03:42:14 29-уми Июни 2025 сол

ӮЗБАКИСТОН ВАЪДА КАРД ҲАМАИ ВОГУНҲОРО РАҲО КУНАД

Ширкати роҳи оҳани Ӯзбакистон тасмим гирифтааст куллияи вогунҳои Тоҷикистонро ба ин кишвар интиқол диҳад. Ба гуфтаи Амонулло Ҳукуматулло, раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон, қарор аст аз рӯзи чаҳоршанбеи 21 июл ҷониби Ӯзбакистон батадриҷ беш аз як ҳазор вогуни таъвиқшудаи Тоҷикистонро “раҳо” кунад. Оқои Ҳукуматулло ин матлабро дар ҷараёни як нишасти матбуъотӣ эълом кард ва гуфт, ки мақомҳои роҳи оҳан дар ин замина аз ҷониби ҳамтоёни ӯзбаки худ номае дарёфт кардаанд.

 

Масъулони “Ӯзбекистон темир йуллари” хабар додаанд, ки дигар барои таъвиқи вогунҳои Тоҷикистон ҳеч сабабе мавҷуд нест ва аз 21-уми июл ба қаламрави Тоҷикистон қаторҳои комил интиқол дода хоҳанд шуд. Ба гуфтаи Амонулло Ҳукуматулло, ҳоло дар қаламрави Ӯзбакистон ҳаракати ҳудуди як ҳазору 150 вогуни Тоҷикистон ба таъвиқ уфтодааст.

 

Мушкили таъвиқи вогунҳои Тоҷикистон дар Ӯзбакистон аз зимистони имсол оғоз шуд ва дар бархе аз маворид миқдори чунин вогунҳо ба беш аз 2,5 ҳазор адад расида буд. Дар авоили моҳи июн, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Президент Ислом Каримов дар шаҳри Тошканд, эълом шуд, ки аз ин ба баъд ҷониби Ӯзбакистон аз тронзити вогунҳои Тоҷикистон монеъ нахоҳад шуд.

 

Вале таъкид шуд, ки Ӯзбакистон аз тронзити вогунҳои ҳомили коло ва мавод барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" ҳамчунон ҷилавгирӣ хоҳад кард. Ба ин тартиб, давлати Ӯзбакистон иддаъоҳои қаблии худ мабнӣ бар онро ки таъвиқи вогунҳои Тоҷикистон ба далоили фаннӣ сурат гирифтааст, такзиб кард.

 

Аммо ҳатто баъд аз чунин тавофуқот интиқоли комили вогунҳои Тоҷикистон, бавижа ба минтақаи Хатлони ин кишвар, ба сурати комил оғоз нашуд. Шояд ба ин далел буд, ки мақомоти Эрон давлати Ӯзбакистонро ҳушдор доданд, ки дар сурати идомаи "муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон" ширкати роҳи оҳани Эрон аз тронзити вогунҳои Ӯзбакистон монеъ хоҳад шуд.

 

Масъулони “Ӯзбекистон темир йуллари” дар посух ба ин ҳушдор изҳор доштанд, ки аз ин ба баъд дар тронзити вогунҳои Тоҷикистон мушкиле эҷод нахоҳад шуд. Вале бо гузашти беш аз як моҳ баъд аз ин ҳушдор, мушкили тронзити вогунҳои Тоҷикистон то ба охир ҳал нашуда буд. Чунин вазъ Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистонро водор кард, ки ахиран дар нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар шаҳри Остона, аз онҳо барои ҳалли ин мушкил дархости кумак кунад.

 

Аз сӯйи дигар, таъвиқи вогунҳо дар қаламрави Ӯзбакистон бар вазъи иқтисоди Тоҷикистон хисороти ҷиддие ворид сохтааст. Масъулони ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" мегӯянд, ки дар пайи ин амр ширкати онҳо ҳудуди даҳ милюн дулор зиён дидааст. Масъулони Идораи гумруки Тоҷикистон ҳам мегӯянд, ки дар ним соли ахир онҳо натавонистаанд ҳудуди 180 милюн сомонӣ аз пардохтҳои гумрукиро вориди буҷет кунанд, ки яке аз далоили ин амр таъвиқи вогунҳо дар Ӯзбакистон будааст.

 

Давлати Тоҷикистон низ борҳо изҳор дошта, ки маҳдудиятҳо дар тронзити вогунҳо аз қаламрави Ӯзбакистон боъиси хисороти ҷиддӣ ҳам ба буҷет ва ҳам барои туҷҷору соҳибкорон шудааст. Тибқи иттилоъи Владимир Собкалов, муъовини раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон", то ҳол 240 тоҷири тоҷик дар бораи сирқати коло ва маводди онҳо, ки тавассути вогунҳо ба Тоҷикистон аз тариқи қаламрави Ӯзбакистон ворид мешуданд, шикоят кардаанд. Аз сӯйи дигар, соҳибназарон мегӯянд, ки яке аз далоили боло рафтани арзиши чашмгири коло ва маводди воридотӣ дар бозорҳои Тоҷикистон таъвиқи вогунҳои ин кишвар дар Ӯзбакистон аст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2732-2010-07-21-18-00-52.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ