ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҚОНУНИ АСОСӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Рӯзи 6-уми ноябр дар Тоҷикистон рӯзи Қонуни Асосии ин кишвар шинохта шудааст. Нахустин Қонуни Асосии Тоҷикистон ба унвони давлати соҳибистиқлол, дар 6-уми ноябри соли 1994 зимни баргузории як назархоҳии умумӣ қабул шуд ва аз он таърих то кунун ҳамасола ин рӯз ба унвони рӯзи Қонуни Асосӣ таҷлил мешавад.
То соли 1994 дар Тоҷикистон Қонуни Асосии дар соли 1978 дар замони узви Иттиҳоди Шӯравии собиқ будани Тоҷикистон қабулшуда амал мекард. Комиссияи таҳияи Қонуни Асосии ҷадиди Тоҷикистон баробари касби истиқлолияти ин кишвар ташкил шуд ва дар тобистони соли 1992 пешнависи ин қонуни ҳатто аз тариқи расонаҳо муаррифӣ гардид. Вале бо шиддат пайдо кардани танишҳо миёни ҷиноҳҳои даргир ва саросарӣ шудани ҷанги ҳамватанӣ, имкони идомаи кори комиссияи мазкур ва баргузории раъйпурсӣ ба хотири қабули Қонуни Асосӣ номумкин гардид.
Баъд аз ба сари қудрат расидани ҳукумати нав бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, комиссия ба манзури таҳияи Қонуни Асосӣ ташкил шуд, ки Абдулмаҷид Достиев, муовини раиси маҷлиси собиқ ва сафири феълии Тоҷикистон дар Русия, раёсати онро ба ӯҳда дошт ва бархе аз аъзои комисияи собиқи таҳияи Қонуни Асосӣ низ вориди комиссияи нав шуданд.
Дар тирамоҳи соли 1992 Шӯрои Олии Тоҷикистон шакли идораи раёсатҷумҳуриро барҳам дод ва тӯли ду сол дар Тоҷикистон усули идораи порлумонӣ ҷорӣ буд. Вале Қонуни Асосии соли 1994 Тоҷикистонро ҷумҳурии бо шакли идораи раёсатҷумҳурӣ эълон кард.
Раъйгирӣ ба манзури қабули Қонуни Асосӣ дар соли 1994 дар ҳоли идомаи ҷанги ҳамватанӣ сурат гирифт. Як шарти созишномаи сулҳи миёни давлат ва мухолифин дар соли 1997, ислоҳоти Қонуни Асосии Тоҷикистон буд. Бар асоси тағйироте, ки тибқи тавофуқи давлат ва мухолифин ба Қонуни Асосӣ ворид шуд, дар Тоҷикистон порлумони иборат аз ду маҷлис ташкил шуд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3515-2010-11-06-08-26-41.html
Шарҳҳо
RSS Обуна