20:03:40 07-уми Июни 2025 сол

ПИСАРОНИ МИРЗО ЗИЁЕВ ДАРХОСТИ ИСТИНОФ КАРДАНД

Вукалои мудофеъи фарзандони Мирзо Зиёев ҳукми Додгоҳи олӣ алайҳи онҳоро ғайримунсифона хонда ва дархости истиноф (кассатсия) кардаанд. Қарор аст дархости онҳо дар ҷаласаи истинофии Додгоҳи олӣ рӯзи 20 июл баррасӣ шавад. Дар авохири моҳи гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон Саидаҳмад ва Муҳаммадризо, ду писари Мирзо Зиёевро барои 30 ва 28 сол ба зиндон маҳкум карда буд.

 

Худи Мирзо Зиёев, вазири собиқи умури изтирорӣ ва аз фармондеҳони саршиноси нерӯҳои мухолифини собиқи давлати Тоҷикистон, соле қабл дар ҷараёни як амалиёти нерӯҳои интизомӣ ва амниятӣ дар ноҳияи Тавилдара кушта шуд. Баъд аз ин ҳодиса мақомоти Тоҷикистон Мирзо Зиёевро ба тавтеъа алайҳи давлат, қочоқи маводди мухаддир ва иртибот бо гурӯҳҳои теруристӣ муттаҳам карда ва изҳор доштанд, ки вай аз сӯйи "ҳаммаслакони худаш" кушта шудааст.

 

Анвар Юсупов, муъовини раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 16 июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ду писари Мирзо Зиёев низ ба таъсиси гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ ва кӯшиш барои кудетои давлатӣ муттаҳам шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар тобистони соли гузашта давлати Тоҷикистон мукарраран иддаъои бархе аз расонаҳои гурӯҳиро дар бораи даргирӣ миёни нерӯҳои давлатӣ ва мухолифон рад карда, изҳор медошт, ки дар шарқи ин кишвар танҳо як амалиёти зидди маводди мухаддир бо номи “Кӯкнор-2009” ҷараён дорад.

 

Баъдан мушаххас шуд, ки он замон нерӯҳои давлатӣ ин амалиётро алайҳи гурӯҳе аз мухолифин, ки "қасди кудето доштанд", анҷом додааст. Дар посух ба ин суол, ки чаро муҳокимаи парвандаи фарзандони Мирзо Зиёев пушти дарҳои баста доир, Анвар Юсупов гуфт, ки дар ҷараёни ин муҳокима масоили амниятӣ низ матраҳ буда ва ба ҳамин далел ин парванда ба истилоҳ “махфӣ” эълом шудааст.

 

Оқои Юсупов афзуд, ки ба далоили мушобеҳ парвандаи як гурӯҳи 49-нафарӣ ҳам, ки дар ҳаводиси Тавилдара дар соли гузашта даст доштанд, пушти дарҳои баста идома дорад. Аъзои ин гурӯҳ, ки шаш табаъаи Русия низ шомили он ҳастанд, дар мушорикат дар як гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ, талош барои ғасби ҳокимият ва кудето мазнун дониста шудаанд. Чанде қабл манобеъи Додситонии кулли Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки ин парванда аз сӯйи маъмурони амниятӣ таҳқиқ мешавад ва бархе аз афроди мазнун аъзои Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон ҳастанд.

 

Дар гузашта дар матолиби бархе аз расонаҳои хориҷӣ ба мавзӯъи ҳамкории Мирзо Зиёев бо Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон ишораҳое шуда буд, вале худи вай чунин иттиҳомро пайваста рад мекард. Дар ҳамин ҳол, талошҳои хабарнигорон барои дарёфти посух ба ин суол аз Додгоҳи олӣ, ки чаро парвандаи писарони Мирзо Зиёев аз парвандаи афроди дигари мазнун дар ҳаводиси соли гузашта дар Тавилдара ҷудо баррасӣ шудааст, натиҷае надод.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2693-2010-07-16-08-45-52.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854