20:16:11 28-уми Июни 2025 сол

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РОЗА ОТУНБОЕВА

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ҷараёни иштирокаш дар маҷлиси Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Евразия дар шаҳри Остона бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Роза Отунбоева мулоқот кард. Сардори давлати Тоҷикистон Роза Отунбоеваро ба муносибати бомуваффақият гузаронидани ҳамапурсӣ табрик намуда, ба халқи қирғиз сулҳу ободӣ ва шукуфоӣ орзу намуд.

 

Сипас мусоҳибон роҳҳои минбаъдаи равнақу ривоҷи ҳамкории мутақобилан муфиди Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд. Онҳо инчунин роҷеъ ба баъзе масъалаҳои муҳимтарини байналхалқӣ табодули назар намуданд.

 

АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2614-2010-07-05-18-22-25.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ