ҲУЗУРИ ШАБОНАИ НЕРӮҲОИ ОМОН ДАР ХИЁБОНҲОИ ДУШАНБЕ
Дар хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон тадобири амниятӣ дар ҳафтаҳои ахир тақвият шудааст. Ҳамакнун бархе аз маҳаллоти шаҳрро шабона нерӯҳои ОМОН ё гурӯҳи вижаи пулис бо силоҳ посбонӣ мекунанд. Гуфта мешавад, ки ин амр ба манзури муқобала бо фаъолияти қочоқгарони маводди мухаддир сурат мегирад. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 22 июл дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ ин хабарро таъйид кард, вале гуфт, ки ташдиди тадобири амниятӣ набояд мояи нигаронии сокинон гардад.
Ба гуфтаи вай, нерӯҳои ОМОН маъмулан якҷо бо маъмурони пулиси роҳ бархе аз хиёбонҳоро шабона посбонӣ мекунанд ва ҳадафи аслии онҳо ҷилавгирӣ аз қочоқи маводди мухаддир аст. Ин дар ҳолест, ки як корманди ОМОН, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, изҳор дошт, ки "дар шаҳр бачаҳои бад пайдо шудаанд" ва сабаби ҳузури онҳо дар хиёбонҳо боздошти онҳост. Вале Маҳмадулло Асадуллоев чунин изҳори назари як сарбози ОМОН-ро "шӯхие" арзёбӣ кард ва гуфт, ки ҳеҷ хатаре амнияти сокинонро таҳдид намекунад.
Ин дар ҳолест, ки соле қабл дар пайи ташдиди тадобири амниятӣ, мақомоти интизомӣ ва амниятӣ эълом карда буданд, ки дар куллияи манотиқи кишвар ва бавижа дар шарқи Тоҷикистон амалиёти “Кӯкнор-2009” барои мубориза бо қочоқгарони маводди мухаддир оғоз шудааст. Вале дертар эълом шуд, ки дар чорчӯби ин амалиёт нерӯҳои давлатӣ як гурӯҳи силоҳбадастон дар ноҳияи Тавилдараро саркӯб кардаанд, ки дар ин амалиёт Мирзо Зиёев, вазири собиқи умури изтирорӣ ва аз фармондеҳони саршиноси мухолифони пешин, кушта шуд.
Аз сӯйи дигар, ташдиди тадобири амниятӣ ва ҳузури сарбозони ОМОН дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе дар остонаи таҷлил аз Рӯзи Ваҳдат, яъне 27-уми июн, мушоҳида шуда буд. Вазорати умури дохилӣ ин тасмимро амре маъмулӣ дар рӯзҳои баргузории ҷашнҳои миллӣ унвон карда буд.
Ҳамакнун, ҳадаф аз тақвияти тадобири амниятӣ мубориза бо қочоқи маводди мухаддир арзёбӣ мешавад, ки дар миёни ҷомеъаи Тоҷикистон суолотеро матраҳ мекунад. Аз ҷумла, соҳибназарон мегӯянд, ки агар ҳадаф аз тақивияти тадобири амниятӣ дар соъатҳои шабона мубориза бо қочоқчиён аст, пас оё ин гурӯҳҳо наметавонанд муъомилоти худро рӯзона анҷом диҳанд?
Аз сӯйи дигар, женерол Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 21 июл дар як нишасти матбуъотӣ аз афзоиши мизони ҷароими вобаста ба қочоқи маводи мухаддир изҳори нигаронӣ кард. Ба гуфтаи вай, агар дар ним соли аввали соли 2009 теъдоди 355 мавриди чунин ҷароим ошкор шуда бошад, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ин рақам то ба 413 маврид афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин, ба гуфтаи женерол Қаҳҳоров, кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба сокинон пешниҳод кардаанд, ки ба манзури назорат бар назму тартибот дар хиёбонҳои шаҳрҳо ва навоҳии ин кишвар гурӯҳҳои муташаккил аз сокинони довталабро таъсис диҳанд.
Вале ба гуфтаи вай, то ҳол ин ибтикори пулис дар миёни сокинон ҷонибдорони зиёде пайдо накардааст. Ин дар ҳолест, ки бархе аз соҳибназарони хориҷӣ аз эҳтимоли бурузи норомиҳо дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа дар фасли тобистон ва тирамоҳи имсол изҳори назар кардаанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2739-2010-07-22-10-27-51.html