23:33:17 30-уми Апрели 2026 сол
РУСИЯ БОҶИ МАВОДИ СӮХТРО ЛАҒВ НАКАРД, ТАНҲО КОҲИШ ДОД 29.10.2012 16:20 1906
Мақомоти тоҷик мегӯянд, то ҳол созишномаи миёни Душанбеву Маскав дар бораи лағви боҷи маводи сӯхт тасвиб нашудааст. Давлати Русия сар аз моҳи нобяр боҷи содиротии маҳсулоти нафтиашро то 3,5 дарсад коҳиш медиҳад. Расонаҳои расмии Русия мегӯянд, ин қарорро нахуствазир Дмитрий Медведев имзо гузоштааст.
УЗВИЯТ ДАР СҶТ БА ТОҶИКИСТОН ЧӢ ХОҲАД ДОД? 17.10.2012 08:23 1949
Намояндагони бахши хусусии Тоҷикистон бовар доранд, ки узвият дар СҶТ (ВТО) боис мешавад, то сифати маҳсулоти ватанӣ боло ва нархашон поён равад. Рӯзи сешанбе, 16-уми октябр, дар Душанбе мавзӯи вуруди Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) ...
ИНТИҚОЛИ 422 МИЛЛИОН ДОЛЛАР БА ТОҶИКИСТОН ДАР ЯК МОҲ 16.10.2012 14:09 1766
Дар моҳи сентябр ба Тоҷикистон 422 миллион доллар ворид шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин моҳи соли гузашта, 11 дарсад зиёд аст. Дар як моҳномаи махсуси Созмони Милал дар бораи Тоҷикистон омадааст, ки бо афзоиши муҳоҷирати корӣ, интиқоли пул ба ...
ҲУШДОРИ IMF: “АЗ ҲОЛО “СИПАР”-И ПУЛИИ ЗИДДИ БӮҲРОН СОЗЕД” 09.10.2012 15:22 1545
Дар гузориши нави Сандуқи Байнулмилалии Пул (IMF) гуфта мешавад, ки иқтисоди ҷаҳон мисол на ба гунае, ки дар мояи июл пешбинӣ мешуд, 3,5, балки 3,3 дарсад рушд хоҳад кард. Агар сиёстгузорони Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида илоҷе барои иқтисодиёти ...
АФЗОИШИ НАРХИ ТИЛЛО ДАР БОЗОРИ ҶАҲОНӢ БА ТОҶИКИСТОН ТАЪСИР МЕРАСОНАД? 07.10.2012 07:51 2772
Арзиши як унсий тилло, ки муодили 31,1 грам аст, дар бозори ҷаҳонӣ ба 1 ҳазору 782 доллар баробар шудаст, ки ин нишондод дар муқоиса бо чанд моҳи пеш наздики 200 доллар қиматтар аст.Тирамоҳи соли гузашта нархи як унсий тилло дар ҷаҳон ба нишондоди ...
MADE IN TAJIKISTAN БА ХОРИҶА, MADE IN CHINA БА ТОҶИКИСТОН 30.09.2012 21:28 1945
Шиму куртаҳои пахтагии истеҳсоли Тоҷикистон ҳоло дар кишварҳои Аврупову Русия харидор пайдо кардаанд.Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, сол то сол маҳсулоти корхонаҳои кишвар дар сатҳу сифати баланд ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ меёбанд.
БОНКИ ҶАҲОНӢ: ТОҶИКИСТОН БОЯД ДАР КУТОҲТАРИН ФУРСАТ ЧОРАҲОИ ЗАРУРӢ АНДЕШАД 20.09.2012 16:42 1760
Мушкилоти бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва аз байн бурдани миёнаравҳо, ки имрӯзҳо вазъи муҳоҷирони меҳнатиро дар Русия душвор кардааст, аз масъалаҳое буданд, ки миёни коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ва масъулини Хадамоти муҳоҷирати ...
ИШТИРОКИ 30 ШИРКАТИ ЭРОНӢ ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ 13.09.2012 09:07 1680
Дирӯз, 12-уми сентябр, дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт намоишгоҳи байналмилалии Эрон бо иштироки 30 ширкати эронӣ ва корхонаҳои бузурги саноатӣ аз вилояти Мозандарону шаҳри Сории Эрон ба кор шурӯъ кард.
С.НАҶМИДДИНОВ: "КОДЕКСИ НАВИ АНДОЗ БА НАФЪИ КОРФАРМО АСТ" 06.09.2012 15:14 1928
Маҷлиси Намояндагон қонуни зиддунақизи молиётро қабул кард, ки ба гуфтаи соҳибкорон вазъи бизнеси хусусиро буғранҷ мекунад. Дар кори ин иҷлосия МН, ки рӯзи 5 сентябр баргузор шуд, бар изофаи вакилони парлумон, ҳамчунин вазирони блоки иқтисодии ...
ЧАРО КОРХОНАҲОИ ВАТАНӢ ТАЪСИРГУЗОР НЕСТАНД? 05.09.2012 14:00 1863
Дар боробари афзоиш ёфтани истихроҷи газ дар кишвар, ки мебояд ин омил нархи онро дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон арзон намояд, баръакс болоравии қиммати ин намуди маҳсулот ба назар мерасад.Дар нимсолаи аввали соли равон дар корхонаву ...
НАРХИ ОРД: ОБ ФАҚАТ АЗ БОЛО ЛОЙ АСТ? 20.08.2012 23:26 2229
Ду моҳ боз нархи орд дар Тоҷикистон башиддат боло меравад. Иқтисоддонҳо инро паёмади хушксолӣ дар бархе кишварҳои ҷаҳон ва уфти башиддати ҳосили имсолаи ғалла бахусус дар Қазоқистон - таъминкунандаи асосии бозори Тоҷикистон медонанд.
ВАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКА ВА САНОАТ: ҚАРОРИ ҲУКУМАТ БА ЗАРАРИ КОРХОНАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ АСТ… 16.08.2012 22:40 2028
Масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон қарори ҳукуматро дар хусуси манъи содироти ангишт, ки дар Тоҷикистон 4 моҳ боз амал мекунад, ба зарари корхонаҳои истеҳсоли ангишт арзёбӣ намуданд.Бино ба маълумоти Гул Шералӣ, вазири энергетика ...
ПАЛАТАИ ҲИСОБ - НИҲОДИ НАВ Ё ТАКРОРИ ОҶОНСИ МУБОРИЗА БО ФАСОД? 15.08.2012 22:31 2176
Дар иҷлосияи ғайринавбатии МН қарор аст сохтор ва ҳайати кории Палатаи ҳисоб мушаххас ва тасдиқ шавад.Дар бораи ташкили ин ниҳоди нав дар сохтори идории Тоҷикистон пештар фармони раиси ҷумҳурии ин кишвар содир шуда ва Маҷлиси намояндагон ...
РУСИЯ ОМОДАИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ТАРҲИ КАСА-1000 АСТ 17.07.2012 13:21 1826
Ба навиштаи матбуоти Покистон дар Исломобод дуввумин ҷаласаи гурӯҳи кории Покистону Русия баргузор шудааст. Дар он ҷонибҳо ҳамчунин тарҳи бунёди хати интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро, ки CASA-1000 ном дорад, баррасӣ кардаанд.
АВРУПО АЗ "РАВЗАНАИ ЯГОНА" ҲИМОЯТ МЕКУНАД 10.07.2012 18:45 1911
Иттиҳодияи Аврупо барои пуштибонӣ аз «Равзанаи ягона» дар Тоҷикистон як миллиону 200 ҳазор евро ихтисос дод. Ҳадаф аз тақдими ин маблағ, фароҳам овардани шароити беҳтар барои расмиёти воридоту содирот ва транзит дар Тоҷикистон мебошад.