"ИНФИҶОРИ ХУҶАНД ЯК ҲАМЛАИ ИНТИҲОРӢ БУД"
Инфиҷоре шадид дар як сохтмони пулис дар шаҳри Хуҷанд, дар шимоли Тоҷикистон, мунҷар ба захмӣ шудани дастикам 25 маъмури пулис шудааст. Тибқи иттилои шоҳидони айнӣ, ин ҳодиса соати 8-и субҳ дар бинои бахши мубориза бо ҷароими созмонёфтаи пулиси Тоҷикистон дар вилояти Суғд рух додааст. Вазорати кишвари Тоҷикистон дар баёнияе расмӣ иттилоъ дод, ки ин рӯйдод як ҳамлаи интиҳорӣ буда ва шахс ё шахсони муҳоҷим эҳтимолан пайрави Ҳаракати исломии Ӯзбакистон будаанд.
Муҳаммадҷон Нарзиев, як масъули дафтари матбуотии Вазорати кишвари Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфт: "Ҳангоми ба ҳудуди бинои маъмурии шӯъбаи минтақаии пулис ворид шудани ду мошини хидматӣ, ногаҳон як худрави "Газ-24" бо суръати баланд дарвозаро зада, ба саҳни ҳавлӣ ворид шуд ва таркид."
Вай афзуд, ки дар асари ин ҳодиса дастикам 25 маъмури пулис ҷароҳатҳои мухталифе бардоштаанд. Бархе аз онҳо ёрии аввалия гирифта ва бархи дигар ба бемористонҳои шаҳри Хуҷанд интиқол дода шудаанд. Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Asia-Plus аз кушта шудани беш аз 15 нафар ва захмӣ шудани ҳудуди 30 маъмури пулис хабар додааст. Ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, сохтмони пулис сахт осеб дида ва оташнишонон дар маҳалли ҳодиса машғули оташнишонӣ будаанд.
Аммо ба гуфтаи Муҳаммадҷон Нарзиев, аз талафот дар миёни кормандони пулис ҳануз ҳеч иттилоъе дар даст нест. Муҳоҷимони нишаста дар мошини мунфаҷиршуда, ки шуморашон маълум нест, кушта шудаанд ва "аз онҳо ҳеч асаре намондааст." Ба ин далел шумори онҳо дақиқ нашудааст.
Вазорати кишвари Тоҷикистон мегӯяд, ки ин ҳодиса эҳтимолан дар иртибот бо боздошти панҷ нафар аз мазнунон ба қатли Ҳомидҷон Каримов, раиси собиқи бозори Исфара ва узви маҷлиси ин шаҳр, рух додааст. Оқои Нарзиев гуфт: "Бо ин кор онҳо (эҳтимолан) ҳадаф доштанд ба ҳаракатҳои тафтишотӣ доир ба санҷиши нишондодҳои гумонбаршудагон халал расонда ва панҷ боздоштшударо аз ҷавобгарӣ гурезонанд."
Ҳомидҷон Каримов, аз афроди бонуфуз дар Исфара, шаби 30 ба 31 август дар назди хонаи хоҳараш пас аз як зиёфати ифтор ба зарби 17 гулӯлаи Калашников кушта шуд. Ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, ниҳодҳои интизомӣ дар гузашта алайҳи Ҳомидҷон Каримов парванда боз карда буданд. Вай ба ҳамроҳии гурӯҳе аз наздиконаш ба лату кӯби се сокини Исфара дар моҳи майи соли 2006 муттаҳам шуда буд ва то ин авохир дар хориҷ аз кишвар ба сар мебурд.
Аз сӯйи дигар, Ҳомидҷон Каримов бо Низомхон Ҷӯраев, узви собиқи маҷлиси вилояти Суғд ва раиси корхонаи шимиёии Исфара, ки ахиран дар Маскав боздошт шуд, ихтилофоти ҷиддие доштааст. Ба ин далел, бархе аз соҳибназарон иртиботи ду ҳодисаро бо ҳам баъид намедонанд.
Таъсиси кумисиюни вижа
Дар ҳамин ҳол, бо дастури раиси ҷумҳурии Тоҷикистон кумисиюни вижае ба раҳбарии Амирқул Азимов, дабири шӯрои амнияти ин кишвар барои таҳқиқи ин ҳодиса таъсис шудааст. Ба ин кумисиюн муъовинони ҳамаи ниҳодҳои интизомию амниятӣ шомил ҳастанд ва онҳо ба маҳалли ҳодиса худро расондаанд.
Алишер Охунов, хабарнигори маҳаллӣ, мегӯяд, ки маҳалли ҳодиса аз сӯйи маъмурони пулис муҳосира шуда ва маъмурони пулис аз вуруди хабарнигорон ба маҳалли ҳодиса монеъ шудаанд. Ҳамчунин, гузориш шуда, ки чанд хабарнигорро маъмурон ба идораи пулис бурдаанд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки миқдори зиёди омбулонсҳо (мошинҳои ёрии таъҷилӣ) машғули интиқоли осебдидагони ин ҳодиса ба бемористон ҳастанд.
Шиддати инфиҷор, ба гуфтаи онҳо, то ҳадде буда, ки лошаҳои утумубиле, ки дар маҳалли ҳодиса будааст, то сад метр дуртар аз бинои пулис пайдо шудаанд. Зимнан, сохтмони бахши ҷароими созмонёфтаи пулис дар вилояти Суғд дар канори Сирдарё ва пуле, ки ду қисмати маркази вилояти Суғдро ба ҳам мепайвандад, воқеъ аст. Дар гузашта дар ин сохтмон ҳамчунин чанд утоқи боздошти муваққат ҳам мавҷуд буд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3037-q-----q.html