12:51:36 23-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/12_tajikistan_islam_2147'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/12_tajikistan_islam_2147'

МУШОВИРИ СОБИҚИ РАҲМОН РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ДИН ШУД

Як корманди собиқи дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон раиси Шӯрои уламои Маркази исломии ин кишвар интихоб шуд. Саидмукаррам Абдулқодиров, ки фориғуттаҳсили мадрасае дар Покистон аст, ҳамчунин дар симати раиси бахши бозрасии Кумитаи адёни давлати Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.

 

Дар гузашта аз симати раиси Шӯрои уламои дини Маркази исломии Тоҷикистон ба унвони муфтӣ ё қозии мусалмонони ин кишвар ном бурда мешуд. Интихоби Саидмукаррам Абдулқодиров рӯзи сешанбеи 12 октябр дар ҷаласаи шӯрои муассисони Маркази исломии Тоҷикистон сурат гирфитааст. Ба гуфтаи манобеъи ин марказ, номзадии оқои Абдулқодиров аз сӯйи бархе аз муассисон пешниҳод ва пуштибонӣ шудааст. Дар ин ҷаласа ҳамзамон се нафар аз муъовинон ва се нафар аз мушовирони раиси Шӯрои уламои дини Тоҷикистон интихоб ва интисоб шудаанд.

 

Ба ин тартиб, Саидмукаррам Абдулқодиров ҷойгузини Амонуллоҳ Неъматзода аст, ки 6 сентябри соли ҷорӣ дар пайи беморие даргузашт. Дар гузашта аз Шӯрои уламои дини Маркази исломии Тоҷикистон ба номҳои мухталиф ном бурда мешуд. То соли 1989 ин ниҳод бахши Идораи мусалмонони Осиёи Миёна буд, ки сипас ба Идораи қозиёти мусалмонони Тоҷикистон табдил шуд ва Акбари Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршинос, раҳбарии онро ба ӯҳда дошт.

 

Соли 1993 Идораи қозиёти мусалмонони Тоҷикисон ба Идораи муфтиёти ин кишвар табдил шуд ва Ҳоҷӣ Фатҳуллохони Шарифзода нахустин муфтӣ интихоб шуд. Соли 1996 оқои Шарифзода терур шуд. Дар соли 1997 Идораи муфтиёт ба Маркази исломии Тоҷикистон табдили ном кард. Шӯрои уламои дин як ниҳоди вобаста ба Маркази исломии Тоҷикистон аст. Дар 13 соли ахир раҳбарии Шӯрои уламои динро Амонуллоҳ Неъматзода бар ӯҳда дошт.

 

Тибқи гузоришҳо, дар ҷаласаи рӯзи сешанбеи муассисони Маркази исломии Тоҷикистон ба ойинномаи ин ниҳод тағйироте ворид карда шудааст. Гуфта мешавад ин амр ба манзури мутобиқ сохтани фаъолияти ин ниҳод бо қонуни ҷадиди ин кишвар бо созмонҳои мазҳабӣ сурат гирифтааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3334-2010-10-12-18-20-33.html

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 13.10.2010 12:23
УЗР, касе то хол раиси шурои уламо интихоб нашудааст. Саидмукаррам танхо раиси маркази исломии Тоичикистон таъин шуд.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ