МУҲОКИМАИ ДОДГОҲИИ 8 УЗВИ ҲИЗБУТАҲРИР
Пас аз як таваққуфи кӯтоҳ, баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати ҳашт нафар, ки ба узвият дар Ҳизбутаҳрир муттаҳам дониста мешавад, дар додгоҳи шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон аз сар гирифта шуд. Ин афрод барои барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ, айбдор дониста мешаванд.
Ба ин тартиб дар курсии муҳокимаи додгоҳӣ Юсуфҷон Ҳафизов, Камолхон Салоҳиддинов, Собирҷон Абдулҳомидов, Давлатёр Қурбонов, Толиб Нуров, Соли Раҳмонов, Алиҷон Юсуфов ва Абдураҳмон Каримов, сокинони шаҳрҳои Хуҷанду Бобоҷон Ғафуров ва Душанбе, ноҳияҳои Ҳисору Рӯдакӣ ва Мӯъминобод қарор гирифтаанд, ки синни онҳо аз 26 то 43 солро ташкил медиҳад. Парвандаи муқаддамотии ин афрод аз сӯи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бозрасӣ шуда ва моҳи гузашта барои муҳокима ба додгоҳи шаҳри Душанбе фиристода шуда буд.
Он гуна, ки пайвандони муттаҳамони парванда мегӯянд, боздошти Юсуфҷон Ҳафизов ва Камолхон Салоҳиддинов дар наздикии бозори маҳаллаи мавсум ба Водонассоси шаҳри Душанбе, ки гӯё қасди таркондани нерӯгоҳи Роғунро доштаанд, боиси дастгир кардани бақияи шаш тани дигар аз ин гурӯҳ шудааст.
Ҳарчанд таҳқиқи муқаддамотӣ ин афродро дар узвият ба Ҳизбуттаҳрир, як созмони ифротии мамнӯъ дар Тоҷикистон муттаҳам медонад, аммо пайвандони онҳо мегӯянд, ки онҳо гуноҳе надоранд, балки ҷавононе ҳастанд, ки бар иловаи он ки намозхонанд, ба кору зиндагии худ машғул будаанд.
Ин дар ҳолест, ки чанд тан аз инҳо дар гузашта ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Ҳизбутаҳрир муҷрим шинохта шуда ва зиндонӣ будаанд. Дар ҳамин ҳол дар сурати собит шудани иттиҳоми ворида ба ин 8 нафар, бар асоси қонуни ҷиноии Тоҷикистон, онҳо аз 10 то 12 сол равонаи зиндон хоҳанд шуд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4055---8--.html