ҲАЙАТЕ АЗ ПУЛИСИ ТОҶИКИСТОН БА ҚИРҒИЗИСТОН МЕРАВАД
Вазорати кишвари Тоҷикистон мегӯяд, ки гурӯҳе аз кормандони ин вазорат барои ироаи кумак ба ҳамтоёни қирғизи худ дар таҳқиқи ҳаводиси Ӯш ва Ҷалолобод ба он кишвар эъзом хоҳанд шуд. Ҳамчунин, Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири кишвари Тоҷикистон гуфт, ки то ҳол ширкати афроди тоҷикистонӣ дар ҳаводиси моҳи июн дар Қирғизистон собит нашудааст. Вале вай ҳамзамон ҳузури атбоъи тоҷик дар ҳаводиси ҷануби Қирғизистонро баъид надонист.
Оқои Қаҳҳоров рӯзи сешанбеи 21 июн дар нишасти матбуъотии ин вазоратхона гуфт, ки баъд аз нашри хабарҳо дар бораи ширкати тоҷикон дар даргириҳои ҷануби Қирғизистон ва вокуниши давлати Тоҷикистон ба ин иддаъоҳо "мақомоти қирғиз ширкати тоҷикон дар нооромиҳои кишварашонро собит карда натавонистанд."
Оқои Қаҳҳоров афзуд: "Он замон Роза Отунбоева гуфт, ки имрӯз мо ягон давлати ҳамсояро ба ширкат дар қазияи кишварамон муттаҳам карда наметавонем, зеро дар миёни гурӯҳҳои теруристие, ки дар нооромиҳои ҷануб даст доштанд, эҳтимоли ширкати афғонҳо, покистониҳо, тоҷикҳо, ӯзбакҳо ва доғистониҳое вуҷуд дошт, ки тавассути Афғонистон ба қаламрави кишвар ворид шуда ва ба ҷинояткорони мо кумак карданд."
Оқои Қаҳҳоров бо ишора ба ин суханони хонуми Отунбоева гуфт, ки забони дарӣ ва тоҷикӣ як ҳастанд ва қирғизҳо мумкин аст дар тафовут гузоштан миёни ин забонҳо иштибоҳ карда бошанд. Ба гуфтаи вазири кишвари Тоҷикистон, дар ояндаи наздик чанд нафар аз кормандони ин вазорат дар ҳайъати гурӯҳе аз кормандони интизомии кишварҳои узви СПАД ба Қирғизистон хоҳанд рафт, то ба ҳамтоёни қирғизи худ барои таҳқиқи ҷиноёти марбут ба ҳаводиси моҳи июн кумак кунанд.
Ба гуфтаи вай, ин тасмим пас аз баргузории ҷаласаи ниҳодҳои мубориза бо маводди мухадири кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар Душанбе, ки авоили ин моҳ баргузор шуда буд, гирифта шудааст. Аммо вай шумори дақиқи маъмуронеро, ки а Қирғизистон эъзом мешаванд, нагуфт.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Қирғизистон пештар эълом карда буданд, ки ҳайъате аз коршиносони байналмилалӣ ба раҳбарии як масъули Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ба таҳқиқи ҳаводиси фоҷеъабор дар ҷануби ин кишвар, ки мунҷар ба кушта шудани даҳҳо нафар аз сокинон шуд, хоҳад пардохт.
Фаъолияти нимсолаи пулис
Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири кишвари Тоҷикистон, дар ин нишасти матбуъотӣ, ки ба фаъолияти ин вазоратхона дар шаш моҳи гузашта бахшида шуда буд, гуфт, ки дар ин муддат дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ 44 нафар аз атбоъи тоҷик, ки мавриди пайгарди қонунӣ буданд, боздошт шудаанд. Вай афзуд, ки кормандони вазорати кишвари Тоҷикистон низ дар ин муддат 51 нафар аз муттаҳамон ба ҷиноёти мухталиф аз ҷумлаи атбоъи хориҷиро, ки мавриди пайгарди қонунӣ қарор доштанд, боздошт кардаанд.
Ба гуфтаи вазири кишвари Тоҷикистон, дар як соли ахир онҳо барои таъмини оромӣ ва субот дар шаҳри Душанбе ва таҳти назорати ҳамешагӣ қарор додани вазъияти иртикоби ҷароим дар ин шаҳр гурӯҳи вижаеро аз ҷумлаи кормандони пулис таъсис додаанд. Оқои Қаҳҳоров афзуд: "Баъд аз оғози кори ин гурӯҳ мизони иртикоби ҷароим дар макони таҷаммӯъи мардум дар шаҳр 38 дар сад ва дар хиёбонҳо 58 дар сад коҳиш ёфт."
Аммо оқои Қаҳҳоров бо изҳори таассуф афзуд, ки маъмурони пулис то ҳол омилони се инфиҷореро, ки дар осотонаи таҷлил аз "Рӯзи Ваҳдат" дар шаҳри Душанбе рух дод, натавонистаанд пайдо кунанд. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ду нафар аз кормандони вазорати кишвар ба ҳангоми ифои вазифа кушта шудаанд ва як маъмури пулис дар ҷараёни амалиёти наҷоти осебдидагони сел дар Кӯлоб ҷароҳат бардошта ва маълул шудааст.
Ҳамчунин, кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба сокинон пешниҳод кардаанд, ки ба манзури назорат бар назму тартибот дар хиёбонҳои шаҳрҳо ва навоҳии ин кишвар гурӯҳҳои муташаккил аз сокинони довталабро таъсис диҳанд. Ҳарчанд ба гуфтаи онҳо, то ҳол ин ибтикори пулис дар миёни сокинон ҷонибдорони зиёде пайдо накардааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2734-2010-07-21-18-08-53.html