ПАРВАНДА БАРОИ МУХОЛИФАТ БО "РОҒУН"
Додситони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ҳафтае қабл алайҳи Абдусаттор Бобоев, як сокини ин ноҳия, барои "таблиғот алайҳи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ба иттилоъи дафтари матбуъоти Раёсати умури дохилаи вилояти Суғд, Абдусаттор Бобоев расман бар асоси моддаи 189 (қисми 1) Қонуни кайфарии Тоҷикистон ба "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ" муттаҳам шудааст.
Ба гуфтаи манобеъи пулис, вай дар давоми моҳҳои май ва июни соли 2010 дар байни намозгузорони масҷиди панҷвақтаи ба номи "Ҳазрати Алӣ", воқеъ дар ҷамоъати Алиеви ноҳияи Зафаробод "ба барангехтани кинаю адовати миллӣ ва маҳалгароӣ машғул шуда, дар байни омма, яъне намозгузорони масҷиди мазкур шаъну эътибори шаҳрвандони Тоҷикистонро паст задааст."
Ин манобеъ гуфтанд: "Вай чанд маротиба ва мунтазам зикр кардааст, ки сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон ҷихати сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" нодуруст буда, боъиси сар задани муносибатҳои тезу тунди Ӯзбакистон бо Тоҷикистон гардидааст."
Гуфта мешавад, пулис ба Абдусаттор Бобоев дастур додааст, ки аз маҳалли зисташ берун наравад ва таҳқиқи парвандаи ӯ идома дорад. Соле қабл давлати Тоҷикистон панҷ милюн саҳмияҳои нерӯгоҳи "Роғун"-ро интишор дода ва корзори густардаеро барои фурӯши он дар байни мардум ба роҳ андохт. Гузоришҳо ҳокист, ки сокинони ин кишвар ба маблағи ҳудуди 180 милюн дулор саҳоми ин нерӯгоҳро харидорӣ кардаанд. Вале таблиғот ва фурӯши ин саҳмияҳо танҳо баъд аз ҳушдори созмонҳои молии байналмилалӣ, аз ҷумла Сандуқи Байналмилалии Пул, ба таъвиқ дароварда шуд.
Азсаргириии сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” дар Тоҷикистон мӯҷиби норизоятии кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон шудааст. Ӯзбакистон ҳамвора иддаъо кардааст, ки бунёди ин нерӯгоҳ арсаи кишоварзӣ ва муҳити зисти минтақаро таҳдид мекунад. Давлати Тоҷикистон ҳамвора ин иддаъоро рад карда ва коршиносони байналмиллалиро барои таҳқиқи ҷавониби мухталифи тарҳи нерӯгоҳи “Роғун”, аз ҷумла масоили марбут ба муҳити зисти ин тарҳ, ҷалб кардааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4058-----qq.html