14:47:50 01-уми Майи 2026 сол
Парванда алайҳи зане дар Суғд, ки $1 млн.-ро аз худ кардааст 12.05.2015 23:23 1266
Дар вилояти Суғд алайҳи як зан, ки бо ваъдаи додани фоидаи зиёд беш аз 50 миллион рубли русӣ (ҳудуди 1 миллион доллар)-и сокинонро аз худ кардааст, парванда боз шудааст.
Р. Раҳимзода: Қариб 390 тоҷик ба ҷиҳодиҳо пайвастаанд 11.05.2015 23:58 1087
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ мушаххас кардааст, ки 386 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ, Афғонистон ва Покистон ширкат доранд.
Поёни "даъвои пайғамбарӣ". Парвандаи Шайх Темур дар роҳ ба додгоҳ 11.05.2015 23:52 1092
Мақомот таҳқиқи парвандаи Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф бо лақаби "Шайх Темур"-ро, ки гӯиё "даъвои пайғамбарӣ" мекард, ба анҷом расонда, мунтазири хулосаи досдитони кулл будаанд.
Душанбе дар меҳвари муборизаи ҷаҳонии зидди маводи мухаддир 11.05.2015 23:51 1217
Душанбе то ду ҳафтаи дигар мизбони чаҳор нишасти муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ дар заминаи ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир хоҳад буд.
ДОИШ дар ивази бозгашти Гулрӯ ба Тоҷикистон 3 тифлашро хостааст 11.05.2015 23:48 1095
"Давлати исломӣ" ба Гулрӯ Олимова, шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон, баъди марги ҳамсараш дар Ҳалаб шарт гузоштааст, танҳо дар сурати ба онҳо додани се кӯдакаш метавонад он ҷоро тарк намояд.
Садои тирпаррониҳои Афғонистон дар Тоҷикистон шунида мешавад 06.05.2015 21:49 1194
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, даргириҳои шимоли Афғонистон ба вазъи марз таъсире нагузоштаанд, вале коршиносон бар инанд, ки таҳаввулоти ахир дар Кундуз набояд нодида гирифта шавад.
Смартфонҳои ҷавонони тоҷик: Дастёр, манбаи дониш ё фаҳшо? 06.05.2015 21:48 1435
Як пажӯҳиши нав дар бораи истифодаи телефонҳои ҳамроҳ дар Тоҷикистон маълум кардааст, ки бештар аз 66 % ҷавонон тарафдори истифодаи телефони ҳамроҳ дар ҷараёни таълим ҳастанд.
Ҷазои шаш сарбози ВКД барои шикастани ҷоғи ҳамхидматашон 06.05.2015 21:19 1214
Додгоҳиҳарбии гарнизони Душанбе шаш сарбози Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро барои шикастани ҷоғи ҳамхидматашон Акбархӯҷа Абдураҳмонов аз 2 то 2.5-солӣ ба зиндон фиристод.
Ҷустуҷӯи даво ва сипари зидди ҷалби ҷавонон ба Сурия ва Ироқ 06.05.2015 21:17 1151
Ҷорӣ кардани дарси “Таърихи ислом” дар мактабҳо ва таъсиси зиндони ҷудогонаи тундгароёни мазҳабӣ аз пешниҳодҳое буданд, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон пас аз як пажӯҳиш ба миён гузошт.
Писари яке аз сарони Фронти Халқӣ дар Сурия кушта шуд 06.05.2015 21:10 1276
Ба иттилои Раёсати умури дохилии Хатлон, ахиран боз як ҷавони тоҷик - Сафар Рустамов, писари яке аз фармондеҳони собиқи Фронти халқӣ дар ҷангҳои Сурия кушта шудааст.
ВКД ва КДАМ номанависони зидди омӯзгорони Раштро ёфтанд 06.05.2015 21:07 1131
Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вуҷуди се номаи таҳқиромез зидди омӯзгорон ва мудири мактаби 44-ро дар Раштро тасдиқ карда, аммо онро "ҳосил"-и хусумати шахсӣ хондаанд.
Видеои латту кӯби бародарон Собировҳо аз сӯи пулиси Русия 03.05.2015 23:41 1159
Маъмурони пулис баъди он ки фаҳмидаанд, лаҳзаҳои латту кӯб дар дурбинҳои назоратӣ сабт шудааст, ба Кумитаи тафтишотӣ шикоят кардаанд. Онҳо гуфтаанд, аввал бародарон Собировҳо дарафтоданд.
Дар Тоҷикистон 14000 танфурӯш ва 30000 марди ҳамҷинсгаро будаанд 02.05.2015 23:13 1649
​Бунёди ҷаҳонии зидди СПИД, сил ва вараҷа дар як гузорише мегӯяд, дар Тоҷикистон дар соли гузашта 14 ҳазор танфурӯш ва 30 ҳазор мардони ҳамҷинсгаро будаанд.
Даъваткунандаи "ҷиҳод" дар Сурия 13,5 сол гирифт 30.04.2015 09:30 1483
Додгоҳи ноҳияи Исфара дар шимоли Тоҷикистон сокини 31-солаи деҳаи Зархоки ин ноҳия Турсунов Абдуваққосро, ки мехост барои "ҷиҳод" ба Сурия равад ба муҳлати 13 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.
Гумонбарони "дедовшина": Ҷоғи сарбози ҷавонро нашикастаем 30.04.2015 09:27 1262
Дар Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе муҳокимаи 6 сарбози нерӯҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон идома дорад, ки ба бадрафторӣ нисбат ба ҳамхизмати худ ва паст задани шаъну эътибори ӯ муттаҳам мешаванд.