13:15:16 07-уми Июни 2025 сол

САФАРИ САФИРИ ИМА ГРОСС БА ХУҶАНД

Сафири ИМА дар Тоҷикистон,  Кен Гросс ба Хуҷанд ташриф овард то бо вазъи вилояти Суғд аз наздик шинос шавад. Ӯ бо ҳокими вилоят Қоҳир Расулзода, раиси шаҳри Хуҷанд Содиқҷон Мирхолиқов, сарвари бахши минтақавии Идораи Созмони амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон ва намояндагони ду созмони ғайриҳукуматие, ки дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ фаъолият доранд, мулоқотҳо доир намуд.

 

Сафир бо 25 хатмкунандаи барномаҳои мубодилаи ҳукумати ИМА дар Тоҷикистон ҳамсӯҳбат шуд ва ба минтақаи озоди иқтисодӣ сафар кард. Дар идомаи сафари худ Кен Гросс аз масҷиди марказӣ, бозори Панҷшанбе  ва осорхонаи Хуҷанд дидан намуд.  Дар хотимаи сафар ӯ бо 15 хабарнигори вилоят нишасти матбуотӣ доир намуд.

 

Дар рафти нишасти матбуотӣ ӯ ба саволҳои хабарнигорон дар бораи фаъолияти ИМА дар Афғонистон, таъсири ин фаъолият ба Тоҷикистон ва сиёсати раводидҳои ИМА посух дод. Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон  Тревор Мур низ дар аксари ин мулоқотҳо ширкат варзида дар бораи сиёсати Британия қиболи рушди хоҷагии халқи вилоят ибрози ақида намуд.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/1385-safari-safiri-ima-gross-na-khujand.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854