«МЕГАФОН» БА МУШТАРИИ МИЛЛИОНУМАШ ХОНА ТАҚДИМ КАРД
13.01.2012 22:54
1419
12-уми январи соли ҷорӣ ба шабакаи ширкати «МегаФон» муштаии 1000000 –умин пайваст шуд. Муштарии фахрӣ ва барандаи хонаи ширкати «МегаФон» Зулфия Мирзоқандова, сокини 40 солаи ноҳияи Бохтар, ҷамоати Истиқлол, деҳаи Тоҷикбаталён мебошад.
БАР ИВАЗИ ҲУКМИ ҚАТЛ. АФЗОИШИ ҲАБСҲОИ ЯКУМРӢ
13.01.2012 15:14
1395
Ба иттилои мақомоти Додгоҳи Олии Тоҷикистон, дар як соли ахир теъдоди маҳкумшудагон ба ҷазои ҳабси абад 4 маротиба бештар шудааст. Нусратулло Абдуллоев , раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон, рӯзи ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт ...
"ТОҶИКСТАНДАРТ": ҲИСОБКУНАКҲО БА МЕЪЁР ҶАВОБГӮ НЕСТАНД
12.01.2012 22:21
1658
Оҷонсии “Тоҷикстандарт” мегӯяд, соири "счетчик" ё ҳисобкунакҳои насбкардаи “Барқи тоҷик” дар ҷумҳурӣ аз санҷиши ин оҷонсӣ нагузашта ва ба меъёр ҷавобгӯ нестанд. Бахтиёр Шукуров , раиси Оҷонсии “Тоҷикстандарт” рӯзи 12 январ гуфт, "ҳоло ширкати "Барқи тоҷик" ...
НОМА БА КАРИМОВ: "ВАГОНҲОРО РАҲО КУНЕД"
11.01.2012 15:27
1280
Ҷамъияти узбактаборон ва тоҷирони Хатлон аз Ислом Каримов хостаанд, ки дар раҳоии вагонҳояшон мусоидат кунад. Саидҷон Ёдгорӣ, муовини раиси хадамо - ти боркашонии ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо тасдиқи ин хабар гуфт, айни ҳол дар қаламрави Узбакистон ...
"МОВАРОУННАҲР" ДАР ЗАРРАБИНИ ДОДСИТОНӢ
10.01.2012 23:08
1321
Мақомоти додситонии кул мегӯянд, тафтиши такрории ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр"-ро доир хоҳанд кард. Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки таҳқиқи ду парвандаи дигари ҷудогона алайҳи Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати “Мовароуннаҳр”-ро анҷом дода ...
ДОДСИТОНИИ КУЛ: АФЗОИШИ ҶАРОИМИ САНГИН ДАР ТОҶИКИСТОН
10.01.2012 22:51
1283
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки мизони ҷароими сангин дар соли 2011 дар ин кишвар дар муқоиса бо даврони мушобеҳ дар соли 2010 15 дар сад афзоиш ёфтааст. Иртикоби ҷароим аз сӯйи кӯдакон ва навҷавонони зери 18-сола низ дар ин даврон афзоиш ...
ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА МАҚОМИ ДАНҒАРА
10.01.2012 22:48
1448
Сохтмони фурудгоҳи байналмилалӣ дар Данғара пешгӯиҳои пойтахти кишвар интихоб шудани ин ноҳияро бештар кардааст. Муовини раиси Данғара Маҳмадюсуф Шоев гуфт, сохтмони фурудгоҳи байналмилаии ин ноҳия баробари ба ҷойи дигар кӯч додани хатти роҳи оҳан аз сар гирифта хоҳад шуд.
МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИШКОШИМ: ЗАМИНЕ САНГЛОХ ВА ДИГАР ҲЕЧ
09.01.2012 20:05
1362
Дар сурати ба фаъолият оғоз кардани минтақаи озоди иқтисодии мавсум ба “Ишкошим” дар марҳилаи аввал он метавонад барои беш 500 нафар аз сокинони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуғл фароҳам кунад.
РАҲМОНОВ: "МЕХОҲЕМ ДАР МАОРИФ ФАСОД НАБОШАД, АММО..."
09.01.2012 15:48
1373
Чаҳор корманди дастгоҳи Вазорати маориф ба далели даст доштан дар фасоди молӣ аз кор ронда шудаанд. Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, даст доштани устодони донишгоҳҳо дар фасоди молиро мояи таассуф номид.
ДАСТГОҲҲОИ "КӮҲНА" Ё БЕНЗИНИ "ТАҚАЛЛУБӢ"?
08.01.2012 21:35
1206
Оҷонсии "Тоҷикстандарт" дар минтақаи Кӯлоб аз болои намояндагии «Газпромнефт»-и Русия ба додгоҳ шикоят бурдааст. Оҷонсии мазкур ширкати «Газпромнефт»-ро дар насупурдани ҷарима ба миқдори 7-ҳазор сомонӣ муқассир медонад.
ЗИНДАГИИ ҲАМРОҲ БО ХАТАРИ ГАЗИ ҒУБОР
08.01.2012 21:32
1210
Мақомоти тоҷик мегӯяд, ки зарфи як моҳи охир бар асари олудагӣ ба гази ғубори ангишт беш аз 10 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ҳодисаи олудагӣ ба ғази ғубор ё угар ва афзоиши маргу мир ба асари он, зарфи чанд соли охир дар Тоҷикистон афзоиш доштааст.
ФУРӮШИ АСЛИҲА ДАР ТОҶИКИСТОН. ФОИДАИ ИҚТИСОДӢ Ё НИЗОЪ?
07.01.2012 20:11
1331
Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, як сокини шаҳри Душанберо ба иттиҳоми фурӯши силоҳ боздошт кардаанд. Ин боздоштшуда, ки аз ӯ ба далели ифшо нашудани сирри идомаи амалиёт ном бурда намешавад, як сокини 27-солаи пойтахти Тоҷикистон будааст.
ШОҲИД: ТАХРИБИ РОҲИ ОҲАН ДАР АМУЗАНГ ТЕРРОРИЗМ НЕСТ
07.01.2012 12:56
1213
Хабарнигори Евразиянет.орг аз қитъаи роҳи оҳани Амузанг боздид намуда, талош кардааст, то ҳақиқати ҳол рӯшан бишавад. "Роҳи оҳани Узбакистон ба асари ҳамлаи террористӣ тахриб нашудааст." Ин хулосаи хабарнигори торнамои Евразиянет.орг аст, ки ...
ТОШКАНД ЛУЛАИ ГАЗРО БАРОИ ТОҶИКИСТОН ДУБОРА БОЗ КАРД
06.01.2012 13:33
1392
Интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистон бештар ва нархи он камтар мешавад. Ба дунболи сафари ҳайати баландпояи Тоҷикистон таҳти сарварии ноиби сарвазир Муродалӣ Алимардон ба Тошканд созишномаи нави интиқоли гази табиӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон...
"ТАЛКО": АГАР УЗБАКИСТОН ГАЗ НАДИҲАД...
05.01.2012 23:52
1360
Ширкати алюминийи тоҷик ё "Талко" бо охирин захираи газе, ки дар лӯлаҳо боқӣ мондаанд, кор мекунад. Идораи "Тоҷиктрансгаз" мегӯяд, корхонаи муҳими алюминийи Тоҷикистон - "Талко" бо охирин захираи газе, ки дар даруни лӯла ё трубаҳои газ боқӣ мондааст, мечархад.
















