ИЗДИВОҶИ МАРДИ МУСЛМОН БО ЗАНИ ҒАЙРИ МУСАЛМОН
Аз силсила посухҳои Юсуф Қарзовӣ
Суол:- Ин як мавзӯъест, ки умедворам шумо барои таҳқиқ ва ҷавоби мактуби он вақти кофӣ дошта бошед ва он мавзӯъи издивоҷ бо занони ғайри мусалмон аст. Мақсуди ман дақиқан «аҳли китоб» яъне, занони масеҳӣ ва яҳудӣ аст, ки мо мусалмонон ононро «аҳли китоб» меномем ва дорои аҳкоми махсусе ҳастанд, ки ононро аз занони бутпараст ва ғайра ҷудо месозад.
Ба ростӣ ман ва дигарон дар ростои ин гуна издивоҷ, мафосиди фаровонеро мушоҳида кардаем, ба вижа аз ҷониби фарзандон, ки дар бисёри мавридҳо мушоҳида шуда, чунин зани ғайри мусалмонон тамоми хонаро ба ранги худ дар меоварад, писарону духтаронро дар дин ва мазҳаби худ тарбият мекунад ва аз дасти шавҳар коре сохта нахоҳад шуд ва ба қавли омиёна нақши мард дар чунин хонавода «лӯлӯи сари хирман» аст! Роҷеъ ба ин мавзӯъ аз баъзе донишмандон пурсидам, онон дар ҷавоб гуфтанд: Қуръон издивоҷ бо аҳли китобро мубоҳ дониста ва мо наметавонем чизеро Худованди мутаъол ҳалол намуда, ҳаром гардонем.
Аз онҷо, ки ман бар инбоварам, ки ислом чизеро, ки дорои зарар ва фасод аст мубоҳ намекунад, ин матлабро хидмати шумо навиштам ва хоҳони тавзеҳи ҷаноби олӣ дар ин бора ҳастам ва медонам, ки илм ва назари шумо бар амсоли чунин қазияҳое шомил ва муҳит аст. Хоҳишмандам дар партави нусуси аслии шариъат ва дар партави аҳдоф ва мабонии динӣ ва қавоиди куллии он ба баррасии ин мавзӯъ бипардозед. Таъкидан, хоҳишмандам агар чӣ машоғил ва корҳои фаровоне доред, нисбат ба ҷавоби ин нома эҳмол нафармоед, тавфиқи Худованд ёвари Шумо бод. (М. Ш.)
Ҷавоб: - Алҳамду лиллоҳи вас-салоту вас-салому ъало Расулиллоҳи ва ъала олиҳӣ ва саҳбиҳӣ ва манит-табаъа ҳудоҳу. Аммо баъд, муқаддар чунон будааст, ки ман баъзе аз мамолики Аврупо ва Амрикои шимолиро аз наздик дидаам ва бо бисёре аз фарзандони ислом, ки дар он мамолик ба таълим ва таъаллум мепардозанд ва ба сурати муваққат ва ё доимӣ иқомат гӯзидаанд, мулоқот намудаам.
Суоли бисёре аз онон роҷеъ ба ҳукми шаръии издивоҷи марди мусалмон бо зани ғайри мусалмон, ба хусус масеҳӣ ва яҳудӣ буд, ки ислом асли дини ононро ба расмият мешиносад ва мусалмонон ононро «аҳли китоб» меноманд ва барои онон ҳуқуқ ва муқарраротеро қоиланд, ки барои дигарон қоил нестанд. Роҷеъ ба ҳукми шаръӣ дар ин қазия лозим аст, ки ақсоми занони ғайри мусалмонро баён намоем ва мавзеъгирии шариъат нисбат ба ҳар як аз онҳоро равшан кунем. Занони ғайри мусалмон бар чанд қисманд: 1.Мушрик 2. Мулҳид 3.Муртад 4. Китобӣ.
Таҳрими издивоҷ бо зани мушрик
Бо зани мушрик, ки мурод аз он васанӣ ё бутпараст мебошад, издивоҷи марди мусалмон бо ӯ ба насси Қуръони карим ҳаром аст. Худованди мутаъол мефармояд: «Ва бо занони мушрик издивоҷ накунед то имон биёваранд, қатъан канизи бо имон беҳтар аз зани мушрик аст, ҳар чанд зебоии ӯ шуморо ба шигифт оварад».
Ва боз Худованд мефармояд: «Ва ба пайвандҳои қаблии кофирон мутамассик нашавед».
Сиёқи оя дар саросари сӯраи Мумтаҳина ва сабаби нузули он далолат дорад бар ин ки мақсуд аз «алкавофир» занони мушрик яъне васанӣ мебошанд. Фалсафаи таҳрими ин издивоҷ зоҳир ва ошкор аст ва он адами имкони бархӯрд аз ҳамоҳангӣ миёни ислом ва васаният(бутпарастӣ) аст.
Ақидаи тавҳиди холис муттазод ва мутаноқиз бо ақидаи ширки маҳз аст, ба илова, пайравони васаният дорои китоб ва Паёмбари мӯътабари осмонӣ нестанд ва васаният ва ислом дар ду тараф мухолифи ҳам қарор доранд. Ба ҳамин хотир, Қуръон иллати имтиноъи издивоҷ бо занони мушрикро ингуна баён медорад: «Онон(мушрикон) шуморо ба сӯи оташ фаро мехонанд ва Худованд ба фармони худ шуморо ба сӯи биҳишт ва омурзиш мехонад».
Табъан, ҳамбастагӣ ва ҳамоҳангӣ миёни он ки ба сӯи оташ даъват мекунад ва миёни он ки ба сӯи биҳишт фаро мехонад қатъан вуҷуд надорад. Масале маъруф аст, ки: Эй кӣ мехоҳӣ ситораи сурайёро бо суҳайл ҷамъ кунӣ туро ба Худо чӣ гуна ҷамъ мешаванд? Агар он дуро ба ҳоли худашон вогузорӣ, он яке дар Шом истиқрор дорад ва ин яке дар Яман!
Ҳукми мамнӯъияти издивоҷ бо занони мушрики васанӣ аз тариқи насс ва иҷмоъ ба исбот расидааст ва уламои уммат ҳамонтавре, ки Ибни Рушд дар китоби «Бидоятулмуҷтаҳид» ва дигарон баён доштаанд, бар ин таҳрим иттифоқи назар доранд.
Бутлони издивоҷи мусалмон бо зани мулҳид
Манзур аз «мулҳид» касест, ки мӯътақид ба ҳеҷ як аз адён набошад ва на ба Худое, на ба паёмбаре, на ба китобе ва на ба охирате эътиқод надошта бошад. Издивоҷ бо чунин зане нисбат ба зани мушрик ба тариқи авло ҳаром аст, зеро мушрик мӯътақид ба вуҷуди Худо аст, вале ҳамроҳ бо ин эътиқод, қоил ба шарик ва вуҷуди Худоёни дигар аст, ки ононро ба унвони шафеъ бигирад то ба гумони вай ӯро ба сӯи он Худои маъбуд наздик кунад.
Қуръон дар оятҳои зиёде симои мушрикинро барои мо бармало месозад, аз ҷумла ояи: «Ва агар аз онҳо бипурсӣ чӣ касе осмонҳо ва заминро офаридааст? Мусалламан хоҳанд гуфт: Худо». Ва низ «Ва касоне, ки ба ҷои ӯ дӯстоне барои худ гирифтаанд {ба ин баҳона}, ки мо онҳоро ҷуз барои инки моро ҳар чӣ бештар ба Худо наздик гардонанд, намепарастем».
Бинобарин вақте ки издивоҷи марди мусалмон бо зани васанӣ, ки филҷумла қоил ба Худо нест, қатъан ҳаром бошад, издивоҷи ӯ бо як зани моддигаро ва ҷоҳиде, ки мункири моварои табиат аст ва ба Худо, ба рӯзи охират, ба малоика, ба китоби осмонӣ ва ба паёмбарони Худо ҳеҷгуна эътиқод ва боварӣ надорад, бояд чигуна бошад? Издивоҷи марди мусалмон бо чунин зане нафақат ҳаром, балки ба таври яқин ботил ҳам мебошад.
Боризтрин мисол барои зани мулҳид, зани камуситест, ки фақат ба фалсафаи моддӣ мӯътақид ва ба пиндори ӯ дин афюни миллатҳост ва зуҳури адёнро дар ростои моддӣ тафсир мекунад ва онро дар дасти парвардаи ҷомеаи иснонӣ ва падид омада бар асари ҳолоти иқтисодӣ ва равобити тавлид, ки бар ҷавомеъи башарӣ ҳукмфармо будааст тафсир мекунад.
Албатта манзур он зани камунистест, ки бар ақидаи камунистии худ исрор меварзад, вагарна баъзе аз занон ва мардони мусалмон ҳастанд, ки ба ин мактаби моддӣ гардан мениҳанд бидуни инки ба умқи он фурӯ раванд ва ё ба ҳақиқати он огоҳ бошанд ва чӣ басо фиреби баъзе мубаллиғони онро хӯрда бошанд, ки мегӯянд: камунистӣ мактабест, ки тарафдори ислоҳи иқтисодӣ ва иртиботӣ ба ақоид ва адён ва .. надорад.
Дар иртибот бо чунин касоне-зану мард- лозим аст, ки шубуҳот ва ғавомизи фикрии ононро бартараф кунем ва бо далел ва бурҳон ҳақиқати роҳро бар онон равшан созем, то фарқ миёни имон ва куфр ва нуру торикӣ равшан ва ошкор гардад, онгоҳ агар касе ҳамчунон бар камунист ё морксист будан исрор ва пофишорӣ намояд, хориҷ аз ислом ва фоқиди ҳаргуна кароматест ва бояд дар дунё ва қиёмат аҳкоми кофирон бар онон ҷорӣ гардад.
Зани муртад
Алъаёзубиллоҳ, зани муртад ҳаммонанди зани мулҳид аст. Манзур аз зан ва марди муртад, ҳар касе аст, ки баъд аз имон кофир ва аз дини ислом хориҷ гардад, хоҳ пас аз тарки ислом ба дини дигаре дарояд ё аслан ба ҳеҷ дини дигаре ворид нашавад ва хоҳ он дини дувумӣ, ки бадон интиқол пайдо намуда, китобӣ бошад ё ғайри китобӣ. Бинобар ин ҳар кас дини исломро тарк кунад ва ба мактаби камунистӣ ё моддӣ ё масеҳӣ ё яҳудӣ ё будоӣ ё баҳоӣ ва ғайри онҳо аз адён ва фалсафаҳои дигар дарояд ва ё аз ислом хориҷ гардад ва дохили ҳеҷ дин ва мактаби дигаре нагардад, балки озод ва бидуни дин ва мазҳаб бошад, дар тамоми он мавридҳо, муртад ба ҳисоб меояд.
Ислом ба икроҳ ва иҷбор ҳеҷ касеро водор ба мусалмон шудан намекунад, то онҷо ки қонуни шариъат имони иҷбориро мӯътабар намедонад ва онро нахоҳад пазируфт, аммо ҳар кас озодона ва ба иродаи худ исломро пазирад, дигар набояд аз он хориҷ гардад. Ридда (муртадон) дорои аҳкоме ҳастанд, ки баъзе марбут ба қиёмат ва баъзе марбут ба умури дунявӣ мебошад:
Дар иртибот бо қиёмат: ҳар кас дар ҳолати иртидод бимирад, тамомии аъмоли солеҳ ва некӯи ӯ ҳабит(барҳадар) ва табоҳ мегардад ва дар оташи дӯзах мондагор хоҳад буд. Худованди мутаъол мефармояд: «Ва касоне, аз шумо аз дини баргарданд ва дар ҳоли куфр бимиранд онон кирдорҳояшон дар дунё ва охират табоҳ мешавад ва эшон аҳли оташанд ва дар он мондагор хоҳанд буд».
Дар иртибот бо аҳкоми дунявӣ ба ҳеҷ ваҷҳи минал вуҷӯҳ истиҳқоқи ёрӣ ва маъунат(кӯмак) аз тарафи ҷомеаи исомиро нахоҳад дошт ва зиндагии заношӯӣ миёни як марди мусалмон бо як зани муртад ва ҳамчун миёни як марди муртад бо як зани мусалмон, чӣ дар оғоз ва чӣ дар давом қатъан ҷоиз нест.
Бинобар ин, ҳар марди мусалмоне, ки бо зани муртадде издивоҷ намояд, он издивоҷ ботил мебошад ва агар зан пас аз издивоҷ муртад гардад, ҳатман боистӣ миёни он зану мард ҷудоӣ афканда шавад ва ин ҳукм мавриди иттифоқи ҳамаи фуқаҳои ислом аст, чӣ аз назари ҷумҳури фуқаҳо, ки қоил ба қатли муртад ҳастанд ва чӣ аз назари уламои аҳноф, ки қоиланд ба ин ки муҷозоти зани муртад зиндонӣ кардани ӯст на қатли ӯ.
Ончӣ дар ин бора шоёни ҳушдор аст, ин аст, ки ҳукми иртидод ва куфр бар як шахси мусалмон ниҳояти муҷозоти ӯ ба шумор меояд, аз ин рӯ, то онҷо ки муяссар аст, бояд мутамассик ба таҳқиқ ва эҳтиёт шавем ва нисбат ба як фарди мусалмон аслро бар мабнои салоҳ, ҳусни зан(гумони хуб) қарор диҳем ва бидуни далели қатъӣ, мусалмонеро аз ин асл хориҷ насозем ва бояд бидонем, ки яқин бо шак зоил намегардад.
Бутлони издивоҷи марди мусалмон бо зани баҳоӣ
Издивоҷ бо зани баҳоӣ ботил аст. Зеро ин зани баҳоӣ ё дар асл мусалмон буда ва дини пок ва Илоҳии худро ба сӯи ин дини сохтагӣ интиқол дода, ки дар ин сурат қатъан муртад мебошад ва ҳукми издивоҷ бо зани муртадро қаблан баён намудем.
Ин иртидоди зан, хоҳ шахсан аз худи ӯ бошад ё ба пайравӣ аз хонаводааш, ин дини ҷадидро аз падар ва ниёгонаш ба ирс бурда бошад, дар ҳар сурат муртад маҳсуб мегардад ва ҳукми иртидод бар ӯ ҷорӣ хоҳад буд, ё ин ки дар асл ҳам мусалмон набудааст, балки масеҳӣ, яҳудӣ, васанӣ ва ғайра буда, ки дар ин сурат ҳукми зани мушрикро дорад, зеро на асли ин дин ва на китоби осмониаш, ҳеҷ як эътиборе надоранд ва аз заруриёт ва мусалламоти дин аст, ки пазируфтани ҳар паёмбаре баъд аз Муҳаммад (с) мардуд ва пазуруфтани ҳар китоби осмоние баъд аз Қуръон ботил мебошад.
Ҳар кас гумон барад, ки ӯ баъд аз ислом дорои дини ҷадиде аст, даҷҷол аст ва бар Худои мутаъол ифтиро(туҳмат) бастааст, зеро ки Худованди мутаъол нубувват(паёмбари)ро хатм, динро такмил ва неъмати худро бар ин уммат ба итмом расонидааст. Ӯ таъоло мефармояд: «Ва ҳар касе ҷуз ислом динеро биҷӯяд, ҳаргиз аз вай пазируфта нашавад ва вай дар охират аз зиёнкорон аст».
Вақте издивоҷи як марди мусалмон бо як зани баҳоӣ қатъан ботил бошад, издивоҷи як зани мусалмон бо марди баҳоӣ низ ба тариқи авло ботил хоҳад буд. Зеро вақте шариати ислом издивоҷи зани мусалмон бо аҳли китобро ҷоиз намедонад, пас возеҳ аст, ки издивоҷи ӯро ғайри аҳли китоб қатъан ҷоиз намешуморад. Бинобарин, робитаи заношӯӣ миёни марди мусалмон ва зани баҳоӣ, ҳамчунин миёни зани мусалмон ва марди баҳоӣ, на дар оғоз ва дар идомаи он ҳеҷ вақт ҷоиз намебошад ва издивоҷи он ду ботил аст ва қатъан бояд миёни он ду ҷудоӣ афканда шавад. Маҳокими шаръи(додгоҳҳои тибқи шариъат амалкунанда)-и Миср то кунун дар чунин маврид чунин ҳукмеро ба иҷро дароварда аст. Устоди мусташор(мушовир), Алӣ Мансур дар қазияе аз ин навъ ба хотири эҳтиром ба ҳайсият ва каёни фиқҳ ва шариъати исломӣ чунин ҳукм додаст.
Назари ҷумҳури мусалмонон дар бораи ҷавози издивоҷ мусалмон бо зани китобӣ
Асл дар издивоҷ бо занони аҳли китоб аз назари ҷумҳур, ҷавоз ва ибоҳа аст ва Худованди мутаъол хӯрдани ғизои аҳли китобу издивоҷ ва васлат бо ононро дар як оя аз сураи Моида, ки охирин сура дар тартиби нузул Қуръони карим ба шумор меояд, ҳалол намудааст ва мефармояд:
«Ва таоми касоне, ки аҳли китобанд барои шумо ҳалол ва таоми шумо барои онон ҳалол аст ва бар шумо ҳалол аст издивоҷ бо занони покдоман аз мусалмонон ва занони покдоман аз касоне, ки пеш аз шумо китоби осмонӣ ба онон дода шуда ба шарти онки маҳрияҳояшонро ба эшон бидиҳед дар ҳоле, ки худ покдоман бошед на зинокор ва на он ки занонро дар пинҳонӣ дӯсти худ бигиред».
Назари Ибни Умар ва баъзе дигар муҷтаҳидон
Дар миёни саҳоба, Абдуллоҳ ибни Умар (р) бо ин мавзӯъ мухолиф аст ва издивоҷ бо зани китобиро ҷоиз намедонад. Бухорӣ ривоят мекунад, ки дар бораи издивоҷ бо зани насронӣ ва яҳудӣ аз Ибни Умар суол шуд. Дар ҷавоб гуфт: Худованд издивоҷи занони мушрикро барои мусалмонон ҳаром намуда дар ояи «Ва бо занони мушрик издивоҷ накунед то имон биоваранд».
Ва ҳеҷ ширкеро аз ин бузургтар намедонам, ки як зани китобӣ бигӯяд Худояш Исо аст, дар ҳоле, ки ӯ бандае аз бандагони Худо аст. Баъзе аз донишмандон, қавли Ибни Умарро бар кароҳати издивоҷ бо зани китобӣ ҳамл намудаанд, на бар таҳрими он, вале ибороти ривоят шуда аз эшон бар бештар аз кароҳат далолат дорад. Гурӯҳе аз фуқаҳои шиаи Имомия амал ба қавли Ибни Умар намудаанд ва истидлоли эшон умумияти ояи сӯраи Бақара: «Бо занони мушрик издивоҷ накунед».
Ва ояи сӯраи Мумтаҳина аст, ки мефармояд: «Ба пайвандҳои қаблии кофирон мутамассик нашавед».
Тарҷеҳ (бартари)-и назарияи ҷумҳур
Раъйи ҷумҳур дар ҳақиқат раъйи саҳеҳ аст. Зеро ояи сураи Моида, ки (бино ба ривоёт охирин ояи сураи Қуръон аст, ки нозил шудааст) ба таври возеҳ далолат дорад бар ин ки издивоҷ бо занони китобӣ саҳеҳ аст. Аммо тавҷеҳи қавли Худованди мутаъол, ки мефармояд: «Бо занони мушрик издивоҷ накунед» ва ояи «Ба пайвандҳои қаблии кофирон мутамассик нашавед».
Ё бояд гуфт, ки он оятҳои ом ҳастанд ва бо сураи Моида тахсис ёфтаанд ва гуфта шавад, ки: калимаи «ал-мушрикот» дар забони Қуръон аслан шомили занони китобӣ намешавад, ба ҳамин хотир мушрикин ва аҳли китоб бар дигаре атф шудаанд, монанди ояи: «Кофирон, аз аҳли китоб ва мушрикон дастбардор набуданд». Ва низ «кофирон аз аҳли китоб ва мушрикон дар оташи ҷаҳаннам ҷовидон боқӣ хоҳанд монд».
Ӯ таъоло низ дар сӯраи Ҳаҷ мефармояд: «Касоне, ки имон оварданд ва касоне, ки яҳудӣ шуданд ва собииҳо ва масеҳиён ва зартуштиён ва касоне, ки ширк варзиданд. Албатта Худо рӯзи қиёмат миёнашон доварӣ хоҳад кард».
Бинобарин «ононе, ки ширк варзиданд» як гурӯҳи ҷудо аз соири(тамоми) гурӯҳҳо ҳастанд ва манзур аз онон васаниёну бутпарастон мебошад ва манзур аз «занон кофир» дар ояи Мумтаҳина, ҳамон тавре, ки сиёқи сура бар он далолат дорад, занони мушрик аст.
Таҳияи Амруллоҳи Низом
Шарҳҳо
RSS Обуна