18:26:15 01-уми Июли 2025 сол

ШОГИРДОН НАБОЯД ТАРКИ МАКТАБ КУНАНД

21 декабри соли 2010 Вазири маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов бо Сардори Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар Тоҷикистон Ҷеффри Лерер; Мутахассиси USAID оид ба идоракунӣ дар соҳаи маориф Мавҷуда Набиева ва ҳамоҳангсози Барномаи USAID оид ба пешгирии раванди тарки мактаб намудани хонандагон (БПТМ) дар Тоҷикистон Гулғунча Наимова мулоқот доир намуда барномаи нави сесолаи дар мактаб нигоҳ доштани кӯдаконро мавриди муҳокима қарор дод.

 

abdujabborБарномаи нави мазкур ҳамкориро байни ҳукумати ИМА ва Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон густариш медиҳад. Барномаи пешгирии тарки мактаб намудани хонандагон роҳҳои гуногуни дар мактаб нигоҳ доштани хонандагонро тавассути таҳлили самаранокии усулҳои пешгирии тарки мактаб дар Тоҷикистон муайян менамояд. Ҷеффри Лерер иброз дошт, ки тарки мактаб намудани хонандагон  ҳоло яке аз масъалаҳои умумиҷаҳонии соҳаи маориф мебошад, ки шумораи ҷавонони бесавод ва бекорро афзоиш медиҳад. 

 

Паст намудани шумораи тарккунандагони мактаб воситаи асосист барои афзоиши дастрасӣ ба маълумот ва васеъгардонии имконоти шуғл ва рушди иҷтимоӣ. Ин кӯшиши муштараки ИМА ва Тоҷикстон ба бартарафкунии мушкилоти мазкур ва кам кардани шумораи хонандагоне, ки мактабро тарк мекунанд мусоидат мекунад.

 

Вазир Абдуҷаббор Раҳмонов барои татбиқи барномаи ҷории  USAID - Барномаи омӯзиши босифат  (БОБ), ки ба дастрасии беҳтар ба маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи босифат равона шудааст ва ба татбиқ намудани Стратегияи миллии соҳаи маориф кӯмак мерасонад, изҳори мннатдорӣ намуд. Ӯ итминон дод, ки Вазорат бо барномаи нави БПТМ ҳамкории зич намуда, тамоми кӯдаконро сарфи назар аз ҷинс, сатҳи даромаднокӣ ё баромади қавмӣ бо таҳсил фаро мегирад. 

 

Барномаи БПТМ барномаи наве мебошад, ки аз ҷониби созмони Creative Associates International дар Тоҷикистон, Камбоҷа, Хиндустон ва Тимор-Лесте татбиқ мешавад. Барномаи нав кӯшишҳои барномаи ҷориро, ки ба баланд бардоштани сифати маълумоти ибтидоӣ ва миёна дар Тоҷикистон ба воситаи БОБ равона шудааст, пурра мегардонад. Аз таъсири мусбии кӯмаки USAID оид ба такмили маълумоти миёна алҳол беш аз 90000 шогирд ва зиёда аз 3500 омӯзгорон, роҳбарон ва мутахассисони оид ба усулҳои таълимӣ дар 86 мактаби ҷумхурӣ баҳра бардоштанд.

 

Барномаҳои USAID оид ба пешгирии тарки мактаб намудани шогирдон ва Барномаи омӯзиши босифат ду барномае аз байни барномаҳои сершумори кӯмакдиҳандаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ мебошанд, ки дар Тоҷикистон амалӣ мегарданд. Аз соли 1993 инҷониб мардуми Амрико тавассути Сафорати ИМА дар Тоҷикистон тахминан 900 миллион долларро барои кӯмак ба рушди иқтисодиёт, идораҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон пешниҳод намудааст.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3948-2010-12-22-11-04-47.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ