Барқияи табрикӣ ба Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян
10.08.2025 23:12
375
9 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Никол Пашинян барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
Мулоқоти сафир бо муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб
08.08.2025 20:27
319
7 августи соли 2025 дар шаҳри Абу Забӣ мулоқоти сафир Ашрафҷон Гулов бо муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) Шайх Абдулло ибни Зойид Оли Наҳаён доир гардид.
Мулоқоти сафир бо Президенти Иттиҳоди палатаҳо ва биржаҳои молии Туркия
08.08.2025 20:26
332
7 августи соли 2025 дар шаҳри Анқара мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ бо Президенти Иттиҳоди палатаҳо ва биржаҳои молии Туркия (TOBB) Рифат Ҳисарҷиклиоғлу баргузор гардид.
Тоҷикистон ба маблағи 28,3 миллион доллар маҳсулоти асосии саноати хӯрокворӣ содирот намудааст
07.08.2025 13:46
422
Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли равон ба хориҷи мамлакат дар ҳаҷми 28,3 миллион доллар маҳсулоти асосии саноати хӯрокворӣ содирот намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1 миллион доллар ё 103,7 фоиз зиёд мебошад.
Дар Исломобод густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардид
07.08.2025 13:44
359
Кордори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон Саидҷон Шафизода бо Котиби федералии мероси миллӣ ва фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Покистон Асад Раҳмон Гелонӣ дар Исломобод мулоқот намуд.
Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Австрия ва Созмони байналмилалии муҳоҷират баррасӣ шуд
07.08.2025 13:42
317
5 август дар шаҳри Авазаи Туркманистон дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (LLDC3) мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби давлатии Вазорати федеролии ...
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии ҶИЭ Аббоси Ароқчиро ба ҳузур пазируфтанд
02.08.2025 13:03
427
30 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббоси Ароқчиро ба ҳузур пазируфтанд.Дар мулоқот доираи васеи масоили вобаста ба муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Мулоқоти вазир бо cафири Британияи Кабир
02.08.2025 12:56
327
1 августи соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулодда ва мухтори Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кэтрин Смиттонро ба ҳузур пазируфт.
Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ва ифтитоҳи бинои Раёсати молияи ноҳия
21.07.2025 12:26
392
20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва суҳбат бо аҳли заҳмат бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварданд.
Анҷумани иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб
19.07.2025 18:04
435
17 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб бо иштироки вазирони иқтисоди ду кишвар, ҳайатҳои расмӣ, корхонаҳои саноатӣ ва доираи соҳибкорон баругзор гардид.
Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷӣ
19.07.2025 18:01
386
18 июли соли 2025 ҷаласаи навбатии Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Ҳайати мушовара – вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, аъзои Ҳайати мушовара, сардорони сарраёсат, раёсатҳо ва муовинони онҳо...
Маросими баимзорасонии Шартномаи суратҳисоби бонкии эскроу
12.07.2025 16:26
458
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Шартномаи суратҳисоби бонкии эскроу миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...
Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
12.07.2025 16:24
540
Ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Қарори дахлдор 12 июли соли 2025 зимни иҷлоси 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж қабул гардид.
Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо роҳбарияти Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ
12.07.2025 16:22
476
11 июли соли 2025 вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Душанбе хонум Саломе Штайбро бинобар ба итмом расидани маъмурияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойгузини мавсуф хонум Дениз Лютиро ба ҳузур пазируфт.
Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният ИА-ОМ
12.07.2025 16:20
408
11 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 12-уми Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гашт. Ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ...
















