16:02:57 01-уми Июли 2025 сол

ТАЛОШИ ДУШАНБЕ БАРОИ КОҲИШУ ВОБАСТАГӢ БА МАВОДИ СӮХТИ РУСИЯ

Мақомоти Тоҷикистон аз чанд моҳи пеш талоши васеъро барои ёфтани ҷойгузин ба ҷойи Русия барои таъмини маводи сухти мавриди ниёзи кишварашон дар дастури кори худ қарор додаанд.

/images/stories/2011/08/04_benzin_4.8.2011.jpgБа гузориши хабаргузории «Форс», агар чӣ мақомоти расмии Тоҷикистон дар мавриди натоиҷи боздиди Ҳамрохон Зарифӣ вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва музокироти вай бо раисҷумҳур ва дигар мақомоти туркман бо эҳтиёт сухан мегӯяд, аммо ба назар чунин мерасад, ки ҳадафи аслии ин сафари ду рӯза, ёфтани роҳи ҳал барои мушкили ин кишвар дар таъмини маводи сухти нафтӣ аст.

Мақомоти расмии Тоҷикистон бо ишора ба сафари Зарифӣ ба Ашқобод таъкид карданд, ки бознигарӣ дар мавриди тавофуқномаҳои қаблӣ байни ду кишвар ва таъйини нархи муносиб барои маводҳои сӯхти нафтии содиротӣ ба Тоҷикистон, аз аҳдофи ин сафар будааст.

Коршиносони масоили иқтисодӣ бо ишора ба барномаи сафари Зарифӣ дар Ашқобод, таъкид мекунанд, ки масъулони олирутбаи нафт, газ, тиҷорат, ҳамлу нақл ва иртибототи Туркманистон аз ҷумлаи мақомоте буданд, ки вай бо онҳо музокироте анҷом дода ва масоили мавриди алоқаро дар дидор бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов - раисҷумҳур низ дар миён гузоштааст.

Ин коршиносон мӯътақиданд, ки сафари вазири хориҷаи Тоҷикистон ба Ашқобод, талош барои дастёбӣ ба манбаи ҷадиди воридоти маводҳои сухтӣ ва коҳиши вобастагии ин кишвар ба Русия аст.

«Рӯзгор»

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 19.08.2011 19:21
yak umr ghulomi inu on hastem da kay xudi tjk neft merora binzindor meshava ? gadoira kam kunen neftu gazi tjk ro barored oxi . to kaya peshi inu on garda kaj meknen e mardum?
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ