02:27:12 26-уми Июни 2025 сол

Тоҷикистон хостори таҷлили ҷаҳонии 3000-солагии Ҳисор шуд

Ҳукумати Тоҷикистон бо ирсоли нома ба СММ хостори таҷлили ҷаҳонии сеҳазорумин солгарди бунёди Ҳисор шуд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷаласаи машваратии корӣ омодагӣ ба таҷлили 3000-солагии Ҳисорро баррасӣ намуд.

hisor-54455454Гуфта мешавад, ки ин ҷашнвора моҳи сентябри соли 2015 баргузор мегардад ва дар доираи он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар сарчашмаҳои марказии маблағгузорӣ, буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорони ноҳияи Ҳисор садҳо иншооти нави замонавӣ бунёд ёфта, ҳазорон ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад. Аз ҷумлаи ин иншоот бунёди варзишгоҳи бузурги марказӣ дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст, мактаби президентӣ, чанд мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, беморхонаи нави марказӣ ва якчанд иншооти дигари тиббӣ, китобхонаю осорхона, боғи марказии фарҳангию фароғатӣ бо чойхонаи миллӣ мебошанд. 

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки “ҳадафи асосӣ аз таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии ин диёри маъруфи бостонӣ, ободу зебо намудани он ва ба шаҳри зебои муосир табдил додани маркази ноҳия аст”. Дар ҳамин ҷаласа иттилоъ дода шудааст, ки  барои таҳти васоёи ЮНЕСКО таҷлил намудани ин ҷашни таърихию фарҳангӣ ба ин созмон дархости Ҳукумати кишвар ирсол гардидааст.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ