| УЗБАКИСТОН ҲАРИМИ ҲАВОИИ ХУДРО ПУЛАКӢ МЕКУНАД |
| Мақолаҳо - Иҷтимоъ | |||
| 22.07.2010 12:54 | |||
|
Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Тоҷикистон пешниҳодҳои худро дар ин замина ба мақомоти кишвари ҳамсоя ироа кардааст ва интизор меравад тайи замони наздик созишномаи нав дар бахши ҳавонавардӣ имзо шавад. Баҳси ҳарими ҳавоӣ миёни Тошканд ва Душанбе як моҳ боз матраҳ аст. Авохири моҳи июн ҷониби Узбакистон созишномаи идораи ҳаракати ҳавоӣ бо Тоҷикистонро бекор эълон кард ва хостори зери контрол даровардани ҳарими ҳавоии худ шуд.
Бар асоси қарордоди дуҷониба аз соли 1993, назорати ҳаракат ва таъмини амнияти парвозҳои ҳавопаймоҳо дар фазои вилоятии Сурхондарёи Узбакистон бар ӯҳдаи Душанбе ва ҳамин тавр ҳарими ҳавоӣ дар қаламрави вилояти Суғди Тоҷикистон ба дӯши Тошканд вогузор шуда буд.
Тошканд тақозо кардааст, ҳар кишвар ҳарими ҳавоии худро зери назорат дошта бошад ва аз сӯи дигар пешниҳод кардааст, ки ҳавопаймоҳои самти Тоҷикистон суръати ҳаракати худро на дар ҳарими ҳавоии Узбакистон, балки дар марзи Тоҷикистон коҳиш бидиҳанд.
Дар мавриди нархномаҳои Узбакистон барои ҳавопаймоҳои Тоҷикистон тафсилоте нашр нашудааст, вале бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки он қобили мулоҳиза хоҳад буд ва пулакӣ шудани ҳарими ҳавоии Узбакистон боиси боло рафтани қиммати чиптаҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ хоҳад шуд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2737-2010-07-22-07-56-31.html
|











