19:01:15 28-уми Июни 2025 сол

ПАРВОЗҲОИ "ТОҶИК ЭЙР" АЗ САР ГИРИФТА ШУД

Парвозҳои ширкати "Тоҷик эйр", ки ба далели қарздорӣ аз "Ширктаи таъминоти сӯхт" дар фурудгоҳи Душанбе қатъ шуда буданд, баъди таъхири даҳсоата аз сар гирифта шуданд. Парвозҳои «Тоҷик эйр» ба Маскав, Хуҷанд, ва Санкт - Петербург, димрӯз ба таъхир уфтода буд. Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи маркази матбуоти "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" гуфт, сабаби таъхир дар парвозҳо қарздории ширктаи давлатии "Тоҷик эйр" будааст.

 

Ӯ афзуд, баъди музокира ва гуфтушуниди ширкати ҳавопаймоӣ ва ширкати таъминоти сӯхт мушкилот ҳал шудааст ва парвозҳо ба шаҳрҳои Маскав, Хуҷанд ва дигар самтҳо аз сар гирифта шуд.  Оғои Шодиев мегӯяд, дар муддати таъхири парвозҳо дар фурурдгоҳи Душанбе мусофирони зиёде ҷамъ омаданд, вале ҳеҷ иттифоқи ғайри интизоре рух надод ва онҳо бо маълумоти саривақтӣ ва ҷойи интизорӣ таъмин буданд.

 

Феълан парвози ҳамвопаймоҳо ба сурати маъмулӣ идома дорад. Дар Тоҷикистон ду ширкати ҳавопаймоии миллӣ амал мекунад. Яке ширктаи давлатии «Тоҷик эйр» ва дигаре ширкати хусусии «Сомон эйр» мебошад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2629--q-q----.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ