14:48:17 01-уми Майи 2026 сол
Боздошти фиристодаи «Давлати исломӣ» бо шиносномаи тоҷикӣ 27.05.2015 21:29 1356
Пулиси Молдова аз боздошти дастикам 11 нафари гумонбар ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» хабар дод. Яке аз онҳо бо худ шиносномаи тоҷикӣ доштааст.
Ноиби раиси БДА: "Агар нозирон набошанд, вазъи хиёбонҳо баҳам мехӯрад" 25.05.2015 09:22 1471
Мирзо Сафаров, муовини раиси Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, ки аксари ронандагон қоидаҳои ҳаракатро риоя накарда, гоҳе мехоҳанд болои нозирони БДА низ фишор оваранд.
Дар ҷустуҷӯи "полковник"-и Додситонии кулл 25.05.2015 09:08 1313
​Як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, барои аз қисми низомии Хоруғ ба пойтахт овардани писараш ба як "полковник"-и Додситонии кулл 750 доллар ва 20 ҳазор рубл дода, вале ӯро пайдо карда наметавонад.
Ба таври мармуз ғайб задани як нозири Раёсати маҳбасҳо 25.05.2015 09:04 1249
Наздикони Ҷӯрабек Дӯстов, маъруф бо лақаби "Дустум" - нозири бахши махсуси Раёсати зиндонҳои Тоҷикистонро дар кӯҳу дараи кишвар мекобанд. Аммо иддае мегӯянд, ки ӯҳам ба Сурия рафтааст.
Нигоҳи GFP ба заъфҳо ва қувватҳои артиши Тоҷикистон 25.05.2015 08:36 1257
"Global Firepower" (GFP) нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро аз нигоҳи иқтидор дар байни артишҳои Осиёи Марказӣ дар ҷои чорум ва дар ҷаҳон дар ҷои 81-ум гузоштааст. Артиши Узбакистонро дар ин раддабандӣқавитарин артиши минтақа донистаанд.
Ҷасади се сокини Рӯшонро то ҳол наёфтаанд 25.05.2015 01:29 1158
Наздикони Алидод ва бародарон - Саидқадаму Худойбердӣ мегӯянд, ки ҳарчанд ҳашт ҳашт рӯз боз ҷустуҷӯи ҷасади онҳо дар дарёи Панҷ ва атрофи он идома дорад, аммо ҳанӯз ба натиҷае нарасидаанд.
Махфигоҳи "Ҳизб-ут-таҳрир" дар маҳбаси "Кирпичний" 20.05.2015 22:53 1175
Дар додгоҳи Ваҳдат мурофиаи 12 маҳкумшуда ба иттиҳоми узвият дар "Ҳизб-ут-таҳрир" оғоз шудааст, ки дар дохили зиндони "Кирпичний" махфигоҳи телефону дастгоҳҳои сабтро созмон доданд.
Тасвиби созишномаи Тоҷикистону Чин - шонсе барои афви маҳбусони тоҷик 20.05.2015 22:52 1182
Парлумони Тоҷикистон бо татбиқи “Созишномаи Тоҷикистону Чин “дар мавриди бозпас гардонидани маҳкумшудагон”, мехоҳад 16 шаҳрванди худро аз зиндонҳои Чин раҳо кунад.
Се тоҷики боздоштшуда дар Миср раҳо мешаванд ё ҷазо мегиранд? 20.05.2015 22:50 1282
Бо вуҷуди гузашти бештар аз ним сол аз боздошти се шаҳрванди Тоҷикистон дар Миср, додгоҳҳукми онҳоро содир накардааст ва қарор аст, муҳокимаи онҳо рӯзи 10-уми июн баргузор шавад.
Ҷузъиёти қазияи “бомба” дар ҳавопаймои Душанбе – Маскав 20.05.2015 22:49 1268
Занги як нафари ношинос дар бораи вуҷуди маводи тарканда дар ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” сабаби дармондани мусофирони парвози Душанбе – Маскав дар фурудгоҳи “Домодедово”и шаҳри Маскав шуд.
"East Air" аз Тоҷикистон рафт 20.05.2015 22:47 1270
Ширкати “East Air” ҳамаи ҳавопаймоҳояшро аз қайди Тоҷикистон бароварда ва ба кишварҳои дигар фиристодааст.
Осеби сел дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Истаравшан ва Ашт 18.05.2015 21:34 1610
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз марги ду духтари ҷавон дар пайи омадани сел дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод. Ин сел дар Истаравшану Ашт қисме аз роҳҳоро хароб карда, чанд мошинро бурдааст.
Вазорат: Тоҷикистон 14000 танфурӯш ва 30000 ҳамҷинсгаро надорад 18.05.2015 21:33 1244
Як мақоми баландпояи Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилои Бунёди ҷаҳонии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷаро дар бораи теъдоди танфурӯшону ҳамҷинсгароёни тоҷик "тахминӣ ва бепоя" хонд.
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи "иҷозатнома"-и ришу ҳиҷоб 18.05.2015 21:30 1277
Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи омода ва паҳн кардани иҷозатномаи қалбакӣ аз номи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар бораи доштани ришу ҳиҷоб парванда боз кардааст.
Размоиши низомӣ дар марз аз Хатлон то Бадахшон 18.05.2015 21:23 1508
Марҳилаи аввали размоиши низомии кишварҳои узви СПАД дар манотиқи марзӣ бо Афғонистон, ки аз ноҳияи марзии Шаҳритуси Хатлон то Дарвози Бадахшонро фаро гирифт, поён ёфт.