Баҳси хунини 100 кило ҳероин. Оғози мурофиаи “Ҳоҷӣ Самандар”
10.06.2015 23:39
1423
Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи пурсарусадои “Ҳоҷӣ Самандар”, ки ба қатли ду бародар барои пули маводи мухаддир айбдор мешавад, шурӯъ кардааст.
Сурайё аз рашк даст ба худкушӣ зад ва ҷон дод
10.06.2015 23:38
1322
Зане, ки аз дидани як зани дигар дар мошини ҳамсараш ба хашм омада буд, бо бензину гӯгирд ба коргоҳи шавҳараш омада, дар пеши чашми одамон худро оташ задааст.
Додгоҳ мегӯяд, даъватшаванда аз мошин ҷаҳид ва маҷрӯҳ гашт
10.06.2015 23:36
1400
Додгоҳ гуфт, латукӯби СаидалӣҲақбердиев, ҷавоне аз Панҷакент аз ҷониби афсари собиқи комиссариати ҳарби ин маҳал ҳангоми даъвати маҷбурӣ ба хидмати ҳарбӣ исбот нашуд ва фарзияи аз мошин ҷаҳида ҷароҳатҳо бардоштани вайро пазируфт.
"Шайх Темур" бисёрзаниро пазируфт, аммо "даъвои паёмбарӣ"-ро рад кард
10.06.2015 23:34
1201
Ҳарчанд "Шайх Темур" дар ибтидо ба "иддаои паёмбарӣ" муттаҳам мешуд, дар парвандаи ҷиноятӣ алайҳи вай чунин иттиҳом ворид нашудааст ва ҳатто зимни мурофиа баррасӣ нагардид.
Озода Раҳмон: 40%-и аҳолии Тоҷикистон аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд
08.06.2015 23:38
1172
Озода Раҳмон, муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон, гуфт, ки дар ҳоли ҳозир чиҳил дарсади аҳолии кишвар барои дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ мушкил доранд.
Пулиси Молдова: "Эмиссар"-и ДОИШ худро Маҳмадулло Нарзуллоев муаррифӣ кард
08.06.2015 23:35
1212
Пулиси Молдова дар як нома ба мо гуфт, шиносномаи "эмиссар"-и дар ин кишвар дастгиршудаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба номи шаҳрванди Тоҷикистон Маҳмадулло Нарзуллоев будааст.
Додситонии кулл Ҳалимовро ба хиёнат ба давлат айбдор кард
03.06.2015 23:49
1289
Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ эълон кард, ки Гулмурод Ҳалимов дар ивази пул ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваста, аммо касеро аз ҳамсафони собиқаш бо худ набурдааст.
Сояи "агент" бар сари созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон
03.06.2015 23:45
1160
Талоши созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ба пешгирӣ аз тағйири Қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ натиҷа надодаанд ва эҳтимол меравад, ки ин илова ба тасвиб хоҳад расид.
"Сарфарози Оламафрӯз" нопадид шудааст
02.06.2015 15:59
1265
Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми рахна задан дар почтаи электронии яке аз сафоратҳои Тоҷикистон ва шикастани қуфли почтаи нашрияи “Вечерка” аз тарафи Интерпол ҷустуҷӯ мешуд, наздик ба ду ҳафта аст, ки нопадид гаштааст.
Номи қотили Умаралӣ Қувватов то ҳол маълум нашудааст
02.06.2015 15:55
1213
Наздикони УмаралӣҚувватов, раҳбари кушташудаи “Гурӯҳи 24” мегӯянд, бо гузашти қариб 3 моҳ аз қатли ӯ дар Истамбул пулис ҳанӯз ҳуввияти қотилро мушаххас накардааст ва дар чорчӯби ин парванда танҳо Сулаймон Қаюмов дар боздошт боқӣ мемонад.
Ҷузъиёти даргирӣ дар наздикиҳои сафорати Тоҷикистон дар Кобул
27.05.2015 21:31
1283
Тамоми шаби сешанбе ба чаҳоршанбе дар як меҳмонсарои қисмати дипломатии Кобул бо шӯришиёне, ки ба ин меҳмонсаро ҳамла карданд, даргирӣ идома дошт. Ин даргириҳо бо дамидани субҳи 27 май бо қатли 4 шӯришӣ ба поён расид.
Боздошти фиристодаи «Давлати исломӣ» бо шиносномаи тоҷикӣ
27.05.2015 21:29
1356
Пулиси Молдова аз боздошти дастикам 11 нафари гумонбар ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» хабар дод. Яке аз онҳо бо худ шиносномаи тоҷикӣ доштааст.
Ноиби раиси БДА: "Агар нозирон набошанд, вазъи хиёбонҳо баҳам мехӯрад"
25.05.2015 09:22
1471
Мирзо Сафаров, муовини раиси Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, ки аксари ронандагон қоидаҳои ҳаракатро риоя накарда, гоҳе мехоҳанд болои нозирони БДА низ фишор оваранд.
Дар ҷустуҷӯи "полковник"-и Додситонии кулл
25.05.2015 09:08
1313
Як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, барои аз қисми низомии Хоруғ ба пойтахт овардани писараш ба як "полковник"-и Додситонии кулл 750 доллар ва 20 ҳазор рубл дода, вале ӯро пайдо карда наметавонад.
Ба таври мармуз ғайб задани як нозири Раёсати маҳбасҳо
25.05.2015 09:04
1249
Наздикони Ҷӯрабек Дӯстов, маъруф бо лақаби "Дустум" - нозири бахши махсуси Раёсати зиндонҳои Тоҷикистонро дар кӯҳу дараи кишвар мекобанд. Аммо иддае мегӯянд, ки ӯҳам ба Сурия рафтааст.
















