Хазина аз
ПАРВАНДАИ НАВ. БОЗ 7 ПАЙРАВИ ХУДОЙБЕРДИЕВ
Хабар
25.05.2011 18:12
1666
Парвандаи пурсарусадои 7 гумонбар ба узвияти гурӯҳи сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев ба дасти додгоҳи вилояти Хатлон расидааст. Тавре, ки ба радиои Озодӣ аз додситонии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ин парвандаи ҷиноӣ чаҳор моҳи ахир мавриди тафтиш қарор дошта, ҳамакнун барои баррасӣ ...
ДОНИШҶӮЙИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ МУТТАҲАМ БА МОШИНДУЗДӢ
Хабар
25.05.2011 18:06
1528
Маъмурони пулиси шаҳри Душанбе як донишҷӯйи Донишкадаи исломии Тоҷикистонро ба иттиҳоми сирқати худрав ва минибусҳо боздошт кардаанд. Ба гуфтаи маъмурон, ин донишҷӯ якҷо бо як ҳамдеҳаи худ аз рустои Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ шаш минибуси мавсум ба “Чанху”, ки миёни мардум бештар ...
НАТО: "БӮҲРОНИ АФҒОНИСТОН ҲАЛЛИ НИЗОМӢ НАДОРАД"
Равзана ба ҷахон
25.05.2011 18:01
1249
Сармуншии паймони НАТО мегӯяд, ки бӯҳрони Афғонистон аз тариқи низомӣ ҳал намешавад. Ӯ аз мухолифини давлати Афғонистон хост то аз хушунат даст бикашанд ва бар ҷараёни сулҳ ҳамроҳ шаванд. Андерс Фог Расмуссен баъд аз мулоқот бо раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ...
БА УЛАМОИ РОСТИНИ ХУД ТӮҲМАТ НАКУНЕМ
Дин ва ҷомеъа
25.05.2011 09:49
3072
Рӯи чоп омадани китоби донишманди ҷавони тоҷик, Довудхони Абдухон, «99 суол ва ҷавоб», дар байни хонандаҳо сару садоҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Чунки ин китоб нахусткитоби фиҳқӣ дар бораи фиқҳи акбар-ақида буд. Бар илова муаллифро ба сабаби такя кардан ба орои поягузорони фиқҳи акбар ...
ФАТВОИ АФВИ ҲУСНӢ МУБОРАКРО ИСРОИЛ СОДИР КАРДААСТ!
Равзана ба ҷахон
25.05.2011 09:44
1180
Яке аз рӯзномаҳои мисрӣ, аз талоши Хохом Удфодиё Юсуф барои судури фатвоҳои шаръӣ ҷиҳати афви Ҳусни Муборак хабар дод. Ин дар ҳолест, ки мудири кулли дафтари иттлоърасонии шайхул-Азҳар, дарёфти ҳаргуна мукотаба аз сӯи Удфодиё Юсуф, Хохоми исроилӣ дар бораи афви раисҷумҳури...
ДАСТУРИ ҚАТЪИ ДАСТРАСӢ БА САЙТИ ТӮРАҶОНЗОДАҲО
Хабар
24.05.2011 17:42
1642
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ширкатҳои дастраскунандаи интернет дастур додааст, ки дастрасӣ ба сайти Тӯраҷонзодаҳоро маҳдуд кунанд. Ин хадамот гуфтааст, бино бар зарурати пеш омадани корҳои фаннӣ, дастрасӣ ба сомонаи Тӯраҷонзодаҳо қатъ шавад.
НОМАИ ХАБАРНИГОРОНИ ТОҶИК БА МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
Матбуот
24.05.2011 17:39
2297
Созмонҳои журналистӣ ва хабарнигорони тоҷик бо ирсоли як нома хостори ислоҳи баъзе аз бандҳои тарҳи қонуни нави “Воситаҳои ахбори умум” шудаанд. Дар номаи хабарнигорон гуфта шудааст, ки ҳарчанд ин тарҳ дар муқоиса ба қонуни феълии "Воситаҳои ахбори умум" бартариҳо дорад ...
АМРИКО ВА БРИТОНИЁ: АЛАЙҲИ ҲУКУМАТҲОИ САРКӮБГАР АЗ ЗӮР ИСТИФОДА МЕКУНЕМ
Равзана ба ҷахон
24.05.2011 17:35
1479
Раҳбарони Амрико ва Бритониё зимни таъкид бар ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф аз ҷунбиши эътирозӣ дар кишварҳои араб ҳимоят карда ва алайҳи иқдоми ҳукуматҳо дар саркӯби эътирозоти мардум ҳушдор додаанд. Рӯзи сешанбеи 3 хурдод (24 май) рӯзномаи Тоймз чопи Ландан мақолаи муштараке ба қалами...
ДУ КУШТА ДАР ЯК ИНФИҶОР ДАР ПОЙТАХТИ ҚАЗОҚИСТОН
Равзана ба ҷахон
24.05.2011 17:33
1404
Дар наздики боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар шаҳри Остона инфиҷоре рух дода ва бар асари он ду нафар кушта шудаанд. Бар асоси гузоришҳои расида аз шаҳри Остона, як утумубили сурхи “Аудӣ-100” мунфаҷир шудааст.
"НАРХИ РОҲКИРО ДАР ДУШАНБЕ АФЗОИШ МЕЁБАД"
Хабар
24.05.2011 17:32
1538
Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст аз авоили моҳи оянда нархи роҳкирои васоили мусофирбарӣ дар ин шаҳрро афзоиш диҳад. Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдории Душанбе, ба хабаргузориҳо гуфт, ки масъалаи боло рафтани қимати роҳкиро дар ҷаласаи вижаи шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, ва масъулони сохторҳои мухталифи шаҳр матраҳ шудааст.