Хазина аз
Ҷанги расонаии Арабистон, Амороту Баҳрайн бо Қатар
Равзана ба ҷахон
19.03.2014 14:02
1055
Дар пайи шиддат ёфтани ҷанги расонаии Қатар бо Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн, 11-уми марти 2014 Кумитаи телевизион, радиошунавонӣ ва матбуоти чопии Арабистони Саудӣ иҷозаи фаъолияти шабакаи хабарии "Алҷазира"-и Қатарро дар ин кишвар қатъ кард.
Аз рӯзгори ҳунармандон ҳунармандон нависанд беҳтар аст!
Аз ҳар мавзуъ
19.03.2014 13:58
2349
Дар ҳафтаи сипаришуда ба теъдоди хонандагони доимӣ ва касоне, ки ҳамеша занг мезаданду андешаҳои худро иброз медоштанд, ду нафари дигар афзуд. Инҳо Абдулкарим Шодиқулов, ки худро аз Ёвон муаррифӣ карданд ва Муҳаммадраҷаб Оқилов, ки гуфтанд зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомианд.
Аз "Машъал" то ба "Истиқбол"
Зан ва ҷомеъа
19.03.2014 13:54
1484
Дар факултети рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯриву мулоқот бо матбуотчиёни варзидаи кишвар ба ҳукми анъана даромадааст. Чанде қабл сӯҳбати донишҷӯён бо ҳайъати кории маҷаллаи "Истиқбол", аз ҷумла бо яке аз рӯзноманигорони корозмуда, шоираи хушсалиқа Латофат Кенҷаева баргузор гардид.
Рӯзгори Абдулҳайи Муҷахарфӣ ва намунаҳо аз осори ӯ - II
Адабиёт ва фарҳанг
19.03.2014 13:50
2116
Баъди ғалабаи Инқилоби Октябр Абдулҳайи Муҷахарфӣ ба ягон гуруҳу фирқае ҳамроҳ нашуда бо фарзандон чораи рӯзгори фақиронаи худро мебинад ва машғули эҷоди асарҳои наву тоза, таҳрири навиштаҳои пешинаву нусхабардориҳои онҳо мешавад.
Сафар Абдуллоҳ: Ниёз ба ниҳоди вижаи "Шоҳномашиносӣ" дорем!
Адабиёт ва фарҳанг
19.03.2014 13:45
2145
Дар ин маҷмуъа рисолаҳои арзишманди ирфонӣ ва кутуби мазҳабӣ ва китобҳои муҳимми адабиёти мо гирд омада аст. Аз ҷумла, яке дастнависи бисёр муҳимми "Туҳфат ул Аҳрор"-и Абдураҳмони Ҷомӣ аст. Пас, аз бозҷӯйии нусхаҳои мавҷуд, мо ба ин натиҷа расидем, ки ин китоб қадимитарин нусхаи маҳфуз дар ҷаҳон аст.
Пайкараи Робер Ҳусейнро дар фаронса Амрӣ Аминови тоҷик месозад
Хабар
19.03.2014 13:42
834
Амрӣ Аминов, пайкартароши машҳури тоҷики муқими Фаронса эълон кардааст, ки тасмим гирифтааст дар кутоҳтарин фурсат ҳайкали шоири маъруф Абулқосим Лоҳутӣ ва чеҳраи шинохтаи синамои ҷаҳон Робер Ҳусейнро бисозад.
Дар ҷашни Наврӯзии Олмон 11 кишвари ҳавзаи Наврӯз ширкат мекунанд
Хабар
19.03.2014 13:40
903
"Осорхонаи мардумшиносии Берлин", ки як ниҳоди фараҳангии Олмон ба шумор меравад, имсол довталабона мизбонии маросими "Наврӯзи муштарак"-ро ба уҳда гирифтааст. Дар ин бора хабаргузории ИРНА истинодан ба Алиризо Шайх Аттор, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Олмон хабар додааст.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Абдулҳодӣ Арғандивол
Хабар
19.03.2014 13:38
811
Бино ба гузориши дафтари матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Раиси ҷониби афғонии Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии ду кишвар Абдулҳодӣ Арғандиволро ба ҳузур пазируфт.
Луғати яғнобӣ ба чехӣ соҳиби ҷоиза шудааст
Хабар
19.03.2014 13:37
929
"Луғати яғнобӣ ба чехӣ", ки чор сол пеш дар шаҳри Прага чоп шуда буд, барандаи ҷоизаи Анҷумани тарҷумонҳои Ҷумҳурии Чех шудааст. Ин луғат аз ҷониби Любомир Новак, унвонҷӯи факултаи забоншиносии Донишгоҳи Прага таҳия гардидааст.
Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон
Хабар
19.03.2014 13:34
748
Нависандаи шинохтаи яҳудитабори Литва Исҳокас Мерас дар синни 82-солагӣ дар як бемористони Исроил аз олам даргузашт. Изҳокас Мерас 8 октябри соли 1932 дар шаҳри Келми Литва ба дунё омадааст. Волидонашро натсистони олмонӣ чун яҳудӣ қатл карданд ...