14:47:07 27-уми Июни 2025 сол

КРИМИНАЛИСТҲОИ ТОҶИК СОҲИБИ ТАҶҲИЗОТИ ПЕШРАФТА ШУДАНД

Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи ҳуқуқи Сафоратхонаи ИМА ба Шӯъбаи криминалистикаи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Тоҷикистон лабораторияи аккосӣ ва ду стереомикроскопи аз ҷиҳати техникӣ пуркувватро тақдим кард. Маблағи умумии таҷҳизот 26 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

 

tajhizotИн ҳадя ба баланд бардоштани сатҳи тавонмандии Шӯъбаи криминалистикаи ВКД ҶТ барои таҳқиқ ва коркарди мушаххаси далелҳову ашёҳо дар ҷои содир шудани ҷиноят равона шудааст. Ин ҳадя яке аз лоиҳаҳои зиёде мебошад, ки  аз сӯи сафорати ИМА татбиқ шуда истодааст. Шӯъбаи назорати  маводи мухаддир ва ҳифзи ҳуқуқи Сафоратхонаи ИМА  аз соли 2005 то имрӯз зиёда аз 15 миллион доллари ИМА-ро барои омӯзонидан, таҷҳизонидан ва дастгирии оҷонсиҳои мухталифи қудратӣ ва ҳифзи амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст.

 

 Аз соли 1993  ба ин тараф мардуми Амрико барои рушди иқтисод, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва амнияти Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 900 миллион доллар кӯмак расондааст.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3937-2010-12-20-18-58-51.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ