23:40:00 22-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/06_helicopter_2147_2'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/06_helicopter_2147_2'

ДАР РАШТ ЯК ЧАРХБОЛИ НЕРӮҲОИ ДАВЛАТӢ СУҚУТ КАРД

Нерӯҳои давлатӣ дар Рашт як чархболи низомиро аз даст додаанд. Маркази матбуъотии Горди миллии Тоҷикистон хабар доданд, ки ин ҳодиса зуҳри рӯзи чаҳоршанбеи 6 октябр дар минтақаи Рашт рух додааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар пайи ин ҳодиса чаҳор халабони ин чархбол кушта ва се нафар аз кормандони фаннӣ ҷароҳатҳо бардоштаанд ва ба бемористон мунтақил шудаанд. Манобеъи Горди миллии Тоҷикистон аз ироаи ҷузъиёти дигари ин ҳодиса худдорӣ карданд.

 

Ин манбаъ фақат гуфтанд, ки суқути ин чархбол ба далели навоқиси фаннӣ сурат гирфита ва ҳоло таҳқиқи ин ҳодиса оғоз шудааст. Вале соҳибназарон баъид намедонанд, ки эҳтимол дорад ин чархболи Горди миллии Тоҷикистон дар пайи ҳамлаи силоҳбадастон суқут кардааст. Ин дар ҳолест, ки аз 19 сентябр ба ин сӯ дар минтақаи Рашт амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи силоҳбадастоне, ки ба комюнҳои Вазорати дифоъи Тоҷикистон ҳамла карданд, идома дорад. Дар пайи ин ҳодиса дастикам 26 низомии тоҷик кушта шуд.

 

Шоми дирӯз маркази матбуъотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар доданд, ки дар даргириҳои рӯзҳои ахир дар шарқи ин кишвар ҳафт нафар аз силоҳбадастон кушта шудаанд. Ҳамзамон аз кушта шудани се маъмури пулис низ хабар дода шуд. Ҳарчанд, манобеъи мустақил теъдоди кушташудашудагони нерӯҳои давлатиро бештар аз ин рақам арзёбӣ карданд.

 

Дар поёни ҳафтаи гузашта расонаҳои гурӯҳӣ бо истинод ба манобеъи давлатӣ аз фуруди изтирории як чархболи низомӣ дар маҳалли даргириҳо хабар доданд. Вале маркази матбуъотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ин хабарро рад кард.

 

Ин дар ҳолест, ки нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва ниҳодҳои дигари қудратии ин кишвар миқдори андаке аз чархболҳои низомӣ дар ихтиёр доранд. Аз ҷумла, гуфта мешуд, ки Горди миллии Тоҷикистон танҳо ду чархбол дошт. Дар авохири даҳаи 1990 низ як чархболи Горди миллӣ суқут карда буд. Вазорати дифоъ ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон низ чанд фарванд чархбол дар ихтиёр доранд, ки бештаре аз онҳо умдатан борбар маҳсуб мешаванд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3295-2010-10-06-06-57-00.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ