14:57:11 08-уми Июни 2025 сол

КУШТА ШУДАНИ ЯК ҶАВОН ДАР ХОРУҒ ДАР ОСТОНАИ СОЛИ НАВ

Дар остонаи соли нави милодӣ дар беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ ҷавонмарде, ки аз зарби корд ҷароҳатҳои сангин бардошта буд, ҷон дод. Он гуна, ки саргурд (майор) Дороб Доробов, як корманди масъули Раёсати умури дохилии вилояти кӯҳистонии Бадахшон, хабар дод, Далер Ниятбеков, ҷавоне 28-сола, шоми 31 декабр сахт маҷрӯҳ шуда ва ба бемористон мунтақил шуда буд.

 

knife_crimeПулис ба иттиҳоми қатли вай Каюн Раҳмихудоев, як сокини дигари шаҳри Хоруғро, боздошт кардааст. Ба гуфтаи манобеъи пулис, ин фард бо Далер Ниятбеков шаби 30 ба 31 декабр "муштбагиребон" шуда ва тахтапушти ӯро бо корд захмӣ кардааст. Ба гуфтаи оқои Доробов, азбаски хуни оқои Ниятбеков бисёр рафта буд, пизишкон натавонистаанд ӯро наҷот диҳанд. Тавре ки саргурд Доробов хабар дод, ин ҳодиса бар пояи хусумати шахсӣ рух дода аз ҷанги дастбагиребони ин ду тан истифода аз силоҳи сардро ба дунбол доштааст.

 

Тавре ки аз Раёсати умури дохилии вилоят хабар доданд, дар мавриди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқикот идома дорад. Фарди муттаҳам ба қатли Далер Ниятбеков аз ҷониби кормандони пулис дастгир шуда ва дар боздоштгоҳи пулиси вилоят нигоҳ дошта мешавад. Гуфта мешавад, Далер Ниятбеков корманди Анҷумани боркашонҳои байналмилалии Тоҷикистон, мавсум ба АББАТ, буда ва Каюн Раҳмихудоев фарде бекор будааст. Хусумати онҳо баъд аз он ки боре мошинҳои ин ду нафар бо ҳам тасодум карданд, шурӯъ шудааст.

 

Дар ҳамин ҳол, Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар ду шабонарӯзи ахир ҳеч мавриди иртикоби қатл дар саросари ин кишвар сабт нашудааст. Ба гуфтаи вай, ҷашни соли нав дар саросари Тоҷикистон дар фазои орому осуда сипарӣ шуда ва танҳо як мавриди оташсӯзӣ дар ноҳияи Ховалинг, ки аз беэҳтиётӣ сурат гирифта, гузориш шудааст. Дар тӯли панҷ моҳи ахир ин севумин задухӯрд миёни ҷавонони шаҳри Хоруғ бо истифода аз силоҳҳои сард ва оташфишон аст.

 

Дар натиҷаи ҷанҷоле гурӯҳӣ, ки панҷ моҳ пеш рух дода буд, ду нафар аз сокинони маҳаллӣ аз тири худкори Калашников сахт маҷрӯҳ шуда буданд. Дар задухӯрди дигаре, ки моҳи сентябри соли 2010 рух дод, Алидод Худобахшови 26-сола, як сокини дигари шаҳри Хоруғ, аз зарби корд ба ҳалокат расида ва ду нафари дигар сахт маҷрӯҳ шуда буданд. Омилони ин ҷароим боздошт шудаанд ва таҳқиқи ин ҳаводис то ба ҳол идома дорад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4031-2011-01-02-09-16-05.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854