҳушдор додаанд, ки аз ширкат дар маросими 40-умин солгарди таъсиси ин ҳизб дар шаҳри Душанбе худдорӣ кунанд.
Даъвати Қодири Қосим ба мурофиаи Димон ва Шерик ба унвони як шоҳид Хабар 25.04.2013 11:15 899
Раиси вилояти Бадахшон ва ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон қарор аст фардо дар додгоҳ ба ҳайси шоҳиди иловагӣ ширкат кунад.
Даҳ медали варзишгарони тоҷик дар Бишкек Хабар 25.04.2013 11:12 871
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Қирғизистон оид ба таэквон-до (WTF) даҳ медал (4 тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварданд. Ин мусобиқа дар шаҳри Бишкек бо ширкати дастаҳои мунтахаби Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор шуд.
Бозори «Фаровон»-и Қӯрғонтеппа боз ба коми оташ рафт Хабар 25.04.2013 11:09 905
Бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа имрӯз, ҳудуди соатҳои 18:30 ба коми оташ рафт. Саидбек Аминов, муовини раиси Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон зимни таъйиди ин хабар ба мо гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳайате аз маъмурони Хадамоти сӯхтор аз мошини сӯхтор хомӯшкунӣ дар маҳали ҳодиса машғули хомӯш кардани оташ мебошанд.
Давлати Усмон дар бораи худ ва таъсиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Сиёсат 24.04.2013 23:01 1445
Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» дар арафаи таҷлили чилсолагии рӯзи таъсисёбии ҲНИТ сӯҳбате дошт бо докторанти Академияи Илмҳои Қирғизистон, собиқ муовини раҳбари ҲНИТ Давлати Усмон. Инак муҳтавои ин мусоҳибаро пешкаши муштариёни арҷманди сомона месозем.
Кафилони сулҳи байни тоҷикон Сулҳ, оштӣ, ваҳдат 24.04.2013 22:57 5250
Расо 16 сол пеш, 28-и моҳи майи соли 1997, дар Теҳрон ҳайатҳои музокиракунандаи сулҳи байни тоҷикон бо қабули ду ҳуҷҷати муҳим ба гуфтушунидҳои беш аз сесолаи худ хотима бахшиданд.Акнун лозим буд, ки роҳбарони ду ҷиноҳи сулҳкунанда дар наздиктарин фурсат дар Маскав гирди ҳам биёянд ва ба Созишномаи ...
Ёде аз марҳум Дӯстмуроди Алӣ, овозхони маъруфи кишвар Хабар 24.04.2013 22:48 1489
Дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба ёдбуди марҳум Дӯстмурод Алиев, Ҳофизи мардумии Тоҷикистон консерти дилнишине баргузор гардид.Дар ин маҳфил, ки бо ибтикори сарояндаи тоҷик Мирзои Сарбоз, яке аз шогирдони ин овозхони маъруф ва Фурқат Саид ...
Ба Сафири Русия дар Душанбе ёддоштҳои ВКХ супорида шуд Хабар 24.04.2013 22:43 833
23 апрели соли 2013 ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов даъват карда шуд.Дар рафти вохӯрӣ нигаронии ҷониби Тоҷикистон оид ба баромадҳои пай дар пайи шахсони воломақом ва ҷамъиятии Русия иброз карда шуд. Қайд гардид, ки чунин суханҳо ...
Коммунистҳои тоҷик аз изҳороти Жириновский хашмгинанд Хабар 24.04.2013 22:38 805
Коммунистҳои Тоҷикистон аз «ҳамҳизбиён»-и худ дар Думаи давлатии Русия хостаанд, ки изҳороти зиддитоҷиконаи Владимир Жириновскийро маҳкум намоянд.Коммунистҳои Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба Фраксияи коммунистҳо дар Думаи давлатии Русия, хоҳиш кардаанд...
Дӯсти «ҷонӣ»-и Тоҷикистон фақат Эрон аст? Сиёсат 23.04.2013 14:04 1205
Тоҷикистон аз Русия бо баҳои ҷони шаҳрвандонаш дифоъ мекунад ва аммо дар посух таҳқиру озор мебинад. Сӯҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, маҷмааи кайҳонии «Окно»-ро «чашму гӯши Русия» ва хатари ҷиддӣ барои мардуми Тоҷикистон мехонад.