02:02:44 23-уми Майи 2025 сол

"БЕШ АЗ 20 НАФАР ДАР СУҚУТИ ЧАРХБОЛ КУШТА ШУДААНД"

Манобеъи амниятии Тоҷикистон мегӯянд дар суқути як чархболи низомӣ дар водии Рашт беш аз 20 нафар аз нерӯҳои вижаи амниятӣ кушта шудаанд. Қаблан маркази матбуъотии Горди миллии Тоҷикистон хабар дода буд, ки ин ҳодиса субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 6 октябр дар минтақаи Рашт рух додааст. Аммо ин манбаъ гуфта буд, ки дар ин ҳодиса чаҳор халабони ин чархбол кушта ва се нафар аз кормандони фаннӣ ҷароҳат бардошта ва ба бемористон мунтақил шудаанд.

 

Манобеъи Горди Миллӣ ҳамчунин гуфта буданд, ки ин чархбол дар наздикии фурӯдгоҳи шаҳраки Ғарм ба ҳангоми фурӯд омадан "эҳтимолан ба далоили фаннӣ" суқут кардааст. Ҳамакнун, як манбаъи амниятӣ дар суҳбат бо Би-би-сӣ таъйид кард, ки талафоти ин ҳодиса беш аз 20 нафарро ташкил медиҳад ва афроди кушташуда умдатан нерӯҳои гурӯҳи "Алфа"-и кумитаи амнияти миллӣ ҳастанд, ҳарчанд ин хабар ба таври расмӣ таъйид нашудааст.

 

Ин манбаъ афзуд, ки теъдоде аз сарнишинони ин чархбол зинда монда ва ба Душанбе интиқол дода мешаванд. Қаблан манобеъи Горди миллии Тоҷикистон гуфта буданд, ки суқути ин чархбол ба далели навоқиси фаннӣ сурат гирифта ва ҳоло кумисиюни вижае ба таҳқиқи ин ҳодиса машғул аст. Водии Рашт як минтақаи кӯҳистонӣ дар шарқи Тоҷикистон аст, ки дар он ҷо тайи ҳафтаҳои ахир даргириҳо байни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳое аз афроди мусаллаҳи мухолифи давлат идома дорад.

 

Нерӯҳои Горди миллии Тоҷикистон ҳамроҳ бо нерӯҳои амниятӣ, пулис ва вазорати дифоъ амалиёте густарда алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолиф дар ин минтақа анҷом медиҳанд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, бархе аз соҳибназарон баъид намедонанд, ки чархболи нагуншудаи Горди миллии Тоҷикистон ҳадафи ҳамлаи пайкорҷӯёни мухолифи давлат қарор гирифта бошад.

 

Рӯзи 19 сентябр сутуне аз комюнҳои Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар дараи Камароб мавриди ҳамлаи пайкорҷӯён қарор гирифт, ки дар ин ҳодиса дастикам 26 низомии тоҷик кушта шуданд. Шоми рӯзи сешанбе маркази матбуъотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар даргириҳои рӯзҳои ахир дар шарқи ин кишвар ҳафт нафар аз пайкорҷӯён кушта шудаанд.

 

Ин ниҳод ҳамзамон аз кушта шудани се маъмури пулис хабар дод. Ҳарчанд, манобеъи мустақил шумори талафот аз миёни нерӯҳои давлатиро беш аз ин рақам хондаанд. Дар поёни ҳафтаи гузашта расонаҳо дар истинод ба манобеъи давлатӣ аз фуруди изтирории як чархболи низомӣ дар маҳалли даргириҳо хабар доданд. Вале маркази матбуъотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ин хабарро рад кард.

 

Гуфта мешавад теъдоди чархболҳои низомӣ, ки нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва ниҳодҳои дигари қудратии ин кишвар дар ихтиёр доранд, чандон зиёд нест. Дар авохири даҳаи 1990 низ як чархболи Горди миллии Тоҷикистон суқут карда буд. Вазорати дифоъ ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон низ чанд фарванд чархбол дар ихтиёр доранд, ки бештари онҳо умдатан борбар маҳсуб мешаванд.

 

ДАР РАШТ ЯК ЧАРХБОЛИ НЕРӮҲОИ ДАВЛАТӢ СУҚУТ КАРД

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3297-q--20------q.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ