08:26:20 29-уми Июни 2025 сол

ҲУШДОРИ МИРЗОХӮҶА АҲМАДОВ АЛАЙҲИ ҲАР ГУНА ИҚДОМИ ПУЛИС

Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони пешини мухолифон, мегӯяд, ки агар давлат алайҳи вай ва тарафдоронаш иқдоме анҷом диҳад, онҳо барои ҳимоят аз худ силоҳ ба даст хоҳанд гирифт. Ҳафтаи гузашта Вазири умури дохилаи Тоҷикистон эълом кард, ки парвандаи қатли Олег Захарченко, фармондеҳи ОМОН ё нерӯи вижаи пулиси ин кишвар, ки дар моҳи феврали соли 2008 дар ноҳияи Рашт кушта шуд, дубора аз сӯйи додситонӣ таҳқиқ мешавад.

 

Мақомоти собиқи ин вазоратхона Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҷонибдоронашро дар қатли оқои Захарченко мазнун медонистанд, ҳарчанд ин фармондеҳи собиқи мухолифин ин иттиҳомро рад мекунад. Мирзохӯҷа Аҳмадов рӯзи сешанбеи 27 июл дар сӯҳбате телефунӣ бо Би-би-сӣ гуфт, ки вай ва тарафдоронаш аз изҳори назари вазири умури дохила огоҳанд. Вале ӯ афзуд: "То ҳол касе ба суроғи мо наомадааст. Вале агар ҳатто даъват карданд, мо нахоҳем рафт. Агар сари мо омаданд, ночор мешавем барои муҳофизат аз худ силоҳ ба даст бигирем."

 

Ба гуфтаи оқои Аҳмадов, 2 октябри соли 2008 дар мулоқоти вай ва ҷонибдоронаш бо Президент Раҳмон тавофуқ шуда буд, ки онҳо халъи силоҳ мешаванд ва раиси ҷумҳур онҳоро афв мекунад. Вай афзуд: "Он замон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон эълом карда буд, ки "ба гузашта саловот" ва куллияи кормандон мавриди афв қарор мегиранд."

 

Баъд аз имзои созишномаи сулҳи Тоҷикистон дар соли 1997 ва то замони дидори оқои Раҳмон бо Мирзохӯҷа Аҳмадов, вай раёсати бахши мубориза бо ҷароими созмонёфта дар минтақаи Рашт, дар шарқи Тоҷикистонро, бар ӯҳда дошт. Вале баъд аз ин суханони Президент Раҳмон вай ва ҳафт нафар аз ҷонибдоронаш аз симатҳои худ дар вазорати умури дохила барканор шуданд.

 

Пеш аз ин, дар минтақаи Рашт, ки аз маҳаллоти аслии даргириҳо дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон маҳсуб мешуд, мушкилоте миёни афроди вобаста ба мухолифони собиқ ва ниҳодҳои давлатӣ мушоҳида мешуд ва аз номи ин афрод умдатан Мирзохӯҷа Аҳмадов сӯҳбат мекард.

 

Ду сол қабл, соҳибназарон тасмими Президент Раҳмон дар мавриди афви оқои Аҳмадов ва ҷонибдоронашро гоме муассир барои ҳалли ихтилофот ва халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар минтақаи Рашт арзёбӣ карда буданд. Ҳарчанд баъд аз ин тавофуқ низ бархе аз мақомоти давлатӣ барои баррасии муҷаддади қазияи Мирзохӯҷа Аҳмадов талошҳое анҷом дода буданд.

 

Аз ҷумла, Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли собиқи Тоҷикистон, соле қабл дар як нишасти матбуъотӣ эълом карда буд, ки ҳарчанд таҳқиқи парвандаи қатли Олег Захарченко ба таълиқ дароварда шуда, вале афроди мазнун дар қатли вай дер ё зуд боздошт хоҳанд шуд.

 

 

Чунин изҳори назар боъис шуд, ки соли гузашта Мирзохӯҷа Аҳмадов бо номаи саргушодае ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон муроҷиъа кунад ва нигаронии худ ва ҷонибдоронашро дар ин маврид изҳор кунад. Вале муроҷиъатномаи вай бепосух монд. Ҳамакнун, оқои Аҳмадов мегӯяд вай ва ҳамроҳонаш машғули умури кишоварзӣ ҳастанд ва намехоҳанд дубора вориди сиёсат шаванд.

 

Вай гуфт: "Мо аз рӯзгори худ шукр мекунем ва хостори он ҳастем, ки гузоранд зиндагии осудаи худро идома диҳем. Вале агар тасмим бигиранд, ки алайҳи мо иқдоме анҷом шавад, ночор мешавем дубора силоҳ ба даст бигирем."

 

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи соҳибназарон, Мирзохӯҷа Аҳмадов соле қабл, замоне ки дар шарқи Тоҷикистон амалиёт алайҳи гурӯҳи Мирзо Зиёев ва ҷонибдоронаш сурат мегирифт, дар ин амалиёт мудохила накард. Дар пайи ин амалиёт худи Мирзо Зиёев ва чанд тан аз аъзои дигари мухолифони пешини давлат кушта ва даҳҳо нафари дигар боздошт шуданд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2776-2010-07-27-11-35-22.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ