14:00:24 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КӮЛОБ, ҒАМАТ МАРО ҶИГАРХУН КАРДАСТ!


unnamedХайрандеш - шоири маҳбуби кишвар яке аз нахустинҳо шуда ҳамдардии хешро бо мардуми шарифи Кӯлоби офатзада бо сеҳри каломи пур аз дарду андӯҳаш дар риштаи назм баён кардааст. Ин сели бало аз дидагони қалами ӯ низ  сели ашкро болои хонаҳои дилҳои ғамдидаи акнун  каме оромгирифтаи мо фурӯ рехт. Ин сели ашку андӯҳ кошонаи қалбҳои хунчакони моро валангор сохт. Хайрандеш дирӯз меҳмони сомонаи мо буд ва ин навиштаҳои худро бо мо дар миён гузошт.

 

Хабарнигори «Рӯзгор» Аҳмадшоҳи Султон  дар асоси ин ашъори Хайрандеш, наворҳои видеоӣ аз ҷои воқеа ва аксҳо бо усули чандрасонаӣ таҳти унвони «Кӯлоб, ғамат маро ҷигархун кардаст» матлаберо омода сохтааст, ки боварӣ дорем он писанди шумо, муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор» хоҳад шуд:

 

 

Кӯлоб калону мулки Кӯлоб калон,

Кӯлоб калону шаҳри Кӯлоб вайрон.

Гулчеҳра фалак бизан, фалак пора шавад,

Аз кори фалак мардуми Кӯлоб ҳайрон.

 

Кӯлоб, зи доғи ту фалак бояд гуфт,

Аз қуллаи кӯҳи Валвалак бояд гуфт.

Аз қуллаи Валвалак агар гуфта нашуд,

Аз боми ягон камбағалак бояд гуфт.

 

Кӯлоб, ки Валвалак нашуд ромаки ту,

Н-осуда бишуд ҳаёти оромаки ту.

Гуфтем фалак занем, сад вою дареғ,

Не камбағалак бимонду не бояки ту.

 

Кӯлоб – мотам, шаҳри Кӯлоб – мотам,

Сел омаду сели касрати шумқадам.

Мардум ба таги сангу таги оҳану лой,

Кӯлоб бимонд ба таги ғӯссаву ғам.

 

Кӯлоб, гурӯҳе нӯшбодӣ доранд,

Бархе зи ғами ту сахт шодӣ доранд.

Пастанду касифанду Худонотарсанд,

Пуффаксифатон сифла бодӣ доранд.

 

Кӯлоб калон, тақдири ту паст,

Сел омаду хӯрду бурду афканду шикаст.

Селобаи оҳу дарду селобаи хун.

Шаб соати дуву халқ дар хобаки маст.

 

Кӯлоб, туро сели бало вайрон кард,

Қисмат ба сарат балои бад гардон кард.

Ин сели бало ҳазорҳо хона хароб,

Чун Темуру Искандару Чингизхон кард.

 

Кӯлоб хароб, шаҳри Кӯлоб хароб,

Эй вой, бирафт ними Кӯлоб дар об.

Ними дигараш ба нолаву оҳу фиғон,

Хӯрдем тамоми умр мо фанди сароб.

 

Кӯлоб қадим, шаҳри Кӯлоб қадим,

Оҳ модари бебачаву оҳ тифли ятим.

Кӯлоби калон ҳазору як пора шидай,

Кӯлоба чӣ кардӣ Ту, Худованди Карим?!

 

Кӯлоб, туро чунин валангор кӣ кард?

Ту гул будию туро чунин хор кӣ кард?

Сангоби калон, сели бало дар бағалат,

Бар сели балои ғам гирифтор кӣ кард?

 

Кӯлоб ғариб, шаҳри Кӯлоб ғариб,

Сад мурда қатор, дигар чӣ даркор табиб?!

Сад мурда қатор! Фиғон кашем! Нола кунем!

«Ку апаву ку додару ку хешу қариб?!»

 

Кӯлоб, ғамат маро ҷигархун кардаст,

Як умр дилам ғами туро ғун кардаст.

Ин чархи фалак ба сад алам гарчи маро,

З-оғӯши пур аз меҳри ту берун кардаст.

 

Кӯлоба бубин, фалак бикардаш ба чӣ ҳол?

Аз ҷабри фалак дигар надорем маҷол.

Ку Одина Ҳошим, аз ҷигар наъра кашад?

Сад сина фиғон барор, Давлатмади Хол!!!

 

Кӯлоб – ҷигаррехтаи ҳолбатанг,

Эй шаҳри намакдодаи чандин бенанг.

Ширин то шавад коми ду-се бефарҳанг,

Ширинӣ шуданд одамон дар таги санг.

 

Кӯлоб – паноҳандаи Шоҳи Ҳамадон,

Бошӣ ту мудом дар паноҳи Яздон.

Сойи Тебалай, Тӯғмагию Ёхсӯ,

Садҳо хатар аст аз ин се сангоби калон.

 

Кӯлоб, азизу авлиёҳо ёрат,

Бозии фалак бикард мотамдорат.

Аз одаму аз табиат, эй шаҳри кӯҳан.

Умре ту ҷафо дидию умре ғорат.

 

Омад ба сарат балои бад, Кӯлобҷон,

Кӯлоб бигӯяму нағунҷам ба ҷаҳон.

Кӯлоб бигӯяму кашам оҳу фиғон,

Кӯлоб бигӯяму равад хун зи даҳон.

 

Омад ба сарат балои бад, Кӯлобҷон,

Н-ояд ба сари душмани кас ғам ин сон.

Ин сели бало, ки зад шабохун ба ғазаб,

Ин ғам нарасад ба хонаи ҳеҷ инсон.

 

Омад ба сарат балои бад, Кӯлобҷон,

Хун туф накунӣ чӣ сон ба оҳу афғон?

Сангоби ҷароҳати дилат хуншор аст,

Набвад ғаму дарди ту кашидан осон.

 

Омад ба сарат балои бад, Кӯлобҷон,

Бе хонаву дар халки Худо саргардон.

Бому молу ҳолашон агар сел бибурд,

Ё раб, ту ба рӯзи некашон баргардон.

 

Кӯлоб, кушода пеши ҳар кори ту бод,

Қуръони Худо ҳаме мададгори ту бод.

Сармояи ту – дуои Ҳоҷӣ Мирзо,

Ҳақ ёри ту бод, ёри ту бод, ёри ту бод.

 

Аҳмадшоҳи Султон, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2298-2010-05-14-07-04-55.html

 



Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 14.05.2010 14:33
Хеле мехостам ин роликро бубинам аммо мутаасифона дар компютери ман онро дида нашуд.
 
 
0 #1 Guest 14.05.2010 12:14
Klipi khele jolibero tahiya kardaed. NAVORHOI dahshatnok. Khudo mardumi Kulobro sabri jamil bidihad, guzashtagiyasho nro rahmat kun. In navorho moro hidoyat mekunad, ki ba ham dustu munis boshem. Zero dunyo bevafo hastu bevafoiro har laza metavonad dar hakki mo kunad. Tashakkur baroi klipi jigarsuzu dardnok...
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi