16:06:31 01-уми Майи 2026 сол
Убайдуллоев: "То вақте сари вазифа ҳастам, касе аз хонандагон пул намегирад" 18.04.2015 22:46 1233
Шаҳрдори Душанбе аз омӯзгорону мудирони мактабҳо ва идораи маорифи пойтахт хост, ба пулситонӣ дар мактабҳо хотима бахшанд, вагарна ба гуфтаи ӯ то замоне сари вазифа ҳаст, оянда надоранд.
Дасти ёрии Озода Раҳмон ба кӯдакони мубталои саратон 18.04.2015 22:41 974
​Созмони "Лона", ки 5 сол қабл аз сӯи Озода Раҳмон - муовини аввали вазири умури хориҷӣ таъсис ёфта буд, рӯзи 25 апрел бо баргузории консерти хайрия ба кӯдакони мубталои саратон кумак хоҳад кард.
Сохтмони бинои 30-ошёнаи Бег Зуҳуров ба ҷойи "Почтаи марказӣ" 18.04.2015 22:39 1155
​Баъд аз чанд муддати дур шуданаш аз саҳифаҳои матбуоти Тоҷикистон, Бег Зуҳуров - раиси Хадамоти алоқа ҳангоми шурӯи сохтмони бинои 30-ошёна дар маркази Душанбе пайдо гардид.
"Квестнет" дар ҳайати "ТАКТ Сервис" дар Тоҷикистон боқӣ монд 18.04.2015 22:38 1095
Намояндагии "Квестент" (QNet) дар Тоҷикистон бо номи дигар сабт шуда, фаъолияташро аз ин ба баъд на мустақим, балки тавассути як созмони маҳаллӣ бо номи "ТАКТ Сервис" идома хоҳад дод.
Навбати ҷанги Ироқ ба ҷавони 19-солаи тоҷик расид 18.04.2015 22:36 1064
Хонаводаи як ҷавон 19-сола, ки тоза мактаби миёнаро хатм карда буд, мегӯянд, фарзандашон Файзалӣ Латифов бо баҳонаи кор ба Русия рафт, аммо хабараш аз Ироқ расид.
Занаш писари сарҳанги тоҷикро Ироқ бурд ва нобуд кард 15.04.2015 22:21 1087
Як ҷавони тоҷик бо номи Ҳамза ал-Тоҷикистонӣ, ки ба эҳтимоли зиёд писари як полковники умури дохилии Тоҷикистон аст, дар Ироқ кушта шудааст.
Кумитаи дин: Манъи ҳаҷҷи то 35-солаҳо сабаби воҷиб дорад 13.04.2015 23:44 1003
Кумитаи дин мегӯяд, маҳрум шудани то 35-солаҳои Тоҷикистон аз сафари ҳаҷ танҳо ба хотири эҳтироми бузургсолон гирифта шудааст, ки тавони адои зиёрати хонаи Худоро доранд.
Тарҳе зидди номҳои нолоиқ ва "тура"-ву "мулло"-ю "хӯҷа" 13.04.2015 23:39 1140
Вазорати адлия пешниҳод кардааст, ки гузоштани номҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, номи ашё, маҳсулот, ҳайвонот ва паррандагон, инчунин номҳое, ки шаъну шарафи инсонро паст мезанад ва одамонро ба табақаҳои ҷудо менамояд, манъ шавад.
Раис на танҳо дар куштори ятим, балки "дузанагӣ" низ айбдор мешавад 13.04.2015 23:37 1062
Алайҳи Рустам Ҷӯраев, раиси бозори "Назари нек" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки пештар танҳо дар куштори Зиёдбеки 16-сола ва латту кӯби дӯсти ӯ муттаҳам мешуд, иттиҳоми "дузанагӣ" эълон гардид.
Парвиз аз марзи Сурия баргашт ва аз ҷазо озод шуд 13.04.2015 23:36 1141
Парвиз Набиев мегӯяд, ҷавонони тоҷикро тавассути намоиш додани наворҳои видеоӣ афроди ношинос ба Туркия бурда, сипас ба Сурия мефиристанд. Ӯ мегӯяд, баъд аз 50 рӯзи тамрин ба ватан баргаштааст.
170 шаҳрванди Тоҷикистон аз Яман берун шуданд 13.04.2015 23:32 972
Охирин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 13 апрел тавассути хоки давлати Уммон аз қаламрави Яман берун оварда шуда, ба Арабистони Саъудӣҳаракат карданд.
Рушди иҷтимоӣ дар Тоҷикистон рӯ ба коҳиш ниҳодааст 11.04.2015 10:28 1197
Тоҷикистон аз ҷиҳати рушди иҷтимоӣ, бино ба гузориши созмони "Social Progress Imperative" миёни 133 кишвар ҷойи 96-умро гирифта, назар ба соли гузашта як зина поин рафтааст.
Имсол 50%-и зоирони тоҷикро ширкатҳои Саудӣ то Каъба хоҳанд бурд 06.04.2015 09:29 1009
Мақомоти Арабистони Саудӣ ин шартро пеш гузоштаанд, ки панҷоҳ дарсади зоирони тоҷикро ширкатҳои онҳо ва панҷоҳ дарсади дигарро ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба зиёрати Каъба бубаранд.
70 шаҳрванди Тоҷикистон аз Яман ба Маскав расиданд 06.04.2015 09:26 1071
70 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар миёнашон 14 кӯдак низ ҳаст, бо ҳавопаймои вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз Яман ба Маскав омаданд. Қарор аст, бархе аз онҳо рӯзи якшанбе ба ватан биёянд.
Файзобод: Таъзияи Раҳмон. Як мард зинда аз зери хок берун оварда шуд 04.04.2015 01:04 1447
Ба манзури рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи Яккабеди Файзобод, ки боиси марги инсонҳо шудааст, комиссияи ҳукуматӣ бо раҳбарии муовини нахуствазир Азим Иброҳим аз ҷои ҳодиса дидан кард.