ҲАМЛА БА ПОСГОҲҲОИ ВАЗОРАТИ ДИФОЪ ДАР РОМИТ
Таъқиби зиндониёни фирорӣ дар дараи Ромит то ҳол натиҷае дар пай надоштааст. Зимни таъйиди ин хабар, як манбаъи баландпояи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, ки барои боздошти ин афрод ба Ромит нерӯҳои изофӣ эъзом шудаанд. Шаби гузашта миёни афроди номаълум ва низомиён дар минтақаи Ромит даргириҳое сурат гирифта, аммо ҳеч фирорие ҳануз дастгир нашудааст. Ин манбаъ гуфт: "Агар ба боздошти нафари дигаре муваффақ мешудем, шуморо базудӣ огоҳ мекардем."
Ба гуфтаи вай, рӯзи панҷшанбе, баъд аз боздошти Иброҳим Насриддинов дар ноҳияи Ваҳдат чанд нафар тавонистаанд аз муҳосираи нерӯҳои интизомӣ берун оянд. Оқои Насриддинов, ки телевизиюнҳои давлатии Тоҷикистон шаби гузашта тасвири ӯро нишон доданд, яке аз мубтакирони фирори зиндониён дар шаби 22 ба 23 авугст аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон муаррифӣ шудааст.
Ба гуфтаи манобеи пулис, имшаб як гурӯҳи номаълуми мусаллаҳ ба посгоҳҳои Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар дараи Ромит ҳамлаи мусаллаҳона анҷом додаанд. Ин даргирии мусаллаҳона аз соати 12 шаб то соати чаҳори субҳ идома доштааст. Тибқи иттилои манобеи интизомӣ, теъдоди низомиён дар ин посгоҳҳо андак буда ва ба далели набуди иртибот онҳо натавонистаанд сареъан дархости ёрӣ кунанд.
Ба гуфтаи манобеи пулис, ба далоили амниятӣ дар маҳалли даргирӣ иртиботи мобилӣ қатъ шуда буд. Субҳи имрӯз вазорати умури дохили ба ин минтақа нерӯи изофӣ эъзом кардааст. Вале дар бораи афроди кушташуда ва ё захмишуда дар ин даргириҳо то ҳол иттилое нарасидааст. Таъкид мешавад силоҳбадастон, ки ба эҳтимоли зиёд бархе аз зиндониёни фирорӣ ҳастанд, маҳалли даргириро тарк карда ва аз тариқи кӯҳҳои Ромит ба самти шимоли кишвар ҳаракат мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки амалиёти боздошти фирориён дар куллияи манотиқи Тоҷикистон идома дорад ва ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, танҳо дар роҳи утумубилрави Душанбе-Хуҷанд беш аз 15 посгоҳи пулис таъсис шудааст. То замони фирори зиндониён дар ин масир танҳо 3 посгоҳ вуҷуд дошт.
Аз сӯйи дигар, инфиҷор дар сохтмони бахши мубориза бо ҷароими созмонёфта дар шаҳри Хуҷанд, ки субҳи рӯзи ҷумъа рух дод, ба гумоназаниҳое дар мавриди ташаннуҷи авзоъ дар шимоли Тоҷикистон ва иртиботи эҳтимолии ин ду ҳодиса доман задааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3038-2010-09-03-09-12-20.html