ШИКОЯТИ АҚРАБОИ ЖЕНЕРОЛ МИРЗОЕВ БА СММ
Наздикони Ғаффор Мирзоев, яке аз мақомҳои баландпояи собиқи Тоҷикистон гуфтаанд Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал номаи шикоятии онҳро дарёфт кардааст. Дар ин нома наздикони женерол Мирзоев, ки маҳкум ба ҳабси абад аст, хостори баррасии дубора ва мунсифонаи парвандаи ӯ шуда буданд.
Дар соли 2006 Додгоҳи Олии Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи пешини Горди раёсати ҷумҳурӣ ва раиси Ожонси назорат бар маводди мухаддири ин кишварро ба иттиҳом талош дар кудато, убури ғайриқонунӣ аз марз, сӯиистифодда аз мақоми хидматӣ ва куштор ба ҳабси абад маҳкум карда буд. Ба гуфтаи Бузург Ёров, вакили мудофеъи женерол Ғаффор Мирзоев, пас аз муроҷиа ба ниҳодҳои қазоии Тоҷикистон ва қонеъ нашудан аз посух ба дархостҳои худ ду соле қабл наздикони женерол Мирзоев ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ дар шаҳри Женев шикоят бурданд.
Оқои Ёров гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба он ки дар ин ниҳод теъдоди кормандон танҳо 18 нафар буда ва миқдори шикоёт хеле зиёданд, мумкин аст номаи пайвандони Ғаффор Мирзоев дар зарфи аз 2 то 3 соли оянда баррасӣ шавад. Ҳамзамон, ӯ таъкид кард, ки Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ ҳаққи фишор овардан ба давлати Тоҷикистонро надошта ва танҳо тавсияю пешниҳодоти худро мабнӣ ба қазияҳои баррасишуда ироъа хоҳад кард. Тоҷикистон, ки ба Кунвенсиюни Байналмилалии Ҳуқуқи Башар пайваста ва барои дифоъ аз ҳуқуқи башар тааҳҳудотеро ба ӯҳда гирифтааст, бояд барои иҷрои ин пешниҳодот талош кунад.
Аз сӯйи дигар, Зулфиқор Замонов, муъовини раиси Идораи ҳуқуқи башари Тоҷикистон таъкид кард, то ҳол дар Тоҷикистон меконизми иҷрои тавсияҳо ва пешниҳодоти Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ вуҷуд надорад. Ба гуфтаи оқои Замонов, ин ниҳод метавонад аз Додгоҳи Олии Тоҷикистон даъват кунад, ки қазияҳо дубора ва мунсифона баррасӣ шавад ё системи қазоии кишвар ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардад.
Зимнан, дар авохири соли гузашта сойти маъруфи Wikileaks зимни ифшои номаҳои маҳрамонаи сафири Омрико дар Тоҷикистон матлабе дар мавриди женерол Ғаффор Мирзоевро мунташир карда буд. Аз ҷумла, рӯзномаи Telegraph-и Бритониё ба истинод ба асноди Wikileaks навишта буд: “Иёлоти Муттаҳидаи Омрико аз Президент Раҳмонов хост, то женерол Ғаффор Мирзоев, раиси Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистонро барканор кунад ва ӯ ин тақозоро иҷро кард.
Зеро имкон дошт женерол Мирзоев ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов таҳдид кунад”. Рӯзнома менависад, ин нукта дар гузориши сафири Омрико дар Тоҷикистон ба Вазорати хориҷаи ин кишвар дар соли 2005 таъкид шудааст. Дар номаи Ричард Ҳугланд, сафири Омрико дар Тоҷикистон, ки Wickileaks онро мунташир кардааст, омадааст “Раҳмон тавзеҳ додааст, ки Маскав неруҳои марзбонашро барои омода сохтани табаддулот алайҳи ӯ дар ҳамкорӣ бо Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи Горди раёсати ҷумҳурӣ истифода мекардааст”.
Бино ба гузориши оқои Ҳугланд, “оқои Раҳмон гуфтааст, Русия хостори хуруҷи неруҳояш аз Тоҷикистон набуд, танҳо замоне ки женерол Мирзоев барканор шуд, Владимир Путин ночор аз тарҳи табаддулот даст кашида ва ба хуруҷи марзбонони рус аз марзҳои ҷанбуии Тоҷикистон розӣ шудааст”.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4142-2011-01-13-14-44-39.html