21:55:59 15-уми Июни 2026 сол
Ҷузъиёти даргирӣ дар наздикиҳои сафорати Тоҷикистон дар Кобул 27.05.2015 21:31 1320
Тамоми шаби сешанбе ба чаҳоршанбе дар як меҳмонсарои қисмати дипломатии Кобул бо шӯришиёне, ки ба ин меҳмонсаро ҳамла карданд, даргирӣ идома дошт. Ин даргириҳо бо дамидани субҳи 27 май бо қатли 4 шӯришӣ ба поён расид.
Боздошти фиристодаи «Давлати исломӣ» бо шиносномаи тоҷикӣ 27.05.2015 21:29 1391
Пулиси Молдова аз боздошти дастикам 11 нафари гумонбар ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» хабар дод. Яке аз онҳо бо худ шиносномаи тоҷикӣ доштааст.
Ноиби раиси БДА: "Агар нозирон набошанд, вазъи хиёбонҳо баҳам мехӯрад" 25.05.2015 09:22 1501
Мирзо Сафаров, муовини раиси Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, ки аксари ронандагон қоидаҳои ҳаракатро риоя накарда, гоҳе мехоҳанд болои нозирони БДА низ фишор оваранд.
Дар ҷустуҷӯи "полковник"-и Додситонии кулл 25.05.2015 09:08 1343
​Як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, барои аз қисми низомии Хоруғ ба пойтахт овардани писараш ба як "полковник"-и Додситонии кулл 750 доллар ва 20 ҳазор рубл дода, вале ӯро пайдо карда наметавонад.
Ба таври мармуз ғайб задани як нозири Раёсати маҳбасҳо 25.05.2015 09:04 1285
Наздикони Ҷӯрабек Дӯстов, маъруф бо лақаби "Дустум" - нозири бахши махсуси Раёсати зиндонҳои Тоҷикистонро дар кӯҳу дараи кишвар мекобанд. Аммо иддае мегӯянд, ки ӯҳам ба Сурия рафтааст.
Нигоҳи GFP ба заъфҳо ва қувватҳои артиши Тоҷикистон 25.05.2015 08:36 1289
"Global Firepower" (GFP) нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро аз нигоҳи иқтидор дар байни артишҳои Осиёи Марказӣ дар ҷои чорум ва дар ҷаҳон дар ҷои 81-ум гузоштааст. Артиши Узбакистонро дар ин раддабандӣқавитарин артиши минтақа донистаанд.
Ҷасади се сокини Рӯшонро то ҳол наёфтаанд 25.05.2015 01:29 1186
Наздикони Алидод ва бародарон - Саидқадаму Худойбердӣ мегӯянд, ки ҳарчанд ҳашт ҳашт рӯз боз ҷустуҷӯи ҷасади онҳо дар дарёи Панҷ ва атрофи он идома дорад, аммо ҳанӯз ба натиҷае нарасидаанд.
Махфигоҳи "Ҳизб-ут-таҳрир" дар маҳбаси "Кирпичний" 20.05.2015 22:53 1214
Дар додгоҳи Ваҳдат мурофиаи 12 маҳкумшуда ба иттиҳоми узвият дар "Ҳизб-ут-таҳрир" оғоз шудааст, ки дар дохили зиндони "Кирпичний" махфигоҳи телефону дастгоҳҳои сабтро созмон доданд.
Тасвиби созишномаи Тоҷикистону Чин - шонсе барои афви маҳбусони тоҷик 20.05.2015 22:52 1218
Парлумони Тоҷикистон бо татбиқи “Созишномаи Тоҷикистону Чин “дар мавриди бозпас гардонидани маҳкумшудагон”, мехоҳад 16 шаҳрванди худро аз зиндонҳои Чин раҳо кунад.
Се тоҷики боздоштшуда дар Миср раҳо мешаванд ё ҷазо мегиранд? 20.05.2015 22:50 1309
Бо вуҷуди гузашти бештар аз ним сол аз боздошти се шаҳрванди Тоҷикистон дар Миср, додгоҳҳукми онҳоро содир накардааст ва қарор аст, муҳокимаи онҳо рӯзи 10-уми июн баргузор шавад.
Ҷузъиёти қазияи “бомба” дар ҳавопаймои Душанбе – Маскав 20.05.2015 22:49 1302
Занги як нафари ношинос дар бораи вуҷуди маводи тарканда дар ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” сабаби дармондани мусофирони парвози Душанбе – Маскав дар фурудгоҳи “Домодедово”и шаҳри Маскав шуд.
"East Air" аз Тоҷикистон рафт 20.05.2015 22:47 1301
Ширкати “East Air” ҳамаи ҳавопаймоҳояшро аз қайди Тоҷикистон бароварда ва ба кишварҳои дигар фиристодааст.
Осеби сел дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Истаравшан ва Ашт 18.05.2015 21:34 1636
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз марги ду духтари ҷавон дар пайи омадани сел дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод. Ин сел дар Истаравшану Ашт қисме аз роҳҳоро хароб карда, чанд мошинро бурдааст.
Вазорат: Тоҷикистон 14000 танфурӯш ва 30000 ҳамҷинсгаро надорад 18.05.2015 21:33 1267
Як мақоми баландпояи Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилои Бунёди ҷаҳонии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷаро дар бораи теъдоди танфурӯшону ҳамҷинсгароёни тоҷик "тахминӣ ва бепоя" хонд.
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи "иҷозатнома"-и ришу ҳиҷоб 18.05.2015 21:30 1310
Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи омода ва паҳн кардани иҷозатномаи қалбакӣ аз номи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар бораи доштани ришу ҳиҷоб парванда боз кардааст.