БОЗДОШТИ ДИГАРБОРАИ ВАГОНҲО ДАР УЗБАКИСТОН
Вазорати нақлиёт ва алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, Узбакистон аз нав ба банд кардани вагонҳои Тоҷикистон оғоз намуда, дар зарфи як ҳафтаи ахир ягон вагони ҳомили молу колоро иҷозаи вуруд ба қаламрави Тоҷикистон надодааст. Атохоҷа Мирзоҷалолов, масъули дафтари матбуотии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, ба радиои Озодӣ гуфт, тайи ин рӯзҳо дар қаламрави кишвари ҳамсоя 1200 вагони ҳомили озуқа, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ дар банд мондааст.
Ин вагонҳо интизор мерафт ба самти Душанбе ва вилояти Хатлон ворид мешуданд. Ширкати «Роҳи оҳани»-и Тоҷикистон дар пайи ин қазия зимни як нома аз ширкати роҳи оҳани Узбакистон шарҳ хостааст, вале мақомоти кишвари ҳамсоя то ҳол посух надодаанд.
Боздошти дубораи қаторҳои Тоҷикистон дар ҳолест, ки як ҳафта қабл ҷониби Узбакистон эълон кард, сабаби дигаре барои манъи ҳаракати вагонҳои Тоҷикистон вуҷуд надорад ва онҳоро ба тадриҷ раҳо хоҳад кард. Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон низ гуфта буд, ки бо мақомоти Узбакистон дар масъалаи вагонҳои боздоштшуда ба мувофиқа расидаанд.
Нопадид шудани бори вагонҳои Тоҷикистон
Атохоҷа Мирзоҷалолов, сухангӯи дафтари матбуоти Вазорати нақлиёт ва алоқаи Тоҷикистон, мегӯяд, муддате ҳам ки вагонҳои Тоҷикистонро иҷозаи вуруд медоданд, бору колои вагонҳо бо камбудӣ вориди Тоҷикистон мешуд. Соҳибкорон вақте ки вагонҳои худро боз мекунанд, ё бор гум шудааст, ё бо хисорот ворид шудааст.
Ин вазъият соҳибкоронро ҳам нигарон намудааст. Бо вуҷуди муроҷиатҳои пай дар пай ва пешинҳод намудани санадҳо дар мавриди навъи бори вагон, вале ҳеҷ вокуниш дарёфт карда намешавад. Ба сурати умум бо пеш омадани чунин вазъият 11 иллион доллар хисорот аз беназми ва бебандуборӣ дар вуруди вагонҳои ҳомили молу коло ба Тоҷикистон зиён расонида шудааст.
Узбакистон ним сол боз дар ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон монеа эҷод мекунад. Дар оғоз Тошканд сабаби боздошти вагонҳоро ба корҳои таъмирӣ дар роҳи оҳан рабт медод. Вале дертар раисиҷумҳури ин кишвар Ислом Каримов ҳини мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон ошкор эълон кард, ки то анҷоми таҳқиқи байнулмилалии тарҳи нерӯгоҳи Роғун ба вагонҳои марбут ба Роғун иҷозаи убур нахоҳад дод.
Вале ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти кишвари ҳамсоя на танҳо вагонҳои ҳомили масолеҳи сохтмонӣ, балки садҳо вагони пур аз озуқа ва сӯзишвориро низ раҳо намекунанд. Ба гуфтаи мақомоти роҳи оҳан, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, танҳо ҳамин ширкат ҳудуди 10 милион доллар ба далели роҳбандии Узбакистон хисорот дидааст.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2780-2010-07-28-05-53-02.html