19:02:58 08-уми Июни 2025 сол

ИДОМАИ АМАЛИЁТ АЛАЙҲИ ГУРӮҲИ МУЛЛО АБДУЛЛО ДАР РАШТ

Вазорати кишвари Тоҷикистон мегӯяд, ки макони будубоши эҳтимолии Абдулло Раҳимов, аз раҳбарони гурӯҳҳои пайкорҷӯи мухолифи давлат дар минтақаи Рашт, мушаххас шудааст.

 

goversnaipersСухангӯйи ин вазорат мегӯяд, ки бар асоси таҳқиқоти муқаддамотии кормандони интизомӣ, Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба “Мулло Абдулло”, дар минтақаи Рашт аст ва амалиёти нерӯҳои интизомӣ барои боздошти вай идома дорад. Маҳмадуллоҳ Асадуллоев рӯзи панҷшанбеи 6 январ ба Би-би-сӣ гуфт: "Дар ин амалиёти муштарак якҷо бо кормандони пулис кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳастанд ва бархе аз фармондеҳони мухолифини пешин низ бо кормандони интизомӣ ҳамкорӣ мекунанд."

 

Оқои Асадуллоев аз ироаи ҷузъиёти ин амалиёт худдорӣ кард. Пештар Олимҷон Одилов, яке аз наздикони Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи собиқи мухолифон, гуфт, ки гурӯҳи онҳо дар таъқиби пайкорҷӯён бо нерӯҳои давлатӣ ҳамкорӣ мекунад.

 

Амалиёт дар деҳаи Руноб

Рӯзи сешанбе Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълом кард, ки Аловиддин Давлатов, раҳбари пайкорҷӯёни мухолифи давлат, дар амалиёте дар деҳаи Руноб бо ҳафт тан аз тарафдоронаш кушта шуда ва як нафар аз онҳо дастгир шудааст. Мақомоти Тоҷикистон ин гурӯҳ ва гурӯҳҳои вобаста ба Мулло Абдулло, аз раҳбарони мухолифон дар замони ҷанги дохилиро, ба анҷоми фаъолиятҳои теруристӣ ва ҳамкорӣ бо Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон, як гурӯҳи муртабит бо Алқоъида, муттаҳам кардаанд.

 

Мулло Абдулло, ки чандин сол аз ӯ ному нишоне набуд, нахуст дар тобистони соли 2009 дар иртибот бо ҳаводиси Тавилдара, дар шарқи Тоҷикистон, дубора номаш сари забонҳо уфтод. Дар ҷараёни ин ҳаводис Мирзо Зиёев, вазири собиқи умури изтирорӣ ва аз фармондеҳони мухолифони собиқ, кушта шуд. Тақрибан баъд аз як сол дубора сару садоҳое аз ҳузури Мулло Абдулло дар минтақаи Рашт - минтақае, ки дар замони ҷанги дохилии солҳои 1992-97 пойгоҳи аслии мухолифони исломгарои давлат маҳсуб мешуд, ба миён омад.

 

Амалиёти ахири нерӯҳои давлатӣ дар минтақаи Рашт баъд аз ҳамлаи гурӯҳе мусаллаҳ ба комюнҳои вазорати дифоъ дар 19 сентябр оғоз шуд. Дар ин ҳамла дастикам 28 нафар низомӣ кушта шуданд. Давлати Тоҷикистон гурӯҳҳои вобаста ба Алии Бедакӣ ва Абдулло Раҳимов, муллақаб ба Мулло Абудуллоро омилони аслии ин ҳамла дониста ва алайҳи онҳо амалиёти густардаеро оғоз кард. Ҳамакнун, ҳарчанд мақомот аз кушта шудани Алии Бедакӣ ва чанде аз тарафдоронаш хабар доданд, вале то кунун аз макони будубоши Мулло Абдулло ва тарафдорони вай хабаре нест.

 

Оё субот ба кишвар баргаштааст?

Ба ақидаи иддае аз коршиносон, анҷоми амалиёт ва нобуд кардани пайкорҷӯён дар водии Рашт амнияти нисбиеро ба Тоҷикистон бозхоҳад гардонд. Иддаи дигаре аз соҳибаназарон мӯътақиданд, ки аз миён бурдани пайкорҷӯён танҳо омили таъмини субот ва амният дар ин кишвар нахоҳад буд.

 

oynihal babanazarovaОйниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос, мегӯяд, ки давлат қабл аз ҳама бояд сатҳи зиндагии мардум, бавижа дар водии Раштро, ки яке аз манотиқи фақири Тоҷикистон аст, беҳбуд бахшад. Хонуми Бобоназарова афзуд: “Мусалламан, баъд аз амалиёти низомӣ то як дараҷа осоиштагӣ дар ин минтақа ба даст хоҳад омад. Вале давлат қабл аз ҳама бояд барои ҷавонон дар ин минтақа ҷойи кори доимӣ ва маъоши хубро таъмин кунад. Яъне дар баробари мубориза бо ҷинояткорӣ зиндагии мардумро бояд беҳбуд бахшид.”

 

Аз сӯйи дигар, бисёре аз коршиносони сиёсӣ мавҷудияти Мулло Абдуллоҳ дар Тоҷикистонро зери суол мебаранд. Ба гуфтаи онҳо, дар гузашта чандин бор мақомот аз кушта шудани Мулло Абдуллоҳ дар Афғонистон хабар дода буданд. Ин дар ҳолест, ки ба бовари бархе аз манобеъи маҳаллӣ, Мулло Абдулло дигар дар қаламрави ноҳияи Рашт набуда ва баъд аз кушта шудани Алии Бедакӣ аз ин минтақа ба самти Ромит ё Ваҳдат фирор кардааст, ҳарчанд ин хабар низ расман таъйид нашудааст.

 

Нуралии Давлат, таҳлилгари масоили сиёсӣ, имкони дар оянда низ ба Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ва созмонҳои дигари теруристӣ ва ифротгаро пайвастани ҷавонон дар Тоҷикистонро баъид намедонад. Ба бовари вай, фақр ва камбизоъатӣ дар Тоҷикистон заминаи ифротгароиро фароҳам мекунад.

 

Оқои Давлат мегӯяд: "Мушкили ҷалби ҷавонон ба созмонҳои ифротгаро дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳони севум вуҷуд дорад. Ман фикр мекунам то замоне ки дар Тоҷикистон 60 дар сади мардум қишри миёнаҳолро ташкил надиҳанд, харидани ҷавонон ва мағзшӯйии онҳо аз ҷониби ҷинояткорон вуҷуд хоҳад дошт."

 

Ба ақидаи ин соҳибназар, аз ин созмонҳо ва гурӯҳҳои ифротгаро бархе аз кишварҳои бузурги ҷаҳон ҳимояти молӣ мекунанд ва бо нобуд кардани як созмон ва ё иддае аз ифротгароён, кишварҳои ҳомии терурисм ба таъсиси созмонҳои ҷадид даст мезананд.

 

"Боз як АлӢ пайдо мешавад"

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси дигар, мегӯяд, ки дар гузашта Алии Бедакӣ ба унвони ҷангҷӯй барои ҷомеъаи Тоҷикистон маълум набуд ва дар даврони ҷанги дохилӣ низ фарди ношиносе буд. Вале ба гуфтаи вай, ба сабаби мушкилоти мухталифи иҷтимоъӣ дар шарқи ин кишвар дар солҳои ахир исми Алии Бедакӣ дар ин минтақа баромад ва вай дар миёни мардум ба унвони як терурист шинохта шуд.

 

Оқои Муллоҷонов меафзояд: "То замоне ки мушкилоти иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ дар минтақа ҳал нашавад, фарди дигаре ба монанди Алии Бедакӣ пайдо мешавад ва сипас, боз вай шӯҳратёр мешавад ва ӯро дар кӯҳистон ҷустуҷӯй хоҳем кард."

 

Бештари коршиносони масоили иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки то замони даргириҳои ахир бисёре аз сокинони водии Рашт аз мушкилоти зиёди иқтисодии мавҷуд дар ин водӣ сухан мегуфтанд, вале мақомот таваҷҷӯҳи кофӣ ба ин нигарониҳо надоштанд. Дар ҳамин ҳол, бархе аз гурӯҳҳо ва афроди ҷудогона аз идомаи амалиёт дар водии Рашт ибрози нигаронӣ кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, имкон дорад давлат бо баҳонаи "мубориза бо теруристон" бисёре аз афроди мухолифро, ки бо сиёсатҳои Президент Раҳмон мувофиқ нестанд, саркӯб кунад.

 

Дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар минтақаи Рашт, ки тайи беш аз се моҳи ахир идома дорад, мақомот аз боздошт ва кушта шудани беш аз 20 тан аз пайкорҷӯён хабар доданд. Талафоти нерӯҳои давлатӣ низ дар маҷмӯъ беш аз шаст нафар арзёбӣ мешавад. Дар мавриди талафоти нерӯҳҳои давлатӣ дар чаҳор рӯзи ахир омори дақиқе вуҷуд надорад. Аммо ба гуфтаи бархе аз афроди огоҳ дар амалиёти деҳаи Руноб иддае аз нерӯҳои давлатӣ ҷонҳои худро аз даст дода ва бархе низ захмӣ шудаанд, ҳарчанд ин хабар расман таъйид нашудааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4079-2011-01-06-15-14-59.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854