КӮМАКИ ҲУКУМАТИ ИМА БА ОМӮЗГОРОНИ ТОҶИКИСТОН
Сафири ИМА дар Тоҷикистон Кен Гросс бо мақсади вохӯрӣ ва мулоқот бо масъулини соҳаи маориф ва омӯзгороне, ки дар курсҳои омӯзишии аз ҷониби ҳукумати ИМА тавассути Лоиҳаи таълими босифати (ЛТБ) Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID/QLP) дастгирӣ мешаванд, ба ноҳияи Вахш сафар кард.
Дар ин давр зиёда аз 500 нафар омӯзгорони математика ва забони тоҷикии мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна аз 36 мактаби ноҳияҳои Вахш, Ашт ва Исфара ба курсҳои такмили ихтисос бо мақсади омӯзиш ва ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим дар фаъолияти худ фаро гирифта мешаванд. Дарсҳо аз тарафи кормандони Донишкадаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятии такмили ихтисоси омӯзгорон бо дастгирии кормандони ЛТБ ва тренерҳои варзида гузаронида мешавад.
Дар ҷараёни сафар сафир Кен Гросс иброз намуд, ки «Иёолоти Муттаҳида бо камоли хушнудӣ ба фаъолияти шумо ҷиҳати инкишофи насли оянда ёрӣ мерасонад. Нисфи аҳолии Тоҷикистон аз ҷавонони то синни 19-сола иборат аст. Онҳо бояд таълиму тарбияи хуб гирифта, чун шаҳрвандони фаъол ба рушди иқтисоди кишвари худ саҳмгузор ба воя расанд».
Курсҳои омӯзишӣ барои ин гурӯҳи омӯзгорон моҳи августи соли 2010 оғоз гардида, омӯзгорон консепсияҳои умумии педагогӣ ва усулу муносибати навро ба таълиму омӯзиш аз худ намуданд. Лоиҳаи таълими босифати Агентии рушди байналмилалии ИМА ба Донишкадаи ҷумҳуриявӣ ва минтақавии такмили ихтисоси омӯзгорон дар таҳия ва таҷдиди назар намудани барномаҳои таълимӣ ва гузаронидани курсҳои такмили ихтисос, ки аслан барои банақшагирии дарсҳо, таълими ба хонандагон нигаронидашуда, омӯзиши интерактивӣ, усулҳои нави арзёбӣ, ташаккули сатҳи баланди фикрронӣ, ҳамчунин ҳалли мушкилот, таҷлил ва баҳодиҳӣ равона гардидаанд, кӯмак расонд.
Таълиме, ки ба хонандагон дода мешавад, худ ин як муносибати муосири инноватсионӣ ба таълиму омӯзиш мебошад, ки дар он хонандагон шунавандаи ғайрифаъол набуда, худ дар раванди омӯзиш фаъолият нишон медиҳанд. Ин усул эҳтиёҷот, қобилият ва шавқу рағбати инфиродии хонандагонро ба инобат гирифта, онҳоро ба изҳор намудани фикру ақидаҳои худ дар ҷараёни таълим ҳидоят мекунад. Фаъолияти гурӯҳӣ, мубоҳисаҳо ва робитаи мутақобилаи хонанда-омӯзгор муҳити фаъолеро ба вуҷуд меоранд, ки дар он хонанда барои натиҷаҳои омӯзиши худ масъул буда, ба муҳити синф бештар алоқаманд аст.
Ин усулҳо қобилияти эҷодкорӣ, сарварӣ ва ташаббускориро, ки ба хонандагон барои муваффақ шудан дар ҷойи кор кӯмак мерасонанд, рушду ишкишоф медиҳанд. То имрӯз USAID/QLP зиёда аз 1500 нафар омӯзгор ва 100 нафар директори мактабҳоро бо таълиму омӯзиши муосир фаро гирифтааст. Илова бар ин, USAID/QLP ба 100 нафар директори мактаб омӯзиши роҳбарии педагогӣ ва менеҷменти молиявӣ ва ба 50 нафар намояндагони донишкадаҳои марказӣ ва вилоятии такмили ихтисоси омӯзгорон омӯзишҳоро оиди усулҳои нави таълим ва омӯзиш гузаронидааст.
Лоиҳаи USAID таълими босифат яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмаки мардуми Амрико мебошад, ки тавассути USAID ба мардуми Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Аз соли 1992 инҷониб, мардуми Амрико тақрибан дар ҷаъми 900 миллион доллар ба барномаҳое, ки ба соҳаҳои маориф, ниҳодҳои демократӣ, тандурустӣ ва рушди иқтисоди Тоҷикистон кӯмак мерасонанд, маблағгузорӣ намудааст.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4148-2011-01-13-17-58-54.html