00:39:16 02-уми Июни 2025 сол

Хазина аз

Мулоқот бо Вазири федеролии захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хабар 12.01.2016 23:26 940
Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири федеролии захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осифро, ки бо ҳайати расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Мурофиаи 7 гумонбар ба узвият дар Ҳизб-ут-таҳрир Иҷтимоъ 12.01.2016 23:23 1205
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба муҳокимаи парвандаи як гурӯҳи 7-нафарии гумонбар ба фаъолият дар Ҳизб-ут-таҳрир шурӯъ кардааст. Барои бори аввал як сокини шаҳри Қайроққум низ барои узвият дар ин ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ айбдор мешавад.
Кумитаи дин: 228 шаҳрванди Тоҷикистон дар кишварҳои исломӣ таҳсили ғайрирасмӣ доранд Хабар 12.01.2016 23:21 895
«Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути кормандони шуъба ва бахшҳо оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти ...
Ҷ. Ғиёсов: 662 миллиону 416 ҳазору 339 сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардидааст Хабар 12.01.2016 23:18 1022
«Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи комиссияҳои доимии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ин давра дар миқёси ҷумҳурӣ 137 ҳазору 135 маърака барпо гашт. Хароҷоти маъракаҳо дар ин давра 537 миллиону 514 ҳазору 911 сомониро ташкил дод.
Н. Саид: Оғози дарсҳо дар мактабҳои олӣ аз 7-30 боқӣ хоҳад монд Хабар 12.01.2016 23:16 901
«Шуруъ аз моҳи ноябр таҳсил дар мактабҳои олии пойтахт аз 7-30 оғоз шуда, ин реҷа ҳамин хел боқӣ мемонад», -гуфт вазири маориф ва илми кишвар Нуриддини Саид зимни нишасти матбуотии имрӯза.
Агентии хизмати давлатӣ: 271 нафар ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ баҳогузорӣ шуд Хабар 12.01.2016 23:13 1056
Дар соли 2015 кормандони Агентии хизмати давлатӣ дар 95 ҷаласаи комиссияҳои аттестатсионии мақомоти давлатӣ иштирок карданд. Ин нуктаро имрӯз, 12 январ зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶТ Ҷумъа Давлатов ироа намуд.
Таъсиси магистратура аз рӯйи ихтисоси «Амнияти иттилоотӣ» дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ Хабар 12.01.2016 23:11 1199
«Соли 2015 бори аввал дар кишвар магистратура аз рӯйи ихтисоси «Амнияти иттилоотӣ» таъсис дода шуд, ки дар он 26 довталаб қабул гардиданд.
Фестивал-озмуни намоиши либосҳои миллӣ дар «Пойтахт-90» Хабар 12.01.2016 23:09 987
Дар Маҷмааи савдои «Пойтахт-90» Фестивал — озмуни намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ тарроҳони ҷавону корозмуда аз чор ноҳияи шаҳр ширкат варзида, маҳсули дастони худро ба маъраз гузоштанд.
sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854