Парванда алайҳи 18 сокини Тоҷикистон барои харидуфурӯши кӯдак
26.04.2015 22:51
1175
Мақомоти Тоҷикистон алайҳи 18 шаҳрванди кишвар бо ҷурми харидуфурӯши кӯдак парвандаи ҷиноӣ боз карданд ва мегӯянд, ин мавридҳо дар чанд моҳи аввали соли 2015 сабт шудаанд. Харидорону фурӯшандагони кӯдакон дар Тоҷикистон аксаран занон будаанд ва дар ин муомилоти ғайриқонунӣ бештар кӯдакони ҷинси мард харидуфурӯш мешаванд.
Ба духтар табдил ёфтани писари Малика Қаландарова дар "Пусть говорят"
23.04.2015 21:49
2532
Сарнавишти Артур Гулкоров, писари раққосаи машҳур, Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Малика Қаландарова (Каронтарова) дар маркази намоиши нави Андрей Малахов қарор хоҳад гирифт.
Номаҳои ошиқона аз Сурия қариб дили духтареро бурдаанд
23.04.2015 21:48
1612
Духтаре мегӯяд, як ҷиҳодии тоҷик дар Сурия ӯро ба назди худ даъват кард ва гуфт, харҷи роҳро мепардозад, аммо, ҳарчанд духтар озими Сурия ҳам набуд, ҳамсари он ҷавон ин робитаро қатъ намудааст.
Дар Тоҷикистон қонуни нави шаҳрвандӣ омода мешавад
23.04.2015 21:47
1249
Дар Тоҷикистон қонуни нави шаҳрвандии ин кишвар омода мешавад, ки ҳуқуқи зодагони Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзиро ҳимоят хоҳад кард ва ба хориҷиён имкони осонтари шаҳрвандиро фароҳам хоҳад овард.
Шарҳи расмии мақомот ба ҳодисаи мактаби 44-и Рашт
23.04.2015 21:45
1221
Мақомоти амниятии тоҷик мегӯянд, ки сӯзонда шудани овезаҳо ва харитаи Тоҷикистон дар мактаби шумораи 44-и ноҳияи Рашт дар чанд рӯзи пеш, ҷанбаи сиёсӣ ва динӣ надошта ва дар заминаи хусумати шахсӣ ва оилавӣ сар задааст.
Пешниҳоди ҳатмӣ шудани "аҳдномаи никоҳ" дар қонун
23.04.2015 21:42
1300
Раиси Додгоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон пешниҳод дорад, то аҳдномаи никоҳ дар қонун ҳатмӣ карда шавад. То кунун дар Тоҷикистон аҳдномаи никоҳ ихтиёрӣ мебошад.
Дар таркиби хуни Умаралӣ Қувватов маводи психотропӣ пайдо шудааст
23.04.2015 21:40
1150
Хабаргузории Анадолу ба нақл аз манобеи худ дар полис иттилоъ додааст, ки дар таркиби хуни раҳбари кушташудаи мухолиф УмаралӣҚувватов маводи психотропии клозапин пайдо шудааст.
Зане се сол ба таҷовузҳои хусураш тоқат кард ва сипас...
22.04.2015 01:27
1098
Якзанитоҷикшикояткард, кидар 3 сол 550 боразҷонибихусураштаҷовузшудааст. Додгоҳи вилояти Суғд ин мардро барои озори ҷинсӣ нисбати ҳамсари писараш ба 10 соли зиндон маҳкум кард.
ВКД: "Мо дастур надодаем, ки ришҳоро маҷбуран тарошед"
22.04.2015 01:25
1164
Масъулони вазорати умури дохилӣ мегӯянд, ҳеч дастур нест, ки маҷбуран тарошидани риши сокинонро иҷоза диҳад. Баръакс, ба гуфтаи онҳо, дастур шудааст, то ҷавонон ба ришмонии ботартиб ташвиқ шаванд.
Илҳом барои қатли ҳамхизматаш 12 сол гирифт
22.04.2015 01:24
1095
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон як сарбози қисмии низомии мустақар дар ноҳияи Бохтарро ба иттиҳоми қатли ҳамхизматаш барои 12 сол равонаи зиндон кард.
Бо норинҷаку маводи мухаддир ба шӯъбаи полис?
22.04.2015 01:21
1005
Як тоҷики муаззини яке аз масҷидҳои шаҳри Махачқалъаи Доғистонро дар ғайриқонунӣ нигаҳ доштани норинҷак ва маводи мухаддир айбдор мекунанд. Дар ин бора Мурод Маллаев, вакили дифои Ибодулло Наботов, ба хабаргузориҳо иттилоъ додааст.
Убайдуллоев: "То вақте сари вазифа ҳастам, касе аз хонандагон пул намегирад"
18.04.2015 22:46
1233
Шаҳрдори Душанбе аз омӯзгорону мудирони мактабҳо ва идораи маорифи пойтахт хост, ба пулситонӣ дар мактабҳо хотима бахшанд, вагарна ба гуфтаи ӯ то замоне сари вазифа ҳаст, оянда надоранд.
Дасти ёрии Озода Раҳмон ба кӯдакони мубталои саратон
18.04.2015 22:41
974
Созмони "Лона", ки 5 сол қабл аз сӯи Озода Раҳмон - муовини аввали вазири умури хориҷӣ таъсис ёфта буд, рӯзи 25 апрел бо баргузории консерти хайрия ба кӯдакони мубталои саратон кумак хоҳад кард.
Сохтмони бинои 30-ошёнаи Бег Зуҳуров ба ҷойи "Почтаи марказӣ"
18.04.2015 22:39
1155
Баъд аз чанд муддати дур шуданаш аз саҳифаҳои матбуоти Тоҷикистон, Бег Зуҳуров - раиси Хадамоти алоқа ҳангоми шурӯи сохтмони бинои 30-ошёна дар маркази Душанбе пайдо гардид.
"Квестнет" дар ҳайати "ТАКТ Сервис" дар Тоҷикистон боқӣ монд
18.04.2015 22:38
1095
Намояндагии "Квестент" (QNet) дар Тоҷикистон бо номи дигар сабт шуда, фаъолияташро аз ин ба баъд на мустақим, балки тавассути як созмони маҳаллӣ бо номи "ТАКТ Сервис" идома хоҳад дод.
















