Хазина аз
ТАЪЙИНИ НАМОЯНДАИ ХОСИ ТОҶИКИСТОН ДАР УМУРИ АФҒОНИСТОН
Сиёсат
31.10.2011 16:12
1437
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидовро намояндаи хоси ин кишвар дар умури Афғонистон таъйин кард. Оқои Зоҳидов феълан масъулияти муовинати Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро низ бар уҳда дорад.
ШОҲЗОДА ОҒОХОНИ IV, ПЕШВОИ ИСМОИЛИҲО ДАР ДУШАНБЕ
Хабар
31.10.2011 13:06
1640
Шоҳзода Оғохони IV-пешвои исмоилиёни ҷаҳон бо як сафари серӯза вориди Тоҷикистон шудааст. Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз (31 октябр) Оғохони чаҳорум ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими гузоштани санги таҳдоби як пуле, ки Тоҷикистону Афғонистонро ба ҳам васл хоҳад кард, ширкат мекунанд.
АЛМОСБЕК ОТАМБОЕВ - РАИСИҶУМҲУРИ НАВИ ҚИРҒИЗИСТОН
Хабар
31.10.2011 13:04
1569
Баршумурдани баргаҳои раъй дар интихоботи президентии Қирғизистон ба охир расид. Бар пояи иттилои муқаддамотии Кумиссюни марказии интихоботии Қирғизистон, дар интихобот аз номзадии Алмосбек Отамбоев каме бештар аз 63 дарсади раъйдиҳандаҳо пуштибонӣ кардаанд.