00:28:53 09-уми Июни 2025 сол

МАҲКУМИЯТИ ЯК НАФАР БА ҲАБСИ АБАД ДАР БАДАХШОН

Додгоҳи маҳаллӣ дар вилояти мухтори кӯҳистонии Бадахшон, Раҳимёр Назармамадов, як сокини ин вилоятро ба иттиҳоми даст доштан дар қатли як ҷавони 26-сола ба ҳабси абад маҳкум кардааст. Ин додгоҳ рӯзи ҷумъаи 18 феврал баъди баррасии парвандаи қатли Алидод Худобахшов, як сокини шаҳри Хоруғ, ки дар моҳи сентябри гузашта кушта шуд, ҳамчунин, ду нафари дигарро барои ҳамдастӣ дар ин ҷурм барои мӯҳлатҳои тӯлонӣ ва фарди севумро барои як сол равонаи зиндон кардааст.

 

justiceДар ин бора Саидмусаллам Шомусалламов, раиси додгоҳи вилояти Бадахшон, ба Би-би-сӣ хабар дод. Ба гуфтаи вай, ки зимни баррасии ин парванда додгоҳ Мақсад Мамадатоев, Саидҷаъфар Мастоншоев, ва Мунаввар Мамадатоевро низ дар ҳамдастӣ бо оқои Назармамадов муҷрим шинохтааст. Оқои Шомусалламов гуфт, ки ин афрод ба иттиҳоми куштани Алидод Худобахшов, ҷавоне 26-сола аз шаҳри Хоруғ ва маҷрӯҳ кардани шаҳрвандон Манучеҳр Амонхоҷаев ва Зураб Суҳробов рӯзи 9 сентябри соли 2010 боздошт шуда буданд.

 

Ба гуфтаи манобеъи додгоҳ, ин ҳодиса дар пайи муноқишаи миёни ин афрод бар сари як аккумулятори мошин, ки Раҳимёр Назармамадов аз Манучеҳр Амонхоҷаев ба амонат гирифта буда, рух додааст. Вақте ки Манучеҳр барои гирифтани аккумулятораш аз дасти Раҳимёр меояд, ӯ ба ҷойи бозгардондани ин аккумулятор ба соҳибаш аз шаҳри Хоруғ ба сӯи Ниводак, як маҳали дуруфтодаи шаҳр фирор мекунад. Манучеҳр бо ҳамсинфаш Алидод Худобахшов дар мошини дигаре нишаста, аз пушти онҳо мераванд.

 

Дар Ниводак баҳси онҳо бар сари аккумулятор ба муноқиша ва кордкашӣ анҷом меёбад. Алидод, ки даруни мошин нишаста будаааст, мехоҳад, ки онҳоро аз ҳам ҷудо кунад. Вале Раҳимёр бо ҳамроҳонаш Саидҷаъфар Мастоншоев ва Мақсад Маҳмадатоев, ки гӯё маводди алкулӣ масраф карда буданд, бо чандин зарбаи корд Алидодро ба ҳалокат расонда ва Манучеҳрро сахт маҷрӯҳ мекунанд.

 

Зураб Суҳробов, як сокини дигари Бадахшон, ки аз самти Ишкошим бо мошинаш ба сӯйи Хоруғ ҳаракат мекард, дар роҳ ин ҳодисаро дида, талош мекунад маҷрӯҳонро наҷот диҳад. Вале ӯ низ ҳадафи ҳамлаи Раҳимёр, Саъидҷаъфар ва Мақсад қарор гирифта, маҷрӯҳ мешавад. Алидод Худобахшов дар маҳалли ҳодиса ҷони худро аз даст медиҳад. Афроди мазнун ба ин ҷурм аз ҷофи ҳодиса фирор карда ва баъд аз чанд рӯз дар натиҷаи ҷустуҷӯйи маъмурони пулиси маҳаллӣ ифшо ва боздошт шудаанд.

 

Оқои Шомусалламов мегӯяд Раҳимёр Назармамадов қаблан ҳам маҳкум шуда ва 7 моҳро дар маҳбас гузаронда буд. Вай афзуд зимни бозрасии парванда даст доштани Раҳимёр дар ҷиноёти дигари сангин, ки қаблан рух дода буданд, низ исбот шудааст. Додгоҳ ҳукм кардааст, ки ӯ ба ҳабси абад, бо адои муҷозот дар маҳбаси низоми махсус, маҳкум шавад. Мақсад Мамадатоев ва Саидҷаъфар Мастоншоев тибқи муқаррароти қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои ҳамдастӣ дар қатли як нафар шаҳрванд ва маҷрӯҳ кардани ду каси дигар ба муддати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд. Оқои Мамадатоев ба мӯҳлати 25 сол ба зиндони дорои низоми сахт, бо мусодираи амвол, ва оқои Мастоншоев ба мӯҳлати 20 сол ба ҳабс маҳкум шудаанд.

 

Фарди дигари мазнун, Мунаввар Мамадатоев, ҳарчанд дар латукӯб ширкат накарда бошад ҳам, вале барои хабар надодан ба мақомоти умури дохила аз ин ҷурм ба мӯҳлати як сол ба зиндон маҳкум шудааст. Шаҳри Хоруғ, маркази устони Бадахшон, ҳудуди 30 ҳазор ҷамъият дорад. Бино ба иттилоъи манобеъи ғайрирасмӣ, мизони бекорӣ дар миёни ҷавонон дар ин шаҳр хеле болост. Тавре ки кормандони пулис дар вилоят мегӯянд, ҷиноятҳо сангине, ки вақтҳои охир рух додаанд, бештар ба муноқишаҳои гурӯҳӣ миёни ҷавонони ин шаҳр марбут будаанд.

 

Дар охирин маврид аз чунин задухӯрдҳои ҷавонони сокини шаҳри Хоруғ, ки шоми 31 декабри гузашта рух дод, Далер Ниятбеков, як ҷавони 28-сола, аз ҷониби як сокини дигари ин шаҳр ба зарби корд кушта шуд. Пайвандон ва наздикони маҳкумшудагон дар парванди қатли Алидод Худобахшов нисбат ба ҳукми додгоҳ ибрози норизоятӣ карда ва ба додгоҳи вилоятӣ шикояти истинофӣ (касатсионӣ) бурдаанд. Раиси додгоҳи вилояти кӯҳистонии Бадахшон, Саидмусаллам Шомусалламов, мегӯяд, ки шикояти истинофии онҳо дар додгоҳи олии Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4493-mahkumiyati-yak-nafar-ba-habsi-abad.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854