07:42:21 22-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ДАР ТОҶИКИСТОН ОЁ АЗ «ОШӮРО» ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД?

Ба номи Худованди меҳрубон ва ниҳоят бо раҳм. Пеш аз ҳама оғози солшумории ҳиҷрӣ-қамариро  ба тамоми мусалмонони кишвар табрик ва таҳният мегӯям. Имсол бо фаро  расидани моҳи муҳаррам соли 1433 ҳиҷрӣ-қамарӣ шурӯъ шуд, яъне аз ҳиҷрати ҳазрати Расули акрам(с) то ба имрӯз 1433 соли қамарӣ гузашт.

/images/stories/2011/12/02_marufjon-rahimov_21211.jpgВа дар Қуръони карим низ ояи карима «Ясъалунака ънил аҳилла қул ҳия мавоқиту линноси вал ҳаҷ» баёни худро дорад, ки: Эй Муҳаммад, туро суол мекунанд аз моҳҳо, чаро моҳҳо дигаргун мешаванд? Аллоҳ таборака ва таъоло ҷавоби посухи онҳоро ба Пайғомбар(с) нозил гардонид, ки «қул ҳия мавоқиту линноси  вал ҳаҷ» (бигӯ, ки ҳамин моҳҳо миқотанд барои мардумон ва ҳаҷ), ки солшумории мусалмонон ба солшумории моҳи қамарӣ рост омад ва аз он муддат то ба ин рӯз 1433 сол сипарӣ шуд.

Чун даҳаи моҳи муҳаррам асту қисме аз мусалмонони ҷаҳон ба сӯги набераи Пайғамбар(с) нишастаанд, перомуни «ошӯро» ва бардошту вазъияти ҷомеаи кишвар дар ин хусус бо собиқ сархати Масҷиди Марказии пойтахт ва сархатиби тозатаиншудаи Масҷиди Сари Осиёи пойтахт, Маъруфҷон Раҳимов, сӯҳбате анҷом додаем ва мӯҳтавои сӯҳбат ба таври зайл аст:

- Мехостем, роҷеъ ба даҳаи муҳаррам, ки дар садри Ислом ҳам он рӯзро пос медоштанд, мухтасар маълумот диҳед?

- Дар садри Ислом, замоне, ки ҳазрати Расули акрам(с) аз Маккаи мукаррама ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат карданд дар Мадинаи мунаввара дар баробари мардуми араб, мардуми бумӣ, се қабилае аз қабилаҳои яҳудӣ мезистанд, Расули акрам(с) диданд, ки онҳо ҳамин даҳаи муҳаррамро, дақиқтараш«ошӯро»  рӯзи даҳуми муҳаррамро рӯза медоштанд, Расуллоҳ (с) аз онҳо пурсиданд, ки шумо ба чӣ хотир ин рӯзро рӯза медоред?

Гуфтанд, ки дар ҳамин рӯз Аллоҳ таборака ва таъоло Мӯсо ва қавми Мӯсо яъне бани Исроилро аз азоби Фиръван наҷот дод. Ба ин хотир Мӯсо шукран онро рӯза дошт ва мо низ ба пайравӣ аз ҳазрати Мӯсо ин рӯзро рӯза медорем. Расуллоҳ (с) гуфтанд: «наҳну аҳаққу биМӯсо минкум» (Мо ба Мӯсо аз шумо дида сазовортарем) Расули Худо(с) худ рӯза доштанд ва асҳобро амр карданд, ки рӯза бидоранд. Ин дар садри Ислом соли якуми ҳиҷрӣ буд.

Баъд аз он соли дуюми ҳиҷрӣ вақте ки рӯзаи моҳи шарифи рамазон фарз шуд, ояи карима «Шаҳру рамазоналлзи унзила фиҳил қуръону ҳудал линнос ва баййинотим миналҳудо валфурқон фаман шаҳида минкумуш шаҳра фалясумҳу». Дар ин оят Худованд фармуд, ки касе, ки аз шумо дар моҳ ҳозир бошад пас ин моҳро рӯза бидорад, амр ба рӯза доштан дар моҳи шарифи рамазон қарор гирифт ва (ҳукми А.Н.) рӯза доштани рӯзи даҳуми муҳаррам мансух шуд. Мегӯянд, ки(ба ривояте) дар ин ҷо даҳ рӯзро рӯза медоштанд ва он мансух шуд.

- Назари мазҳаби ҳанафӣ роҷеъ ба рӯзаи рӯзи Ошӯро?

- Дар мазҳаби ҳанафӣ, мувофиқи усули фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ  як амри шаръӣ, ки мансух шуд, зимнан истеҳбоб низ аз байн меравад. Он чиз мустаҳабияташ боқӣ намемонад магар ба далели дигар, ба далели баъдӣ. Яъне рӯза доштани моҳи муҳаррам ба  тамоми рӯзҳо баробар шуд. Носиха боқӣ монд, дигар мустаҳабияташ ҳам аз байн рафт. Ин мазҳаби Ҳанбалӣ аст, ки рӯза доштани даҳаи муҳаррамро мустаҳаб медонанд ва онҳо бо ҳамон ҳадисҳое, ки мансух буданд амал мекунанд.

Аммо дар мазҳаби мо вақте ки ояи карима «фаман шаҳида минкумуш шаҳра фалясумҳу» омад, рӯзаи моҳи муҳаррам ба рӯзаи дигар рӯзҳо баробар шуд. Дар тамоми сана ба ғайр аз моҳи шарифи рамазон рӯзаи нофила баробар аст, магар ҷаноби Пайғамбар (с) як рӯзи иди рамазон ва чор рӯзи иди қурбонро манъ карданд ва фармуданд: «Ало ло тасуму фи ҳазиҳил айём фаиннаҳо айёму аклин ва шурбин ва биъол» гуфтан дар ин рӯзҳо рӯза надоред, ки зеро ин рӯзҳо рӯзҳои хӯрдану нӯшидану бо зан бозӣ кардан аст.

Яъне он чизҳое, ки дар рӯза мамнӯъ аст дар ин рӯзҳо мураххас аст… Он китобҳое, ки бо хатти кирилӣ ҳастанд мегӯянд, ки дар аввали даҳаи моҳи муҳаррам рӯза гирифтан мустаҳаб аст, ин тибқи мазҳаби муҳаддисин, мазҳаби Имом Аҳмади Ҳанбал аст. Тибқи мазҳаби ҳанафӣ нест. Дар мазҳаби ҳанафӣ рӯза доштани ин рӯзҳо ба тамоми рӯзҳои сол баробар аст.

- Тибқи зангҳои телефонии иддае аз шаҳрвандон, гӯё имрӯз дар масоҷиди ҷумъахонӣ роҷеъ ба Ошӯро суханрониҳо мешавад. Тавре медонем ташаййуъ дар ин айём ба азодориву занҷиркӯбӣ машғул мешаванд? Назари Шумо роҷеъ ба ин мавзуъ?

- Яъне аҳли ташайюъ аллакай дар Эрон шурӯъ карданд дар ин рӯзҳо ба азодорӣ ва занҷиркубӣ, ки ин ба муносибати он мусибате, ки дар тарафдорони ҳазрати Алӣ, минбаъд ба тарафдорони Имом Ҳасану Имом Ҳусейн  сурат гирифт ва дар тӯли таърих барои ҳамон равияи аҳли шиъа, ҳамчун як равияи махсусе, ки дорои барои худ як мизони хоси таълимотӣ шуданд, дар таърихҳои асрҳои минбаъда, ин хусусият аҳли шиъаро дорад, дар мазҳаби аҳли суннат ин рӯзҳо азодорӣ гирифта намешаванд.

Ҳатто қисмате аз сӯфиҳои мо, ба ёд дорем амакиҳои мо ба чашмони худ сурма мекашиданд, гӯё, ки як навъ сурур, лекин ин ҳам кори хуб набуд, ки аҳли суннат хилофи худро ба аҳли шиъа нишон бидиҳанду мусибат нагиранд ва як навъ сурма кашидану чизҳое бикунанд.  Махсусан ин чиз ҳам вуҷуд дорад, ки аз тариқи конолҳои махсуси моҳвораӣ, ки аз аҳли ташайюъ ва конолҳои аҳли суннат аз тариқи давлатҳои арабӣ ва дигар ҷоҳо пахш мешаванд, нисбати ҳамдигар бисёр каломҳои носазову нодуруст мегӯянд, ин ба қавли ҳазрати мавлавӣ Ҷомӣ:

«Худоро шукр, ки на аз сагшиъаву на аз харсуннӣ»-ем гуфта, ин бисёр чизи муаммо аст. Яъне мо аҳли суннат вал ҷамоат дар доираи мазҳаби ҳанафӣ ҳастем. Мо эътиқод дорем, ки аҳли байти ҳазрати Расули акрам(с) сазовори қадрдонӣ, эҳтиром, ҳурмат ва дӯстдорӣ ҳастанд. Лекин ин он маъно надорад, ки мо аз ҳамаи таълимоти мазҳаби аҳли суннат вал ҷамоат даст бикашем ва рӯ биорем ба мазҳаби аҳли ташайюъ. Ва он чизе, ки танҳо дин аз тариқи имомони аҳли байт аст, яъне ба мо расидагӣ гуфта, ин хел эътиқод надорем.

Мо ривоятҳои аҳли байт, дар навбати аввал аз ҳазрати Алӣ (к), дуюм аз ҳазрати имом Ҳасану имом Ҳусейн, аз дигар набераҳои онҳо, аз имом Муҳаммади Боқир ва имом Ҷаъфари Содиқ, китобҳои мо аз ривоятҳои эшон пур аст, моло мол аст. Дар он доирае, ки талаботу меъёрҳои муҳаддисҳои аҳли суннат ва фақеҳони аҳли суннат ба онҳо он муносибатеро ба ривоятҳои аҳли байт карданд, ки ба дигар саҳобаҳо карданд. Яъне ҳамон меъёрҳои ташхиси ривоят яксон амалӣ шудааст. Он ривояте, ки ба тариқи сиҳҳат омадааст аз аҳли байт қабул доранд, он ривояте, ки дар онҳо каззобину ваззоъину бофтагарҳову сохтагарони ҳадис вуҷуд дорад, онҳоро қабул накарданд, гар чанде, ки китобҳои аҳли ташайюъ пур аз ривояти онҳо ҳам бошад.

Бинобар ин дар Тоҷикистон суханронӣ дар масоҷиди ҷумъахонӣ роҷеъ ба ошӯро шояд дар ягон масҷид бошад, ман инро гуфта наметавонам, лекин ба таври умумӣ ин чиз вуҷуд надорад. Яъне аҳли ташайюъ агар дар ин рӯзҳо ба азодорӣ ва занҷиркубӣ машғул мешаванд, он ғояҳои таълимотии мактаби эшон аст, бигзор, ки кори худашонро дар доираи таълимоти мазҳабашон кардан бигиранд.

Назари мо дар ин мавзӯъ назари мусбат нест, яъне мо дӯст медорем аҳли байти Расули акрамро ва эътиқод дорем, ки набераи ҳазрати Расул(с) масалан имом Ҳусайн зулман ва ҷабран аз ҷониби ҳукуматдорони давр кушта шуд, лекин ҳар нафаре, ки қатъи назар, ки кӣ набошад, хоҳу нохоҳ ба ҳукумату ва ба сиёсат муқобила кунад, ҳеч кас ба муқобили сиёсиаш гузашт намекунад. Ин кам анадар кам аст, ки дар таърих ба муқобили сиёсӣ гузашт карда бошанд. Ин чиз бисёр ҷойҳои нозукӣ дорад, ки ин на танҳо ба ақида паҳлӯи ин бештар ба сиёсат рафта дакка мехӯрад.

Бинобар ин, ба таври сунъӣ бардоштани ин масъалаҳоро бисёр маззат мекунем, то ин ки байни мо ва байни он мардуми аҳли ташайюъе, ки дар шарқи кишвар (дар садаи гузушта мо бо шиаҳои исмоилӣ шоҳиди ихтилофоти мазҳабӣ набудем ва нахоҳем шуд) зиндагӣ мекунанд, онҳо шиъаҳои исмоилия ҳастанд, умуман азодории расмӣ надоранд, ба фикрам аз замони шӯравӣ ин чизҳо барҳам хӯрдагианд. Ё шояд, шиъаҳои исмоилӣ аз оғоз ҳаминро намекарданд, ман роҷеъ ба ин масъалаи онҳо ягон маълумоти дақиқ надорам, лекин ба ҳар эътибор дар масҷидҳои мо чунин чиз, чунин раҳпаймоиҳо ҳеч гоҳ вуҷуд надоштанд ва вуҷуд нахоҳанд дошт.

- Оё имкон дорад, ки мардуми Тоҷикистон низ бо пайравӣ аз аҳли ташаййуъ ин рӯзро ҷашн гиранд?

- Чунин имконият аз эҳтимол дур аст!

- Дар ҳоле, ки аз ихтилофоти мазҳабӣ гурӯҳҳои алоҳида сӯъиистифода мекунанд, Шумо фикр намекунед, ки аз ҳад беш суолу ҷавоб ва суханронӣ дар чунин мавзуъот боиси ихтилоф мегардад?

-… агар масъалаи аҳли шиъа бошад, дар Тоҷикистон шиъаи Имомия то соли 1992 вуҷуд надошт, яъне имрӯз тавассути баъзе шахсони алоҳидае, ки ба шиъа гароиш кардагӣ ҳастанд, тавассути талабаҳое, ки дар ҳавзаҳои Қум, Наҷаф дигар ҳавзаҳое, ки дар Эрон вуҷуд дораду баъзе толибҳое, ки хонда омаданд, мумкин аст, ки ҳамин масъалаҳоро роҷиъ ба таълимоти онҳо кор дошта бошанд.

Аммо ман фикр мекунам, ки шиъаҳо (-и дувозадаҳимома А.Н.) ба он сарҳаде расидагӣ нестанд, ки боиси ихтилоф дар ҷомеаи Тоҷикистон гарданд. Лекин аллакай дар қисматҳои ноҳия Ғозималик (Хуросони кунунӣ), қисматҳои Шаҳри нав, қисматҳои ноҳияи Ҳисор, тарафҳое, ки  ба ҳамин Эсамбою ба Хуросон наздиктар аст, аллакай ин гурӯҳҳо кам-кам пайдо шуда истодаанд, ки боиси ташвиш ва нигаронӣ шуда метавонад.

-Имкон дорад, ки бо афзудани афроди гаравида ба мазҳаби аҳли ташайуъ (имомия) ва талаби онҳо ин рӯз дар баробари Иди Рамазону Қурбон расман Ошӯро таҷлил гардад?

- Агар тариқи расмият бошад, албатта давлатиТоҷикистон бо ҳамроҳии давлати Эрон инҳо шарикҳои боэътимод ҳастанд, шарикҳои стротегӣ ҳастанд, дар сатҳи бисёри барномаҳои давлатӣ ҳамкории наздик доранд, аз ҷумла дар барномаи энергетикии кишвар саҳми Ҷумҳурии исломии Эрон бисёр назаррас аст ва муносибатҳои неки инҳо якумин сафоратхона дар Тоҷикистон аз тарафи Эрон кушода шуд, муносибатҳои неки инҳо мазмуни онро надорад, ки мо мазҳаби расмии аҳли шиъаро қабул кунем ва дар сатҳи расмӣ мо идҳои онҳоро дар баробари идҳои дигар мусалмонон ба монанди иди Рамазону иди Қурбон таҷлил кунем. Ин чиз аз эҳтимолу имконият бисёр ба дур аст.

- Роҷеъ бо баҳсҳое, ки миёни гурӯҳҳои алоҳида оид ба сунниву шиъӣ ё ҳанафиву салафӣ гаҳ-гоҳе ошкору пинҳон сурат мегирад, чӣ андеша доред?

- Мо равияи ҳанафии аҳли суннат равияи мӯътадил  ҳастем. Бинобар мӯътадилияти афкори имоми мо бинед, ки аз се ду ҳиссаи мусалмонони дунё ба мазҳаби ҳанафӣ гироиш доранд. Махсусан давлатҳои Осиёи Миёна. Ин натиҷаи он аст, ки яъне муътадилияти таълимоти ҳанафӣ дар сатҳи эътиқод, дар сатҳи ин, ки ба ҳар як чиз дар ҳол хӯрда гирифтану бидъату ширку чизҳои ноҷӯрро истеъмол карданд, ки масоили ихтилофӣ ҳам бошанд, масоили ихтилофӣ набояд, ба доираи  ташдид қарор бигиранд. Ҳар касе, ки дар масоили ихтилофӣ андеша дорад, бояд фикри худро дар болои дигарон таҳмил накунад.

Лекин бо вуҷуди ин мо тайи солҳое, ки дар ҳамин Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекардем, бо ҳамаи ин гурӯҳҳо гуфтушунидҳо доштем, албатта ва гуфтушунидҳои мо дар сатҳи мӯътадил буданд ва имрӯз ҳам бояд, ки бошад. Лекин ман гумон намекунам, ки имрӯз касе худро ба таври расмӣ салафӣ бигӯяд чунки Қонуни ҶТ ин чизро манъ мекунад, хоҳу нохоҳ аз он андешаҳо пуштибонӣ мекунанд, лекин ҳеҷ номи салафӣ ба худ намегиранд. Аҳли шиъӣ ҳам, ки бошанд, дар байни сунниву шиъаҳо дар Тоҷикистон гуфтугӯҳо ҳанӯз ба сатҳе, ки ба ихтилоф бикашад, вуҷуд надорад.

- Ташаккур,барои чунин як суҳбати самимӣ!

-Ба шумо низ бурдборӣ мехоҳам.

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #6 Guest 11.12.2011 10:08
симои хама кушода мешавад.хам суннигарову хам шиагарохо. паёмбари бузургамон фармудаанд: кулли сирхо ошкоршавандаанд . барои хамин дустони ирониамонро зарур аст ки бехуда маблаггузори карда баьзе мардуми гумрохранги моро шиазасия накунанд ки фитна ба вучуд меояд.бигзор вайхо ба мазхаби худашон бошанд, мо ба мазхаби худамон. ба чои ин сардаргумисозих о хамон накби(тунелли) пусидаро бозсози фармоед, ин хидмати таърихи хохад буд..
 
 
+1 #5 Guest 04.12.2011 04:01
idomai qabli

2/ ammo inki guftand ki dar mazhabi ahli sunnt azodori dar oshuro girifta nameshavad. az du holat khorij nest yo domllo medonad ki sukhnash nosavob ast vale nametavonad biguyad va yo in ki domllo az torikh khbar nadorad (khohiahan ba torikhi saljuqiyon dar osyoi miyona dar borai azodori ahli sunnat dar oshuro murojiat shavad).
3/ domlloi muhtaram agar farzandi shumoro bo labi tashna sar biburrand va zanonu farzandonashro ba asiri bibarand. oyo shumo boz hah bo guftani yak jumla ki chun bar ziddi siyosati raft kushta shud tamom ... yo ki az on siyosateki uro kushta ast bezori mejui...
 
 
-1 #4 Guest 04.12.2011 03:59
bo salom va tashakur az domlloi muhtaram va tahiya kunandai guftugu. chand nuktaro dar borai suhbati domlloi muhtaram guftaniam:
1/ domlloi muhtara guftand ki ruzai oshuro bo oyati ruza naskh shuda ast dar hole ki chunin nest . va az nazari ilmi tafsir boyad baeni nosikh va mansukh robitai nosikhiyat ast dar hole ki dar injo chunin nest.

4/ payombar oyo az kushta shudani husen rozi bud? agar rozi nabud. ki qatan rozi nabud ... shumo chiguna bo guftani sukhnoni be dalel hamdardi bo payombar ro man namuda va megiyed ki ajli sunnat azodori va handardi bo payombar namekunand?
 
 
0 #3 Guest 03.12.2011 20:58
то ҷое, ки ман медонам аҳли ташайюъ ин рӯзро ҷашн мегиранд. ин мардум барои наздикони мотам намегиранд чӣ ба расад имом Ҳусайн. Агар ҷашн намегирифтанд,ч аро ба суги падараш Алӣ ва бародараш Ҳасан наменишинанд?
 
 
0 #2 Guest 03.12.2011 20:53
салом, дӯстам гапатон дуруст, дар вақташ рӯзи ошӯро рӯзи мотам буд, ҳоло бошад барои навпайравони аҳли байт ид аст, аз ин хотир онро ҷашн мегиранд ва ин мавзӯъ аҳамияти азодорӣ ва ба суг нишастанашро кайҳо боз ба гум кардааст. магар намедонӣ, маҳз барои ҳамин рӯз ба зоҳир гиря мекунанду ба ботин механданд. шодиву фараҳашон аз ҳад зиёд мешавад ва барои ин рӯз расман чан рӯз рухсатии омма низ эълон мекунанд
 
 
+1 #1 Guest 02.12.2011 18:43
Эй бародари азиз, Охир Ошуроро чашн намегиранд ва тачлил намекунанд. Ин иборахоро истифода бурдан нишондихандаи бехабарии мусохибагиранда аз мавзуи мусохиба мебошад. Ошуро рузи мотам хисоб аст дар ин руз мотам мегиранд ва азодори мекунанд. Чи хел чашн мегиранд? Магар касе рузи мурдан ва шахид шудани Имом Хусейнро чашн мегирад? Ин масъаларо дар мусохибаатон ислох кунед, Амруллохи Низом, ки худ саводи дини доред.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi