ДУСАД НОМИ НАВИН ГИРӢ, НАГАРДАД АҚЛИ ТУ БЕШТАР
Вақтҳои охир як падидаи нави бо нофаҳмию ҷаҳолат олудаи дигаре дар ҷомеаи мо зуҳур намудааст, ки он иваз намудани номи худро аз ҷониби бархе аз мардум, хусусан наврасону ҷавонон, алоқаманд аст.
Онҳо исми насаби тоҷикӣ ва таърихии худро, аз қабили Ҷамшед, Фаридун, Сиёвуш, Рустам, Кова, Фаромурз ва ғ. бо номҳое иваз мекунанд, ки решаю пояи арабӣ дошта бошанд. Иқдоми мазкурро чунин шарҳ медиҳанд, ки гӯё агар касе исми мусулмонӣ надошта бошад, дари биҳишт ба рӯяш бастааст. Ғофил аз он, ки мусулмонро дар он дунё на аз номаш, балки аз аъмолаш мепурсанд. Бешак, ин падида боз як иқдоми навбатии душманони миллати тоҷик аст, ки мехоҳанд саҳифаҳои таърихи тоисломии ин миллати куҳанбунёдро ба нестӣ баранд ва тоҷикро аз асли хеш канда созанд.
Охир тафаккури ҳар як шахс аз доираи ақлу хиради фитрии ӯ вобаста мебошад ва бо номаш ҳеҷ алоқамандӣ надорад, агарчӣ Абумуслим бошад ё Хоркаш. Ҳамин нуқта сабаби иншои чанд мисраи шеърӣ дар ин мавзӯъ гардид, ки ҳоло пешкаши хонандаи арҷманд мегардад:
«Агар харро барӣ Макка, биёрӣ боз монад хар»,
Бувад як ранҷи беҳуда, азоби роҳи ин сафар.
Агар волотарин устод, биомӯзад варо савод,
Бигардад хунҷигар охир, насозад як-ду ҳарф аз бар.
Харона мағзи сар дорад, харона дорад андеша,
Шаҳона хони густурда, барояш ҳаст чун охар,
Баредаш то ба гардунҳо, диҳедаш ёд афзунҳо,
Ҳамоно хар бимонад хар, надорад ақл чун дар сар,
Ба зоҳир дорад инсонӣ, чунин донад мусулмонӣ,
Варо ботин харӣ бошад, макун бар зоҳираш бовар.
Биномидаш падар Ҷамшед, ба сад орзу ба сад умед,
Ба он фитри харӣ, ки дошт, бикушт ин орзу яксар,
Ҳама ҳайрони ин кирдор, кӣ кард ӯро ба ин водор?
Чаро иваз намуд исмаш, чаро номе гирифт аз сар?
Мабош ғофил зи панди пир, кунун ин нуктаро баргир,
Дусад номи навин гирӣ, нагардад ақли ту бештар.
«Сиёвуш» будӣ то дирӯз, «Абутолиб» шудӣ имрӯз,
Вале ҷаҳлат нашуд коста, хариат рафт болотар.
Агар «Миша» туро хонанд ва ё «Мазҳариддин» номанд,
Ба рӯзи ҳақ ҳамепурсанд, зи аъмоли ту аз дафтар.
Гарат некӣ шиор будӣ, бароят бадӣ ор будӣ,
Бувад ҷаннат яқин ҷоят, бинӯшӣ об аз кавсар.
Агар будӣ ба фитна ёр, ба халқ додӣ басе озор,
Ҷаҳаннам манзилат бошад, бисӯзӣ, гарди хокистар.
Чу ҳамшини ту дун бошад, агар дастат ба хун бошад,
Намозу рӯзаат ҳеҷ аст, туро иблис бувад раҳбар.
Нигаҳ дор номи аслиат, магир гунаҳ зи ҷаҳлиат,
Мабодо мисли ту чанд хар, бигиранд номи пайғамбар.
Ҷамшеди Ҳасан, рӯзноманигор, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3463-2010-10-30-16-06-14.html
Шарҳҳо
маколаи оли (махсусан порчаи шере ки тачассуми вокеияти имрузи кишвар аст)
ТАШАККУР
RSS Обуна