08:18:17 29-уми Июни 2025 сол

САФАРИ САФИР КЕН ГРОСС БА ВМКБ

Сафири Иёлоти Муттаҳида Кен Гросс нахуст сафари кории худ ба минтақаи Помири Тоҷикистон ҳамчун сафир барои гирифтани иттилоот дар бораи минтақа ва рушди он аз 8 то 13 июли соли 2010 анҷом дод. Дар рӯзи якуми сафараш дар Хоруғ, сафир бо муовини раиси вилояти Бадахшони Кӯҳӣ, Иброҳимбек Ғозибеков барои муҳокимаи масъалаҳои асосии рушди минтақа вохӯрд. Сафари сафир ташрифи Гармчашма, Ишкошим, Лангар, Биби Фотима, Мурғоб ва Кулма дар бар мегирифт.

 

Сафир Гросс қайд намуд: “Ман ба ВМКБ соли 2004 ҳамчун ҷонишини сарвари намояндагӣ сафар доштам ва дидани ин қадар таррақиётро дар мӯҳлати шаш соли охир дилгармкунанда аст. ВМКБ соҳиби иқтидори бузург барои туризм, савдо ва мубодила байни давлатҳои ҳамсоя мебошад. Барои ман мустаҳкам кардани равобити байни Иёлоти Муттаҳида ва мардуми ин минтақа тавассути мубодилаи фарҳангӣ ва рушди иқтисод ҳаяҷоновар аст.”

 

Сафир Гросс аз лоиҳаҳои сарҳадӣ дар Хоруғ, Ишкошим, Мурғоб ва Кулма, ки аз тарафи Сафорати Иёлоти Муттаҳида дастгирӣ мешаванд, дидан кард. Дар Хоруғ Иёлоти Муттаҳида барои барқарорсозии иншооти тамрингоҳи муштараки тоҷикию афғонӣ қариб 300 000 доллари ИМА маблағгузорӣ кард. Сипас сафир сохтмони биноҳои хадамоти гурӯҳҳои зудҳаракат дар Ишкошим ва Мурғоб, ки ҳамчун бошишгоҳи доимии гурӯҳҳои зудҳаракати Агентии назорати маводи нашъаовар истифода бурда мешавад, зиёрат кард.

 

Иёлоти Муттаҳида барои мошинҳои посбоникунанда ва биноҳо зиёда аз 540 000 доллари ИМА маблағгузорӣ менамояд. Сафир Гросс дар бораи истифодаи таҷҳизоти радиоӣ дар дастаҳои сарҳадбонии Хоруғ ва Мурғоб ҳисобот гирифт. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида дар солҳои 2007-2009 сарҳадбонони тоҷикро бо радио ва таҷҳизоти дастёрии радио ба маблағи беш аз 8 000 000 доллари ИМА муҷаҳҳаз намуд.

 

Сафир аз минтақаи тиҷорати озод дар Ишкошим дидан намуд ва баъдан сафари худро ба сохтмони иншоотҳои гумрукӣ-сарҳадӣ дар Кулма назди сарҳади Чин, ки аз тарафи Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида маблағгузорӣ карда мешавад, идома намуд. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида дар ҳамкорӣ бо Бонки рушди Осиё барои сохтмони иншоотҳои гумрукӣ-сарҳадӣ  дар Кулма ва Қизил Арт 1 600 000 доллари ИМА кӯмаки молиявӣ расонид. Дидбонгоҳҳои сарҳадӣ барои инкишоф додани тиҷорати байни Тоҷикистон, Хитой ва Қирғизистон мусоидат мекунанд.

 

Сафир Гросс баъд аз дидори минтақаи тиҷорати озод  дар Ишкошим ва сохтмони иншоотҳои гумрукӣ дар Кулма, ки аз тарафи Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида маблағгузорӣ карда мешавад, гуфт: “Мо ба кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар гирифтани пеши роҳи интиқоли маводи мухаддир аз Осиёи Миёна баҳои баланд медиҳем. Бо нақшасозӣ ва ҳамкорӣ сарҳад на танҳо бехатар мешавад, балки барои тиҷорат ва, умедворем, ҳамчунин ба туризм кушода мешавад.

 

Сафир дар Хоруғ ва Мурғоб бо иштирокчиёни барномаҳои табодулии Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида вохӯрд. Дар Хоруғ сафир бо 12 нафар иштирокчиён дар "Гӯшаи Амрикоӣ" хӯроки нисфирӯзӣ хурд ва бо онҳо ниёзҳои ҷавонони ВМКБ-ро мулоҳиза намуд. Ҳамаи онҳо ғолибони барномаҳои таҳсилии кушод ва рақобатии ИМА буданд. Дар Мурғоб сафир бо аввалин иштироккунандагони барномаи FLEX аз ҳамин шаҳр, ки ҳар дуяшон ба наздикӣ аз барномаи табодулии яксолаи таҳсилӣ баргаштанд, хӯроки нисфирӯзӣ хурд.

 

Ин ду ғолиб, талабаҳои мактабҳои миёнаи рақами 1 ва 14-и шаҳри Мурғоб дар оилаҳои қабулкунанда дар Калифорния ва Мичиган зиндагӣ мекарданд ва дар мактабҳои амрикоӣ таҳсил медиданд. Рӯзи дигар сафир зиёда аз 100 китоб ба муаллимон ва талабагони мактабҳои рақами 1 ва 14 барои сайқал додани омӯзиши забони англисӣ ва ҳунари пешвоӣ тақдим кард.

 

“Ба мушкилотҳои муҳити атроф ва вазъи иқтисодӣ нигоҳ накарда, талабагон ва муаллимони Мурғоб дар омӯзиши забони англисӣ сабақ мебаранд. Мо умедворем, ки донишҷӯёни бештаре дар ин ва дигар барномаҳои Ҳукумати ИМА иштирок мекунанд ва мо нақша дорем, ки барномаҳои фарҳангӣ ва таҳсилиро дар ВМКБ зиёд намоем,” - қайд намуд сафир Гросс.

 

Ҳамчунин сафир Гросс барномаи касбии техникиро дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ зиёрат кард, ки қисман аз тарафи Барномаи касбӣ – техникии умумиҷаҳонӣ ва Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ шудааст. Бо кӯмаки Ҳукумати ИМА барнома барои дохил кардани модулҳои забони англисӣ, технологияи иттилоотӣ, муҳосибот ва тарҷума тавсеа дода шуд. Ҳукумати ИМА зиёда аз 250 000 доллари ИМА барои бартарии имконияти иқтисодии тоҷикон ва афғонҳо бо истифода аз курсҳои амалии ҳунаромӯзӣ маблағгузорӣ намуд.

 

Дар охири сафар сафир Гросс кайд намуд: “Ин сафар ба ман имконоти зиёд барои ҳамкории байни Ҳукумати ИМА ва мардуми ВМКБ нишон дод. Ҳоло ман иттилооти бештаре оид ба мушкилоте, ки мардум рӯ ба рӯ аст, дорам ва ман интизори давоми пешрафти ҳамкорӣ ҳастам, ки ба табодули фарҳангии зиёдтаре, беҳзистии иқтисодӣ ва бехатарии сарҳад мусоидат мекунад.”  

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2767-2010-07-26-14-01-17.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ