БОЗДОШТИ ПИСАРИ СОБИҚ ДОДСИТОНИ КУЛЛИ ТОҶИКИСТОН
Ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон Файзулло Бобохонов, писари Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли ин кишварро, боздошт кардаанд. Файзулло Бобохонов дар ришваситонӣ ва сӯиистифода аз мақоми хидматии худ мазнун дониста мешавад. Писари собиқ додситони кул то авоили соли ҷорӣ симати додситонии ноҳияи Ҳисорро ба ӯҳда дошт. Тибқи иттилоъи манобеъи ғайрирасмӣ, Файзулло Бобохонов аз сӯйи маъмурони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт шудааст.
Вале ба навиштаи хабаргузории “Asia-Plus”, манобеъи ин ниҳод гуфтаанд, ки онҳо мунтазири дарёфти иҷоза барои боздошти Файзулло Бобохонов ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки манобеъи додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мегӯянд, ки ахиран чунин иҷоза аз сӯйи додгоҳ содир шудааст ва ҳоло Файзулло Бобохонов дар боздоштгоҳ қарор дорад.
Тибқи иттилоъи ин манбаъ, маъмурони интизомӣ як корманди додситонии ноҳияи Ҳисорро боздошт кардаанд. Вай дар гирифтани 20 ҳазор дулор ришва мазнун дониста мешавад. Дар ҷараёни таҳқиқи ин парванда вай гувоҳӣ додааст, ки даҳ ҳазор дулор аз ин маблағро ба Файзулло Бобохонов додааст, ки он замон додситони ин ноҳия буд.
Иттиҳоми сӯиистифода аз мақом ва ришваситонӣ алайҳи Файзулло Бобохонов дар симати додситони ноҳияи Ҳисор дар байни мардум аз муддатҳо қабл матраҳ буд. Дар бораи эҳтимоли даст доштани вай дар ҷароими дигаре низ шоеъоте пахш шудааст. Файзулло Бобохонов соли 2005 бо фармони падари худ, ки он замон Додситони кулли Тоҷикистон буд, ба симати додситони ноҳияи Ҳисор таъйин шуд. Ҳарчанд ба гуфтаи соҳибназарон, ин амр бо қавонини Тоҷикистон муғоир буд.
Бо ин вуҷуд, Файзулло Бобохонов то баҳори соли ҷорӣ дар ин симат ифои вазифа мекард ва танҳо баъд аз барканории падараш аз симати Додситонии кул, мавзӯъи барканории худи вай низ матраҳ шуд. Тибқи иттилоъи манобеъи додситонии кул, то имрӯз Файзулло Бобохонов дар феҳристи раёсати кодрҳои Додситонии кул, ки мунтазир таъйиноти ҷадид ҳастанд, қарор дошт.
Барканории Бобоҷон Бобохонов аз симати Додситони кулли Тоҷикистон дар баҳори соли ҷорӣ низ то андозае ғайримунтазира ба назар мерасид. Зеро то синни бознишаста шудани вай боз ду моҳ боқӣ монда буд ва тибқи қоъида, маъмулан мансабдорон баъд аз таҷлил аз ҷашни мавлудашон аз симатҳо барканор мешаванд.
Вале баргузории ҷаласаи изтирории Маҷлиси Миллӣ ва барканории Бобоҷон Бобохонов дар миёни ҷомеъаи Тоҷикистон шоеъоти зиёдеро ба вуҷуд овард. Аз ҷумла, дар бораи норизоятии раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз фаъолияти оқои Бобохонов дар симати Додситонии кул ва ҳамчунин эҳтимоли даст доштани вай дар аъмоли ғайримуҷоз сару садоҳое пахш шуд. Бархеҳо баъид намедонанд, ки аъмоли худи вай низ мавриди баррасӣ қарор бигирад.
Яке аз парвандаҳои ҷанҷолбарангез дар даврони додситонии оқои Бобохонов қазияи як гурӯҳи беш аз чиҳилнафарии ба истилоҳ "парвандаи Низомхон Ҷӯраев" буд. Худи Бобоҷон Бобохонов дар як нишасти матбуъотӣ аз ҳукми додгоҳ алайҳи ин афрод шадидан интиқод карда буд.
Аз сӯйи дигар, дар зарфи ду соли ахир ихтилофот миёни Додситонии кулл ва Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон мушоҳида мешуд, ки пайваста бо изҳори назарҳои тунди ҳар ду ҷониб алайҳи ҳам ҳамроҳ буд. Вале дар ниҳоят Шерхон Салимзода, раиси собиқи Ожонси мубориза бо фасоди давлати Тоҷикистон, ҷойгузини Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли ин кишвар, шуд.
Оқои Салимзода поксозии суфуфи додситонии Тоҷикистон аз афроди бесалоҳиятро яке аз иқдомоти нахусти худ эълом кард. Дар миёни додситонҳое, ки аз симати худ барканор шуданд, Файзулло Бобохонов, писари собиқ додситони кул, низ қарор дошт.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2750-2010-07-23-12-48-39.html