12:26:40 30-уми Июни 2025 сол
Тағйири роҳи ҷангҷӯёни тоҷик аз Сурия ба Афғонистон 23.12.2015 20:51 1189
Манобеи Озодӣ дар бораи ба гурӯҳҳои марбут ба "Давлати исломӣ" дар Афғонистон пайвастани дастикам 5 нафар аз Тоҷикистон хабар медиҳанд. Зоҳиран ҷангҷӯён самти худро аз Сурия ба тарафи Афғонистон мегардонанд.
Аз Тоҷикистон - ба Русия, аз онҷо - ба Сурия 23.12.2015 20:49 1231
Дар якуним соли охир шумори он шаҳрвандони Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Сурияву Ироқ дар сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” меҷанганд, се маротиба афзудааст.
Парвандаи ифротгароии як духтари 18-солаи тоҷик 01.12.2015 18:10 1343
Додситонии вилояти Владимири Русия рӯзи 1 декабр аз анҷоми таҳқиқи парвандаи як шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон Мавзуна Мазориеваро бо иттиҳоми таблиғи ифротгароӣ хабар дод. Додситонии Владимир мегӯяд, хулосаи айбдоркунӣ бар асоси қисми дуюми моддаи...
Се гумонбар дар қатли нозири Раёсати маҳбасҳо зиндонӣ шуданд 22.11.2015 22:28 1171
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар марги Ҷӯрабек Дӯстов, нозири Раёсати маҳбасҳои Тоҷикистон, се сокини Душанберо гунаҳкор донист. Ҳукми додгоҳ дар нисбати ин афрод, ҳудуди ду ҳафта қабл содир шудааст.
Издивоҷ ба сабки нав. Телефон ҷои хостгорҳоро танг мекунад 22.11.2015 22:24 1339
Cолҳои ахир шеваҳои нави шиносоӣ ва издивоҷ миёни гурӯҳе аз ҷавонон дар Тоҷикистон тадриҷан ҷои усулҳои анъанавию суннатии интихоби ҳамсарро мегирад.Имрӯз барои Фаридун як рӯзи хос аст. Дӯстдухтараш зодрӯз дорад ва ӯ мехоҳад беҳтарин гулдастаро...
Қарори Убайдуллоев дар бораи сохтмонҳои нав дар Душанбе 10.11.2015 21:38 1202
Шаҳрдории Душанбе бо судури як қарор ҷудо кардани замин барои сохтмон дар ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишини пойтахти Тоҷикистонро ҳам барои афроди алоҳида ва ҳам барои ширкатҳои сохтмонӣ бозмедорад.
Таҳқиқот: "Як танфурӯш метавонад даҳҳо нафарро мариз кунад" 10.11.2015 21:32 1343
Як таҳқиқот дар Тоҷикистон нишон дод, ки 70 дарсади мизоҷони занони танфурӯш дар ин кишвар ҷавонони то 25-сола мебошанд, ки аксар аз хатари бемориҳои ҷинсӣ огоҳ нестанд.
Манобеи ҳукуматӣ мегӯянд, дар Сурияву Ироқ 300 тоҷик кушта шудааст 04.11.2015 22:35 1276
Ҷангиёни тоҷик дар Сурия ва Ироқ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол буданд, дар як моҳи ахир комилан хомӯш шуданд.Ҷангиёни тоҷик дар Сурия ва Ироқ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол буданд, дар як моҳи ахир комилан хомӯш шуданд.
Тоҷикистон алайҳи ифротгароӣ бо "силоҳ"-и сухан меҷангад 26.10.2015 21:33 1176
Дар Тоҷикистон маркази илмии мубориза бо ифротгароӣ(экстремизм) ва терроризм ба кор сар кард, ки ҳадафаш на бо силоҳу зӯрӣ, балки аз роҳи фаҳмондадиҳӣ муқобила бо гуруҳҳои ифротӣ будааст.
Ҷароҳати 14 талабаи мактаби Ёвон дар пайи заминларзаи шадид 26.10.2015 21:30 1426
Дар ҳоле ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, ки ҳанӯз дар бораи хисороти заминларза ба онҳо иттилоъ нарасидааст, аммо дар пайи тахриби зинапояи як мактаб дар Ёвон 14 талаба маҷруҳ шудаанд.
Сержант: Вақте Заринаро аз об берун кашидам, гуфт: Мон, ки равам... 26.10.2015 21:29 1246
Як сержанти милисаи шаҳри Хуҷанд аз қасди худкушии Зарина Нурматоваи 38-сола дар дарёи Сир ҷилавгирӣ кардааст. Ҳоло додситонӣқазияи қасди худкушии Заринаро таҳқиқ дорад.
Вокунишҳо аз Душанбе ба ҳодисаи марги Умаралии 5-моҳа дар Русия 20.10.2015 23:56 1129
Ҳодисаи марги мармузи тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳоеро ба бор овард.
Калонтарин ноҳияи пойтахт ба ду тақсим мешавад 20.10.2015 23:54 1195
Ҳоло исм ва ҳудуди панҷумин ноҳияи пойтахт мушаххас нест, аммо бо як қарори шаҳрдории Душанбе, ноҳияи нав аз ҳисоби қисмат кардани ноҳияи Сино таъсис хоҳад ёфт.
Султоншоев: "Ман фақат шогирди дарсгурезро танбеҳ додам" 20.10.2015 23:53 1167
Асламшоҳ Султоншоев, омӯзгоре, ки беш аз даҳ руз боз барои "гӯшмол"-и як шогирдаш аз корбарони Интернет гап мешунавад, чунин бархӯрди худро шарҳ дод ва гуфт, ин кораш барқасдона набуд.
Ҷузъиёти қатли ду маъмури пулиси Исфара 20.10.2015 23:51 1443
Барои таҳқиқиҳодисаи куштори ду милиса дар Исфара гурӯҳи вижа таъсис дода шудааст, ки раҳбарии онро яке аз муовинони сардори раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Суғд бар дӯш дорад.